Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори сахти зани аробакаш, ки ба танҳоӣ тарбияи 4 кӯдакро бар уҳда дорад. ВИДЕО


Саломат Раҷабова мегӯяд, ки чаҳор фарзанд дорад. Хурдияш панҷмоҳа аст
Саломат Раҷабова мегӯяд, ки чаҳор фарзанд дорад. Хурдияш панҷмоҳа аст

Саломат Раҷабова, сокини 34-солаи шаҳри Душанбе, барои рӯзгузаронӣ коғазу зарфҳои пластикӣ ҷамъ меорад. Як сол пеш аз шавҳараш ҷудо шудааст. Писар ва се духтар дорад. Онҳоро низ барои ҷамъ овардани коғазу зарфҳои пластикӣ бо худ мебарад.

Ба Саломат Раҷабова писари 9-солааш, ки дар ҷое таҳсил намекунад, ёрӣ мерасонад. Духтаронаш ҳанӯз хурданд ва дар як гӯшаи ароба бозӣ кардаву хоб мераванд.

"Аз шавҳари аввалам бо як писар ва дар пайи муноқишаҳои оилавӣ ҷудо шудем. Шавҳари дувумам мехост, писар ба дунё орам. Таваллуди Фотимаву Зуҳро муносибати моро сард кард. Боз ҳомила шудам. Ташхис тифли батнамро духтар нишон дод. Ҳамсари дувумам аз ман ҷудо шуд," -- нақл кард Саломат Раҷабова.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Кӯдакони зани аробакаш дар ароба зиндагонӣ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Рӯзи якуми декабри имсол мудири бозори "Корвон" иҷоза надод, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ кори ин занро дар дохили бозор ба навор бигиранд. Ӯ дар онҷо зарфу коғазҳои партофтаи савдогаронро ҷамъ мекунад. Масъулони бе ягон шарҳ гуфтанд, раҳбарашон барои наворгирӣ розӣ нашудааст.

Баъзе аз атрофиён Саломатро маломат мекунанд, ки кӯдаконашро ҳамроҳи худ мегирад, аммо баъзеи дигар барои ин кораш аз ӯ ситоиш мекунанд.

Худи ӯ гуфт: "Мегӯянд, кӯдаконашро ҳамроҳ мегирад, то раҳми ягон кас биояду пул диҳад. Дар асл чунин нест. Агар кӯдаконро ба ягон парастор диҳам, бояд ҳаққи нигоҳубин ва шири хушкро бидиҳам. Ин харҷ аст ва ман ин қадар пул кор намекунам. Бино бар ин, дар даруни ароба бо мегирам. Аз тарафи дигар, хотирам ҷамъ аст."

Саломат Раҷабова
Саломат Раҷабова

Миёни издиҳоми мошинҳо ва равуои зиёди сокинон модар ҳамроҳи Фотимаву Зуҳрои сесола ва духтари 5-моҳааш гоҳе ба хатар рӯ ба рӯ мешаванд. Садоҳои баланд баъзан кӯдаконро аз хоб бедор карда, кори модарро мушкилтар мегардонанд. Гоҳе ба як даст духтари хурдияш ва бо дасти дигар ароба меронаду зарфҳои пластикро ҷамъ меорад.

Ҳаракату гиряи кӯдакон болои ароба зиёд ба назар намерасид ва бештар вақт хомӯш ва хоб буданд. Ба қавли модар, кӯдакон ба кори ӯ одат кардаанд: "Гоҳе гиря мекунанд, вале дар умум ба вазъ омӯхта шудаанд. Хоб мераванд. Дар хона шикамашонро сер карда, баъд ба кор мебароям. Дар берун медонанд, ки кор мекунам, азият намедиҳанд."

Як гӯшаи ароба ҷои бозӣ ва хоби кӯдакон шудааст
Як гӯшаи ароба ҷои бозӣ ва хоби кӯдакон шудааст

Кори модари чаҳор фарзанд ҳамарӯза аз нисфирӯзӣ оғоз мешавад. Саломат Раҷабова мегӯяд, “саҳар ҳаво хунук аст ва савдогарон низ зарфҳои пластикиву селофан ва қуттиҳояшонро дертар мепартоянд.”

Ӯ ашёро аввал дар як ҷой ҷамъ оварда, сипас ба навъҳо ҷудо мекунад ва барои фурӯш ба маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе мебарад. Мегӯяд, кораш осон нест: "15-20 рӯз ҷамъ мекунам, баъд мефурӯшам. 300-400 сомонӣ ва гоҳе то 500 сомонӣ мешавад. Ин маблағ танҳо ба хӯрок ва пули иҷораи хона мерасад.”

Ин зан дар яке аз маҳаллаҳои канори Душанбе, дар як ҳуҷраи хурде иҷора менишинад. Соҳиби хона аз ӯ хостааст, ки манзилро холӣ кунад, аммо бо сард шудани ҳаво кораш душвортар ва аз сӯи дигар дарёфти ҳуҷраи дигар низ мушкилтар шудааст.

Пайвандонаш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Ба нақли ӯ, модараш бознишаста буда, се хоҳар ва як бародараш аз пайи зиндагии худанд. Саломат Раҷабова танҳо мактаби миёнаро хондааст. Мегӯяд, пеш аз издивоҷ низ зиндагии хуб надошт. Бо вуҷуди мушкилҳои зиёд, Саломат Раҷабова аз зиндагӣ ноумед нест ва тавре худи ӯ гуфт, ҳадафаш “бо меҳнати ҳалол бузург кардани фарзандон аст”.

XS
SM
MD
LG