Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Аввал либоси исломӣ – баъд мактаб”. Толибонро барои фармони нав танқид карданд


То сари қудрат омадани Толибон духтарон дар Афғонистон таҳсил мекарданд.
То сари қудрат омадани Толибон духтарон дар Афғонистон таҳсил мекарданд.

Толибон гуфтаанд, ки пас аз таҳияи либоси мактабӣ барои духтарон онгаҳ онҳоро барои таҳсил иҷозат хоҳанд дод.

Толибон пештар ваъда дода буданд, ки рӯзи 23-юми март дари мактабҳои миёнаро ба рӯйи духтарон дар Афғонистон боз мекунанд. Онҳо мактабҳоро боз карданд, вале ҳамагӣ пас аз чанд соат бастанд.

Вазорати маорифи Толибон гуфтааст, ҳар гоҳе либоси духтарон бар асоси шариат ва суннат тарроҳӣ шавад, онгаҳ иҷозаи таҳсилро хоҳанд дод.

Онҳо гуфтаанд, барои боз кардани мактабҳои духтарона ҳоло бар асоси қонунҳои исломӣ ва фарҳанги маҳаллӣ нақша таҳия доранд.

Ин тасмими Толибонро дар аксар кишварҳои дунё танқид карданд.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико манъи дубораи таҳсили духтарон дар Афғонистонро маҳкум кардааст.

Ӯ дар саҳифааш дар Твитер навиштааст, ки Толибон баҳонаҷӯи мекунанд ва ИМА ин баҳонаҳои Толибонро қабул надорад.

Блинкен гуфт, ки ИМА аз ҳаққи духтарон ба таҳсил ҳимоят хоҳад кард. Ӯ афзуд, агар Толибон аз ин тасмими худ даст накашанд, дигар барои беҳбуди равобит бо кишварҳои хориҷӣ умед набанданд.

Ҷин Шаҳин, сенатори амрикоӣ дар саҳифаи худ дар Твитер аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои ин амали хилофи арзишҳои инсонӣ Толибонро ҷавобгар созанд.

Вазорати умури хориҷии Қатар низ манъи таҳсили духтаронро маҳкум кардааст.

Пештар баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз тасмими Толибон барои кушодани мактабҳои духтарона ситоиш карда, ҳамзамон ба иҷрои он шубҳа доштанд. Ҳизер Барр, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, рӯзи 22-юми март гуфт, "изҳороти Толибон аксаран аз амалкарди Толибон фарқ дорад."

Гуруҳи тундрави Толибон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Ҳокимони нави Кобул дарҳол духтаронро аз таҳсил ва занонро аз кор дар идораҳо ронданд.

Бо гузашти ҳафт моҳ ҳеч кишвар "аморати исломӣ"-и Толибонро ба расмият нашинохтааст. Созмону кишварҳои ҷаҳон риояи ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занону духтаронро ба кору таҳсил, яке аз шартҳои пазируфтани ҳукумати Толибон медонанд.

XS
SM
MD
LG