Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "Корвон"-ро аз нав месозанд, мушкилҳои пешина аз байн мераванд? ВИДЕО


Бозори "Корвон"

Дар тарҳи нави "Корвон", бозори калонтарини шаҳри Душанбе, ки дар гузашта борҳо сӯхтааст, ба фанновариҳои амниятӣ ва назоратӣ диққати махсус дода шудааст. Бозсозии "Корвон" аз моҳи марти соли гузашта сар шуда, қарор аст, симо ва назми кори онро комилан дигар кунад.

Дар гузашта бозор чанд бор оташ гирифта, молу колои тоҷирон сӯхтааст. Сӯхтори аз ҳама калон соли 2012 рух дода буд, ки мақомоти интизомӣ сабаби сар задани онро "барқасдона оташ задан" номиданд ва дар он ҳодиса 2250 дӯкон ва 8 ҳазор метри мураббаъ қаламрави бозор ба коми оташ рафт.

Дурбини назоратӣ ва...

Умед Раҳмонов, нозири бозори "Корвон" мегӯяд, "ҳоло дар ҳар як дӯкон ва ҳар як мағоза системаи бехатарӣ аз сӯхтор насб шудааст. Дар сурати сар задани ҳодиса дар дастгоҳи мо хабар мерасад, ки ҳодиса дар кадом қатори бозор аст ва дӯкони чандум. Мо сари вақт бартараф мекунем."

Тибқи тарҳи нав дар ҳар ду тарафи бозори "Корвон" роҳи мошингарду пиёдагузар сохта мешавад. Барои сохтмони роҳи нав дар қисмати шарқии бозор соҳибмулк 78 манзили сокинонро харида, заминро барои бунёди роҳ омода кардааст.

Ҳалима Мавлонова, раиси бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми январ гуфт, "пештар бозори "Корвон" 7 даромадгоҳ дошт. Ҳоло тибқи лоиҳаи нав аз ду тарафи бозор ва ду паҳлӯ 24 дарвоза мешавад. Барои харидорон осон мешавад, ки аз ҳар дарвона даромада, харид кунанд. Даромадгоҳҳо барои ворид шудани мошинҳои оташнишонӣ васеъ карда шудааст."

Бар асоси тарҳ қисмати навшудаи бозор шабонарузӣ назорати видеоӣ мешавад. Танҳо барои назорати қисмати аввал 250 дурбин насб шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Корвон"-ро нав мекунанд, то оташ нагирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Дар гузашта тоҷирон шикоят доштанд

"Пештар шароити кор набуд. Ҳозир маъқул аст. Шахсе, ки ҷойи пешинаи худаш аст, иҷораи давлатро медиҳаду бас, кадоме, ки аз дасти мардум гирад, иҷораи мардумро боз қиматтар медиҳад. Аз мо ҷойҳои худамон аст ва ҳамон нархи пешинаро месупорем", -- гуфт тоҷири бозори "Корвон" Сабоҳат Хайруллоева.

Дар гузашта шикоятҳо шунида мешуд, ки масъулони бозори "Корвон" барои навсозии он аз тоҷирон пул ҷамъ меоранд. Аз ҷумла, гуруҳе аз тоҷирони "Корвон" моҳи феврали соли гузашта иддао карданд, ки маъмурияти бозор барои ҳар метри мураббаъ фурӯшгоҳи онҳо 15 ҳазор сомонӣ талаб дорад.

Раиси бозор ин сару садоҳоро рӯзи 20-уми январ бепоя хонд ва гуфт, "ҳамаи харҷ аз сӯйи соҳибмулк ва даромади бозор аст". Айни замон ягон тоҷири "Корвон" ҳозир нашуд, ки иддаои ҷамъоварии пулро аз соҳибкорон барои таҷдиди бозор тасдиқ кунад.

Бозори "Корвон" дар масоҳати 27 гектар доман паҳн карда, тақрибан 8 ҳазор нафар дар онҷо кор мекунанд. Бозори мазкур ҳамчунин маҳалли аслии хариди ҳазорон тоҷири дигарест, ки аз инҷо ба ноҳияҳои атроф ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон мол бурда мефурӯшанд.

Дар давраи ҳамагирии COVID-19 тиҷорат дар бозор коҳиш ёфтааст.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG