Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони "Корвон" мегӯянд, дар дуроҳа монданд. ВИДЕО


Гуруҳе аз тоҷирони "Корвон" гуфтанд, ки арзиши ҷой, пардохти ҳаррӯза ва ҳаққи посбонҳо дар бозори калонтарини Душанбе афзуда, онҳоро бо мушкил дучор кардааст. Мудири бозор тасдиқ кард, ки арзиши хадамот тағийр ёфт, вале мегӯяд, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

"Чек 2 сомонӣ буд, 6 сомонӣ шуд"

Раҳима Шарипова дар бозори "Корвон" ба тиҷорати либос машғул аст. Вай рӯзи 12-уми апрел гуфт, ки дар гузашта, бар иловаи пули иҷора, барои чаҳор метр нуқтаи савдояш ҳар рӯз 4 сомонӣ мепардохт, акнун 6,5 сомонӣ медиҳад.

Ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ номае расид, ки муаллифи он иддао дошт, аз якуми апрели имсол арзиши аксар хидматрасониҳо дар бозори "Корвон" ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Дар нома аз ҷумла омадааст, "чеки бозор 2 сомонӣ буд, ҳоло 6 сомонӣ шудааст. Ҳаққи муҳофизон аз 35 сомонии пешина ба 80 сомонӣ расидааст."

Ҳалима Мавлонова
Ҳалима Мавлонова

Чанде аз ҳамсуҳбатони мо дар миёни тоҷирон афзудани хароҷотро тасдиқ карданд, аммо барои пеш наомадани мушкил аз суҳбати ошкоро худдорӣ вразиданд. Ҳалима Мавлонова, мудири бозори "Корвон", ҳарчанд шикояти тоҷиронро беасос хонд, тасдиқ кард, ки барои боло бурдани пули иҷора нархмонаи нав таҳия кардаанд, вале феълан мавриди амал қарор нагирифтааст.

Ӯ рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Корвон" феълан дар ҳоли бозсозӣ аст ва то анҷоми он нархномаи нав амалӣ нахоҳад шуд. Интизор меравад, азнавсозии бозор соли 2023 ба поён расад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Бозори "Корвон" навсозӣ мешавад, вале...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Харҷи азнавсозии бозор?

Намояндагони "Корвон" гуфтанд, ба сабаби харҷҳое, ки дар раванди азнавсозии бозор доштанд, ночор нархи иҷораро боло бурдаанд. Баъзе аз тоҷирон таъкид карданд, ки дар ҷараёни азнавсозии бозор саҳми худро гузоштанд. Мудири бозор гуфт, касеро маҷбур накарда буданд.

Дар нархномаи нави бозори "Корвон", ки аллакай мақомоти Хадамоти зиддимонополӣ ба он ризоят додаанд, иҷораи як метр ҷой аз 20 то 50 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Арзиши иҷора вобаста ба ҷойгиршавии дӯкони тоҷирон аст. Масъулони бозор гуфтанд, дӯконҳои қатори якум гаронтар аст, чун савдо дар он ҷо нисбат ба қаторҳои дувуму сеюм беҳтар аст.

Бозори "Корвон"
Бозори "Корвон"

Дар нархномаи пешинаи бозор, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, арзиши иҷора барои як метр аз 12 то 36 сомонӣ муайян шудааст.

Аммо чанде аз тоҷирон гуфтанд, барои иҷораи як метр аз 50 сомонӣ бештар пардохт мекунанд. Дар посух ба ин ҳарфи тоҷирон, Ҳалима Мавлонова, мудири "Корвон" гуфт, "баъзе соҳибкорон нуқтаҳои савдои худро бо маблағи бештар ба каси дигар ба иҷора медиҳанд. Пас аз азнавсозӣ пеши роҳи чунин ҳолатро мегирем."

"Савдо суст аст, корро бас мекунем"

Ҳарчанд намояндагони "Корвон" мегӯянд, дар шароити ҳозира вазъи соҳибкоронро дарк намуда, ба сари онҳо фишор намеоранд, чанде аз тоҷирон гуфтанд, ин шабу рӯз тиҷораташон бар зарар аст.

"Савдо суст аст. Дар ду моҳи охир аз се то шаш ҳазор сомонӣ зарар дида истодаем. Хароҷот зиёд шуд, ночор нархро боло мебарем. Агар чунин рафтан гирад, маҷбурем, корро бас кунем," – гуфт яке аз тоҷирон, ки нахост номаш бурда шавад.

"Корвон"
"Корвон"

Қабл аз бозсозӣ, бозори "Корвон" дар масоҳати 27 гектар доман паҳн карда буд ва тақрибан ҳашт ҳазор нафар дар он ҷо кор мекарданд. Ин бозор ҳамчунин маҳалли аслии хариди ҳазорон тоҷири дигарест, ки аз инҷо ба ноҳияҳои атроф ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон бор мебаранд.

Дар Тоҷикистон соҳибкорӣ аз бахшҳои асосӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва таъмини буҷаи давлат гуфта мешавад, вале мушкилу монеаҳое ба мисли тафтишҳои зиёду гаронии андозҳо борҳо мавриди нигаронии онҳо шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар 338 ҳазор субъекти соҳибкорӣ сабти ном шуда, дар як сол беш аз 20 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро бас кардаанд.

XS
SM
MD
LG