Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодекси андоз бо баъзе сабукиҳо, вале бе тағйири бунёдӣ "ғафстар" мешавад


Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон.
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, то соли 2021 Кодекси нави андоз такмил ва тасвиб мешавад ва кишвар аз соли нав бо қонуни ҷадиди андоз ба кор шурӯъ мекунад. Рӯзи 13-уми октябр матни Кодекси нави андоз дастраси Радиои Озодӣ шуд. Бар хилофи интизориҳои аксар соҳибкорон ва коршиносон, ки ҷонибдори сода шудани қонуни андоз ҳастанд, тарҳи қонуни нави андоз аз ҳамтои кунунии худ "фарбеҳтар" аст.

Қарор буд, Кодекси нави андоз аз моҳи сентябр ба иҷро дарояд, аммо пандемияи коронавирус ба нақшаи мақомот халал ворид кард ва онро ба таъхир андохтааст. Вале вазъияте, ки беморӣ ва зарурати сабукиҳо барои зинда нигоҳ доштани иқтисод ба миён овард, зоҳиран ба тарҳи нав таъсири андаке доштааст.

Завқибек Шодиён, роҳбари Раёсати сиёсати андози Вазорати молия ва аъзои комиссия оид ба таҳияи Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки дар назди ин вазорат таъсис ёфтааст, рӯзи 13-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, матни Кодекси нав таҳия шудааст ва дар ҳоли такмилшавӣ мебошад.

Ба гуфтаи Шодиён, "лоиҳаи Кодекси нави андоз таҳия шуда, як маротиба барои мувофиқа ба вазорату идораҳо фиристода шуд. Вазорату идораҳо таклифҳои худро пешниҳод карданд. Айни замон лоиҳа дар ҳолати такмилшавӣ аст".

Ин мақоми Вазорати молия афзуд, дар комиссияе, ки машғули таҳияи Кодекси нави андоз аст, коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молӣ ҳам ҳузур доштанд ва фикру мулоҳиза ва тавсияҳои онҳо ба инобат гирифта шуд.

Кодекси нави андоз ғафстар мешавад ...

Матни Кодекси нави андоз равиши андозбандиро содатар накардааст. Он аз 412 модда ва 365 сафҳа иборат аст. Кодекси ҳоло амалкунада 329 модда ва дар 240 саҳифа хулоса шудааст. Аммо бо ин вуҷуд навъҳои андози умумидавлатӣ аз 11 адади кунунӣ то ба 7 адад кам карда шудаанд.

Дар тарҳи қонуни нав ин навъи андозҳо боқӣ мондаанд:

1) андоз аз даромад;

2) андоз аз фоида;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) аксизҳо;

5) андозҳо барои захираҳои табиӣ;

6) андози иҷтимоӣ;

7) андоз аз фурӯш (алюминийи аввалия).

Мизони бархе аз андозҳо низ поин овард шудаанд. Аз ҷумла, мувофиқи тарҳи нав меъёри андози иҷтимоӣ аз 25 дарсади кунунӣ то ба 20 фоиз поин оварда шудааст.

Меъёри Андоз аз арзиши изофашуда (ААИ), ки бинобар гарониаш чанд соли охир соҳибкорону моликони ширкатҳо аз он шикоят мекунанд, аз 18 дарсади кунунӣ то ба 15 фоиз поин оварда шудааст.

Дар тарҳи нав тадриҷан поин бурдани ААИ дар назар аст: соли 2025 андозаи ААИ то ба 14 фоиз ва соли 2030 то ба 13 фоиз поин бурда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз шумори онҳое, ки дар таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим ширкат доранд, мегӯянд, Кумитаи андоз бо тарҳи нави қонун, аз ҷумла кам намудани навъи андозҳо ва меъёри онҳо, ихтисор кардани салоҳиятҳои нозирони андоз дар тафтишу санҷиш розӣ нест ва барои дар ин шакл қабул шудани қонун мухолифат дорад.

Қисмати дигари идораҳои блоки иқтисодӣ аз ҷумла Вазорати иқтисод ва савдо, Кумитаи сармоягузорӣ ва Вазорати саноат низ, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, аз ин тарҳ ҷонибдорӣ мекунанд.

Ҳанӯз маълум нест, дар ин мубориза кадом ҷониб ғолиб меояд, аммо Ҳоким Расулов, соҳибкори собиқадор, ки айни замон мушовири чанд ширкат аст, мегӯяд, агар меъёрҳои андоз ин бор ҳам ба соҳибкорон сабукӣ наорад, Тоҷикистон шонси бузурги ислоҳоти ҳаётан муҳимро аз даст медиҳад.

"Ҳоло, то ҷое медонам, созмонҳои байналмилалӣ моиланд тарҳи ислоҳоти қонуни андозро дастгирӣ кунанд. Аз сӯи дигар, шароити буҳроне, ки COVID-19 ба вуҷуд овард, барои гузаронидани ислоҳот фурсати хуб аст. Кумитаи андоз агар бо ин ислоҳот мухолиф аст, эҳтимол манфиатҳои идориашро дунбол мекунад. Аммо ин ҷо бояд манфиатҳои хусусиро канор гузошта, рӯи манфиатҳои умумимиллӣ ва дарозмуддат бояд андеша кард",-иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони огоҳи Радиои Озодӣ, созмонҳои байналмилалӣ аз тарҳи нави Кодекси андоз ҷонибдорӣ мекунанд ва аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, дар сурати қабул шудани Кодекси нав ба Тоҷикистон то 50 миллион доллар сармоя медиҳад. Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз ба суолҳои Радиои Озодӣ дар ин робита посух надодааст. Масъулони ҳукумат ҷонибдории созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳониро аз ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон истиқбол мекунанд, аммо, мегӯянд, ҳанӯз ҳаҷми кумак мушаххас нашудааст.

Завқибек Шодиён, сардори Раёсати сиёсати андози Вазорати молияи Тоҷикистон дар ин робита гуфт: “Созмонҳои байналмилалии молӣ дар раванди маъмурикунонии андоз бояд кӯмаки молиявӣ расонанд. Чунки татбиқи Кодекси нав, маъмурикунонии он хароҷоти зиёдеро дар пай дорад. Эҳтимол созмонҳои байналмилалӣ ин равандро дастгирӣ кунанд. Барои хариди барномаҳои пешрафтаи компютерӣ, ки барои табиқи ин қонуни нав, маблағҳои калон зарур мешавад".

Аммо Шодиён гуфт, ҳанӯз ҳаҷм ва шакли кумак маълум нест.

Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шуда, шаш сол инҷониб корбаст мешавад ва бинобар сарбориҳои гаронаш рӯи соҳибкорон мавриди танқид қарор дорад.

XS
SM
MD
LG