Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 кори соҳибкорони тоҷикро сахттар кардааст. САДО, ВИДЕО


Яке аз бозорҳои Тоҷикистон

Баъзе аз соҳибкорони тоҷик аз зарбаи сахти коронавирус, нокофӣ будани имтиёзу сабукиҳо дар шароити ҳозира ва фазои, ба гуфтаи онҳо, носолим шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, таъсири пандемияи коронавирус ба бахши соҳибкорӣ хоси кишварҳои дигар низ ҳаст ва, дар маҷмуъ, ба бовари онҳо, шароити соҳибкорон дар Тоҷикистон беҳтар шудааст. 14-уми октябр дар Тоҷикистон рӯзи соҳибкорон аст.

Аъзам Аҳруллоев, раиси коргоҳи истеҳсоли пойафзол (Azam), чаҳор сол инҷониб ба соҳибкорӣ машғул аст. Ӯ рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар давраи пандемия фурӯши маҳсулоташ тақрибан 90 дарсад кам шуд.

“Мардум бештар пули худро ба харидани хӯрокворӣ сарф мекарданд, на пойафзол. Кӯшиш кардем, ки тиҷоратро ҳифз кунем. Ба иҷорадеҳ ва сармоягузорон муроҷиат кардем, ки сабукӣ диҳанд. Фурӯши пойафзолҳоро тавассути Интернет ба роҳ мондем. Ҳоло фикр дорем, ки бо омадани зимистон вазъият чӣ гуна мешавад”, -- афзуд соҳибкори тоҷик.

Аҳруллоев барои муаррифии маҳсулоташ пайваста аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунад. Вай гуфт, “пандемияи фарогир нишон дод, ки роҳандозии тиҷорати онлайн барои соҳибкорони мо муҳим аст.”

Мусоҳиби мо айни замон гуфт, ҳарчанд дар давраи пандемияи COVID-19 фоизи андозҳо паст нашуд, аз сӯйи давлат сабукиҳое дар пардохти қарзҳои андоз барои чанд моҳ дода шуд, ки то ҷое барои пешбурди корашон мадад кардааст.

Соҳибкорон мегӯянд, кор дар замони коронавирус мушкилтар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Ҳукумати Тоҷикистон баъди беш аз як моҳи тасдиқи мавҷудияти бемории бемории COVID-19 барои коҳиши таъсири паҳншавии он ба чанд соҳа, аз ҷумла соҳибкорон сабукӣ дод. Муҳлати бархурдор шудан аз сабукиҳо то якуми сентябр пешбинӣ гардида буд. Ҳоло бархе аз коршиносону соҳибкорон бо таваҷҷуҳ ба он ки пандемияи фарогир ҳанӯз идома дорад, татбиқи дубораи сабукиҳоро зарур мешуморанд

Рӯзи 14-уми октябр чанде аз соҳибкорони бозори “Корвон” дар Душанбе гуфтанд, ки дар шароити паҳншавии коронавирус сабукиҳои муваққатӣ нокофӣ буда, барои идомаи корашон ниёз ба имтиёзу сабукиҳои бештар доранд. Баъзе аз ин соҳибкорон таъкид намуданд, ки “шароит ва фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон чандон хуб нест” ва хуруҷи коронавирус корашонро сахттар кардааст.

Дар шароити пандемияи коронавирус соҳибкорони тоҷик сабукӣ талаб мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Чунин шикояти соҳибкорон дар ҳолест, ки Саидаҳтам Халифазода, сардори сарраёсати назорати андоз ё молиёти Кумитаи андози Тоҷикистон, мегӯяд, “бо назардошти шароити имрӯзаи ба амаломада барои бахши соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам шудааст”.

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Ӯ рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, хизматрасониҳоеро ба роҳ мондаанд, ки барои ҳалли мушкили соҳибкорон мусоидат мекунад: “Танҳо тайи ду-се соли охир 40 модули хизматрасониро бо андозсупорандагон роҳандозӣ намудем, ки бе ҳеч мушкил метавонанд аз онҳо истифода баранд. Соҳибкорон бидуни омадан ба мақомот метавонанд аз хизматрасониҳои электронӣ истифода намоянд ва талош дорем дар ин самт боз ҳам беҳбудиҳо шавад”.

Халифазода гуфт, бо ҳадафи пуштибонӣ аз соҳибкорон ҳоло ислоҳи Кодекси андози Тоҷикистон идома дорад, ки ба бовари ӯ “дар он сабукиву имтиёзҳои бештаре барои бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст”.

Сӯҳроб Оймаҳмадов, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, набояд зиёд интизор шуд, ки таҳияи Кодекси нави андоз ба соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд медиҳад: “Чун кишваре ҳастем, ки истеҳсолот дар сатҳи боло нест ва иқтисоди баъзе минтақаҳо аз ҳисоби молиёти ҳамон минтақа вобаста аст.”

Оймаҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, зарбаи пандемияи COVID-19 дар пайи коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон ва аз ин ҳисоб кам шудани тавоноии харидории мардум ба миён омадааст, ки ин омил дар ниҳоят таъсири худро ба истеҳсолкунанда, яъне соҳибкор расонидааст. Барои ҳамин, ба назари ин коршинос, “дар шароити ҳозира барои рушди бахши соҳибкорӣ бояд ба соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои бештар дода шавад.”

Тибқи иттилои расмӣ, дар 6 моҳи аввали имсол ҳудуди 30 ҳазор соҳибкори тоҷик кори худро қатъ намудаанд. Ба иттилои масъулони Кумитаи андоз, таъсири пандемияи коронавирус ва тоб наовардан ба рақобат аз омилҳои қатъи кори соҳибкорон мебошад.

Аммо баъзе аз иқтисоддонҳо барҳам хӯрдани кори соҳибкоронро ба молиёти аз ҳад зиёд, баҳра ё фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, санҷишҳои беасос, инҳисор ё монополия, рақобати носолим дар бахши тиҷорату истеҳсолот ва дигар монеаҳои сунъӣ рабт медиҳанд. Дар Кумитаи андоз гуфтанд, бештар аз омори афроде , ки фаъолияти соҳибкории худро қатъ намуданд, субъектҳои нави соҳибкори ташкил шудааст ва раванди барҳамхӯрии кори соҳибкорон набяд зиёд мояи нигаронӣ бошад.

Феълан дар Тоҷикистон 332 ҳазор соҳибкор дар идораи андоз сабти ном шудаанд, ки бахши аъзами онҳоро соҳибкорони хурду миёна ташкил медиҳанд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG