Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Алик-Малик" танҳо дар Кӯлоб нест." ВИДЕО


Аксари корбарони Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳ ба мақола дар бораи гуруҳи, ба гуфтаи сокинон, мардумфиреб дар Кӯлоб навиштанд, ки ин мушкил хоси танҳо як шаҳр нест.

Ҳар қадар шумораи камбағалон зиёд шуд, онҳо ҳамон қадар зиёд ба мӯъҷиза бовар мекунанд

Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта дар бораи ҷавононе гузориш дод, ки дар маркази Кӯлоб бо бозие пули садҳо нафар, бахусус мардуми зудбовару муҳтоҷро аз худ кардаанд.

Шикоят на танҳо аз кори ин гуруҳ, балки аз рафтори мақомоти интизомии Кӯлоб ҳам буд, ки ба гуфтаи сокинон, фиребгарии қиморбозонро нодида мегиранд ва ё ҳатто онҳоро сарпарастӣ мекунанд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

"Магар ин гуруҳро милисаҳо намебинанд?»
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора баҳси зиёдеро ба вуҷуд овард ва аксарият гуфтаанд, ки чунин бозиву фиребгарӣ на фақат дар Кӯлоб, балки дар бисёре аз гӯшаҳои Тоҷикистон ҳаст, вале маъмурони милиса гӯё онро намебинанд.

Аз шарҳи Самак оғоз мекунем, ки дар вебсайти мо гузоштааст: “Кӯлобу дигар ноҳияҳо яктараф истад, дар маркази Душанбе, аниқтараш дар назди Маркази савдои Мармариён, ҳамин бозӣ ҳаст. На нозири минтақавӣ кор дораду на ягон мақомоти дигар. Лекин агар ягон бечора ҳамонҷо сабзавот фурӯшад, зуд нозир пайдо мешаваду ӯро бо лафзи қабеҳ меронад, ё иҷозатномаи ҳукумати Шоҳмансурро мепурсад.”

Як корбари дигаре ҳам, ки зоҳиран сокини Душанбе аст, дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ки чунин қиморбозӣ дар дигар гушаҳои пойтахти Тоҷикистон низ ҳасту касе ҳам парво надорад ва мардум ҳамчунон фиреб мехӯранд.

Мухтасари шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро Рӯдакӣ муаррифӣ кардааст: “Дар Душанбе дар наздикии бозори Корвон номи ин гуруҳро мардум "Алик-Малик" мегӯянд. Аҷиб ин аст, ки гуруҳи "Алик-Малик" дар назди масҷиди маҳаллаи 64-ум ба номи "Билол" ҳаст ва вақти азонро шунидан, ҳамаи аъзои гуруҳ ба намозхонӣ мераванд. Дар пеши масҷид шуъбаи нозирони минтақавӣ ҳаст, ки мумкин то 7 нафар нозир онҷо кор мекунанд. Магар ин гуруҳро фақат ман мебинаму милисаҳо намебинанд?"

Даҳҳо корбари дигар дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Фейсбук ва Инстаграм навиштаанд, ки дар Хуҷанд низ айни бозӣ ҳаст ва бо вуҷуди ғайриқонунӣ будани чунин навъи қимоборбозӣ дар Тоҷикистон касе аз мақомот, намеояду намепурсад, ки ҳой мардум инҷо чӣ кор мекунед. Ба гуфтаи корбарон, ба доми ин гуруҳҳо асосан табақаи камбизоату зудбовар меафтад ва охирин дору надорашонро аз даст медиҳад.

Шарҳи корбареро мехонем, ки худро дар вебсайти Радиои Озодӣ "Мусофир" муаррифӣ кардааст: “Дар шаҳри Хуҷанд низ чунин гуруҳ фаъолият дорад. Одатан дар назди автовокзали куҳна наздик ба маҳаллаи Пахтакор ба мардумфиребӣ машғуланд. Кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ сад дар сад аз ин корҳо огоҳӣ доранд, вале касе пеши роҳи онҳоро намегирад."

Дар баҳсҳои корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид на фақат аз кори ин гуруҳ аст, балки худи мизоҷони бозиро сарзаниш кардаанд, ки бо орзуи ба даст овардани пули осон, қиморбозӣ мекунанду фиреб мехӯранд. Корбарон гуфтаанд, "агар шаҳрвандони муҳтарам ҳаргиз бозӣ накунад, афроди фиребгар аз куҷо пул кор мекунанд?"

Ақидаи ҷолиберо корбаре бо номи Раҳгузар дар вебсайти мо гузоштааст ва ба ин мазмун, ки агар вазъи иқтисодиву некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон беҳтар мешуд, "Алик-Малик" ва дигар гуруҳҳои қиморбоз низ муштарӣ намеёбанд.

“Чунин бозиҳо ва қаллобӣ дар давлатҳои фақир, мисли Тоҷикистон зиёд аст, ҳар қадар шумораи камбағалон зиёд шуд, онҳо ҳамон қадар зиёдтар ба мӯъҷиза бовар мекунанд. Гумон мекунанд, ки бахташон омад мекунаду мушкилашон ба якборагӣ ҳал мешавад. Иқтисоду зиндагии мардум беҳтар шуд, касе пеши алик малику ингуна мардумфиребон намеравад.",-навиштааст, Роҳгузар.

Воқеан чунин ҳаст, ё не? Иқтисод беҳтар шуд, қиморбозӣ аз байн меравад? Назаратонро ҳаминҷо нависед.

XS
SM
MD
LG