Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорон ва фарзандони мансабдорони тоҷик дар маҷлисҳои маҳаллӣ чӣ кор мекунанд?


Нуршед Машрабов, молики бозори "Корвон"

Нуршед Машрабов, молики "Корвон", бозори бузургтарини Душанбе, ба мақоми вакили Маҷлиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт номзад шудааст. Маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳарчанд аз баъзе имтиёзҳои пешинаи худ маҳрум шудаанд, ҳанӯз маҳалли ҷамъ омадани соҳибкорон ва фарзандони мансабдорони ҳозираву собиқ ҳастанд.

Нуршед Машрабов, фарзанди Хол Машраб, раиси пешини ноҳияи Рӯдакӣ аст. Вай барои соҳиб шудан ба курсии холишудаи Хуршед Мирзо, ки моҳи апрели имсол муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд, вориди корзори интихоботӣ гардид.

Хуршед Мирзои 37-сола аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, гуфта мешавад ва дар Федератсияи футболи Тоҷикистон солҳо боз муовини ӯст.

Абдураҳим Шоҳиён, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, рӯзи 25-уми октябр гуфт, ки номзадии Нуршед Машрабов бо тасмими ҳизб ва машварат бо ӯ пешбарӣ шуд. Ӯ афзуд, ҳоло номзади ҳизбашон рақиб надорад, вале ҳизбҳои дигар ё шахсони худпешбар барои пешбарии номзадӣ фурсат доранд.

Бозори "Корвон" дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аст ва аз ин рӯ, ба қавли Шоҳиён, "пешбарии номзадии соҳиби бозор ба мақоми вакилӣ мантиқӣ аст".

Аз Аваз Кабиров то Муҳаммад Шералӣ

То ҳашт сол пеш вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ аз дахлнопазирӣ бархӯрдор буданд ва бе ризоияти аксар аъзои маҷлисҳои маҳаллӣ бозҷӯйӣ ва боздошти онҳо манъ буд. Порлумони Тоҷикистон соли 2013 дахлнопазирии вакилони маҳаллиро барҳам дод.

Бо вуҷуди бекор шудани дахлнопазирӣ, талоши соҳиб шудан ба маҷлисҳои маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкорон ва фарзандони мансабдорон кам нашуд. Аз ҷумла,

  • Аваз Кабиров, молики бозори “Султони Кабир”, вакили маҷлиси маҳаллии вилояти Хатлон аст;
  • Дилшод Саидзода, писари Мурод Саидзода, раҳбари муҳофизони президент, ки дар Вазорати молия кор мекунад, ҳамзамон вакили маҷлиси шаҳри Душанбе аст;
  • Муҳаммад Шералӣ, писари вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Душанбе кор мекунад, вакили маҷлиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст.

Инчунин, чанд мансабдори дигари собиқ ва фарзандони онҳоро метавон ном бурд, ки бо кор дар ниҳодҳои дигар ҳамзамон вакили маҷлисҳои маҳаллӣ ҳастанд.

"Маҷлисҳои маҳаллӣ рамзӣ ҳастанд"

Фаромуз Эргашов
Фаромуз Эргашов

Фаромуз Эргашов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки панҷ сол вакили маҷлиси маҳаллӣ дар вилояти Бадахшон буд, мегӯяд, ду сабаб соҳибкорон ва фарзандони мансабдоронро барои соҳиб шудан ба курсии Маҷлисҳои маҳаллӣ ташвиқ мекунад. Ӯ гуфт, фарзандони мансабдорон барои ба зинаҳои баландтар расидан таҷрибаи вакилии худро ҳамчун “трамплин” муҳим медонанд ва соҳибкорон бо шомил шудан дар маҷлисҳои маҳаллӣ худро ба ҳукуматҳо наздиктар мекунанд.

“Барои фарзандони мансабдорон дар тарҷумаи ҳолашон таҷрибаи вакилӣ муҳим аст. Ба хотири боло рафтан дар зинаҳои мансаб. Соҳибкорон худро ба ин васила ба ҳукумат наздик мекунанд ва бо таъсир ба вакилони маҳаллӣ метавонанд, имтиёз низ ба даст оранд”, --гуфт ӯ.

Дар асл, ба гуфтаи Эргашов, маҷлисҳои маҳаллӣ ҳеч таъсири ҷиддӣ дар низоми давлатдорӣ надоранд ва пойбанди ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳастанд. Ба ақидаи мусоҳиби мо, "маҷлисҳои маҳаллӣ рамзӣ баргузор мешаванд ва корашон танҳо ҷомаи қонунӣ пӯшонидан ба қарору тасмимҳои раисони шаҳру навоҳӣ аст."

Абдураҳим Шоҳиён, раиси ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, бо ин ақида розӣ нест ва мегӯяд, аксар вакилон, чӣ дар порлумон ва чӣ маҷлисҳои маҳаллӣ, дар тасмимгириҳо нақши муҳим доранд. “Барои мисол, Нуршед Машрабов соҳиби бозорест, ки дар он ҷо садҳо кас кор мекунад. Вай дарди дили ин қишри аҳолиро хуб медонад. Дар сурати ғолиб шудан дар маҷлиси шаҳрӣ аз ин бахши мардум ҳимоят мекунад”, -- шарҳ дод ӯ.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз мусоҳибони мо мегӯянд, фарзандони мансабдорон ё соҳибкорони шинохта аксаран дар маҷлисҳои маҳаллӣ иштирок намекунанд.

Дар Тоҷикистон дар панҷ сол як бор интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешавад. Интихоботи охир соли 2020 сурат гирифт. То соли 2025 интихоботе дар назар нест ва танҳо дар сурати фавт, боздошт ё ба кори дигар гузаштан шахси дигарро интихоб мекунанд.

Дар интихоботҳои маҳаллӣ ҳеч шӯру шавқе дида намешавад ва аксаран номзадҳо бидуни рақиб ва ё афроди ба ном рақиб дар интихобот иштирок мекунанд. Вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ маош намегиранд ва имтиёзи хос низ надоранд ва танҳо барои тасвиби қарорҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ ширкат мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG