Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксу изи ангушти тоҷирони "Корвон"-ро мегиранд. Тафтиши саросарӣ, чаро? ВИДЕО


Беш аз як ҳафта боз дар "Корвон", бозори бузургтарини Душанбе, маъракаи гирифтани изи ангушт ва тафтиши санадҳои соҳибкоронро ба роҳ мондаанд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, "ин иқдом ба хотири чораҳои бештари амниятӣ гирифта шудааст", вале шарҳ надоданд, ки аз чӣ нигарон ҳастанд. Тоҷирон мегӯянд, далели рафтори мақомотро намедонанд.

Гирифтани изи ангушти тоҷирон ва санҷиши ҳуҷҷати соҳибкории онҳо баъд аз як моҳи ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи манобеъ, як тоҷири собиқи бозор ба он пайванд дошт, вале мақомот дар ин бора чизе нагуфтанд.

Чанде аз тоҷирон рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маъмурияти бозор танҳо огоҳ кардааст, ки бояд изи ангуштро сабт кунанд ва нусхаи ҳуҷҷатҳои соҳибкориро пешниҳод намоянд.

Пайрав Мирзомадов, тоҷири "Корвон", мегӯяд, "дақиқ нагуфтанд, ин корро бо чӣ ҳадаф сурат мегирад. Чанд рӯз пеш изи ангушт супоридам, аммо пеш аз он бояд дар намояндагии "Амонатбонк" дар бозор 6 сомонӣ бидиҳед. Патентро ҳам пешниҳод кардем."

Ҳалима Файзиева, мудири бозори “Корвон”, дар суҳбати рӯ ба рӯ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, набояд тоҷирон нигарон шаванд. Ӯ гуфт, “ин на санҷиш, балки як кори маъмулист”. Барои сабти изи ангушт дар дарвозаи сеюми “Корвон” як нуқтаи вижа кушода шудааст, ки тоҷирон ба навбат омада, дар ҳузури кормандони мақомот изи ангушти худро сабт менамоянд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, “ҳар тоҷире, ки исбот кунад пештар изи ангушт ва санадҳои дигарро ба мақомот додааст, ҳоҷати аз нав гузаштанаш нест.” Ҳоло сокинони Тоҷикистон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ва шиносномаҳои пластикии дохилӣ изи ангушт месупоранд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ афзуд, дақиқ намедонад, ки чунин иқдом дар бозорҳои дигар низ мегузарад, ё не.

Чанде аз масъулони бозорҳои дигари Душанбе низ аз вуҷуди чунин иқдом изҳори бехабарӣ карданд. Саидвалӣ Сабзаев, мудири бозори “Саховат”, рӯзи 9-уми декабр гуфт, аз тоҷирони бозори онҳо из ангушт нагирифтаанд ва санадҳоро низ тафтиш накардаанд.

Дар ҳоле ки мақомот анҷоми ин иқдомро зарурӣ меҳисобанд, бархе аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, ҳамагуна чораҳои амниятӣ набояд ҳуқуқи сокинонро поймол кунад. Шокирҷони Ҳаким, доктори илми ҳуқуқ, рӯзи 9-уми декабр гуфт, кӯшиши ҷамъ кардани маълумоти иловагӣ дар бораи шаҳрванд халалдор намудани дахлнопазирии шахсият аст.

“Дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбута бисёр ҳолатҳо танзим шудаанд, ки бо истифода аз он дар бораи шахс маълумот дастрас кардан мушкил надорад. Гузашта аз ин, қабл аз роҳандозии ин иқдом бояд санади расмӣ дар ҷойҳои намоён ба таври шаффоф овезон бошад”, -- гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тоҷирони бозори "Корвон"-и Душанбе изи ангушт месупоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Вай афзуд, мубориза ба зуҳуроти номатлуб набояд манбаи дигари дарёфти пул аз тоҷирон табдил ёбад. Манзури ҳуқуқшинос пардохти 6 сомонӣ ба бонки давлатӣ аст, ки ҳангоми гирифтани изи ангушт тоҷирон пардохт мекунанд.

Масъулони бозори “Корвон” мегӯянд, панҷ сол пеш мақомот танҳо изи ангушти шаҳрвандони хориҷиро, ки дар бозор фаъолият доштанд, гирифта буданд. Ҳоло дар баробари изи ангушт, акси тоҷирон, ному насаб, ҷойи зист, макони таваллуд, иҷозаи фаъолият, шартномаи соҳибкорӣ ва шумораи телефони онҳо сабт карда мешавад.

Ба иттилои масъулон, дар бозори “Корвон” 2 ҳазору 800 тоҷир ва дар “Корвон сити” ҳудуди 5 ҳазор нафар кор мекунанд. Айни замон як масъули бозори “Корвон” гуфт, ҳоло ба кор қабул кардани ҳар нафар дар бозор дар мувофиқа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат мегирад.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG