Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шариат дар ҳама ҷо яксон нест"? "Нусхаи қабилаӣ"-и қонунҳои исломии "Толибон"


Як намояндаи "Толибон" аз риши пирмарде гирифта, ӯро барои иштирок дар намози ҷумъа маҷбур мекунад. Шаҳри Кобул, 8-уми ноябри соли 1996

Рон Зинович

Вақте намояндагони ҳукумати «Толибон» дар бораи татбиқи шариати исломӣ дар Афғонистон мегӯянд, ба қонунҳое ишора мекунанд, ки аз ҷониби ҳамин гурӯҳи муҳофизакори суннимазҳаб эҷод шудааст.

Қонунҳои исломӣ модели ягона надоранд. Барои мисол, қонунҳои исломие, ки «Толибон» сохтаанд, аз он чи дар кишварҳои дигари исломӣ вуҷуд дорад, фарқ мекунад.

Натан Браун, профессори улуми сиёсии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, мегӯяд, «шариат шомили ҳавзаҳои васеъе аз рафторҳои шахсӣ аст, ки фарогири қонунҳои бисёр ҷомеаҳо ҳам нестанд». Ба андешаи ӯ, тарҷумаи саҳеҳтари ин вожа метавонад, "шеваи исломии анҷоми корҳо" бошад.

"Девбандия"

Тавҷеҳи "Толибон" барои ҷорӣ кардани низоми бисёр сахти шариатӣ ба қарни 19 бармегардад. Ин замонест, ки дар қаламрави Ҳинди таҳти мустамликаи Бритониё ҷунбиши "Девбандия" арзи ҳастӣ кард. Ин таълимот имрӯз дар Покистону Афғонистон амал мекунад ва бар асоси таълимоти мактаби суннии ҳанафӣ бунёд шудааст.

"Девбанд" номи як мадрасаи динии машҳур дар Ҳинд аст ва дар ҳоли ҳозир мадориси зиёде дар нимҷазираи Ҳинду Покистон тибқи хатти фикрии он фаъолият мекунанд.

Ҳорун Раҳимӣ, профессори собиқи Донишгоҳи амрикоии Кобул, мегӯяд, шариати «Толибон» зери таъсири расму одатҳои қабилаии маҳаллӣ дар Афғонистону Покистон ҳам ташаккул ёфтааст. Раҳимӣ дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ гуфт, сиёсату амалҳои «Толибон» "ҳамеша бо муқаррароти қабилаӣ ҳамоҳанг буда, ҳеч гоҳ зидди ин одатҳо набудааст".

Ба андешаи ин донишманд, қоидаҳои ҷорикардаи “Толибон” дар заминаи қонунҳои ҷиноӣ ё баҳсҳои инфиродӣ омехтае аз мактаби ҳанафӣ ва фарҳангу оинномаҳои рафтори қабиланишинҳо будааст. Ӯ мегӯяд, аксар қозӣ ё додрасҳои додгоҳҳои “Толибон” ҳам хатмкардаи мадрасаҳои «Девбанд» мебошанд, вале «на ҳамаи онҳо саводи дуруст гирифтаанд».

Шеваи иҷрои ҳукмҳои додгоҳии “Толибон” ҳам аз намунаҳои дигари додгоҳҳои кишварҳои исломӣ бо худдории камтар аз муҷозоти ҷамъиятиву бераҳмӣ фарқ мекунад. Ҳорун Раҳимӣ ба унвони мисол аз қатлҳо, дастбурӣ ва шаллоқ задан ёдовар шуд.

"Қассос", "ҳудуд" ва фарқи "Толибон" аз кишварҳои дигари исломӣ

Як навъ одате, ки дар анъанаҳои исломӣ вуҷуд дорад, “қассос” аст. Масалан, шахси гунаҳкор ба куштор дар пеши чашми мардум бо дархости хешовандони қурбонӣ ба қатл расонида мешавад. Хешовандон метавонанд, ба муомила розӣ шуда, хунбаҳо талаб кунанд.

Қонунҳои Арабистони Саудӣ, Эрон, Покистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар ва баъзе аз қаламравҳои Нигерия қоидаи “қассогирӣ”-ро иҷозат медиҳанд. Вале иҷрои ҳукмҳои қатл ба сатҳи хеле зиёд ва паҳншуда маҳз дар давраи аввали ҳукумати «Толибон» дар Афғонистон (аз 1996 то 2001) ба авҷи аълояш расид.

Раҳимӣ мегӯяд, “Толибон” ба дарки дуруст ва амиқи матнҳои исломӣ намераванд ва ба фарқ аз додгоҳҳои дигари кишварҳои мусалмонӣ, «ҳангоми иҷозаи қассосгирӣ ба таҳқиқу омӯзиши зиёди матнҳои ҳуқуқӣ вақт сарф накарда, соддаву осон иҷозаи ҳукми қатлро медиҳанд».

Як навъ муҷозоти дигар “ҳудуд” ном дорад. Ин муҷозот шаллоқзанӣ дар ҳузури ом барои шаробнӯшиву фаҳш ва ё буридани даст барои дуздӣ мебошад.

Ҳорун Раҳимӣ мегӯяд, дар асл дар кишварҳои исломии дигар татбиқи чунин ҷазо ҳам зиёд дида намешавад. Ӯ мегӯяд, дар додгоҳҳои кишварҳои дигар, дар сурати вуҷуди як кам шубҳа додрас аз татбиқи ин ҷазо худдорӣ мекунад. Вале додгоҳҳои “Толибон” ба таъхир роҳ намедиҳанд ва хабарҳо аз иҷрои чунин ҷазоҳо дар гузашта зиёд ба матбуот роҳ ёфтааст.

Мушкили занон

Ҳузури занон дар мазҳари ом ҳам яке аз масоилест, ки мавриди таҳрири шариати “Толибон” қарор гирифтааст. “Толибон” таҳсилу кор ва ҳама гуна фаъолияти занон, ҳатто бидуни мард ба кӯча баромадани онҳоро манъ мекунад. Дар муқоиса бо онҳо, дар Покистон, Индонезия, Туркия, Бангладеш, Қирғизистон, Косово, Тунис, Танзания ва Малӣ, ки аксар сокинонашон мусалмон ҳастанд, занҳо раҳбарии давлатро таҷриба кардаанд.

Боқири Муин, мудири пешини бахши форсии радиои Би-би-cӣ ва муассиси вебсайти Jadid Online, мегӯяд, ба истилоҳ оинномаи рафтор барои занҳо, ки “Толибон” сохтаанд, аз ҷониби бисёр донишмандони улуми исломиву шариат қобили қабул нест.

Ӯ мегӯяд, “даъвои “Толибон” барои ин ки мутобиқ бо шариати исломӣ амал мекунанд, ин маъноро надорад. Ин як нусхаи қабилаии шариати исломӣ аст ва бояд ҳам ҳамингуна тавсиф шавад.” Як мисоли оддиаш, ба андешаи ин журналист, «манъи таҳсили духтарон аст, ки паёмбар Муҳаммад, баръакс, ҷонибдори он буд».

Мавлоно Саид Аршад Маданӣ, раҳбари 82-солаи мадрасаи Дор-ул-улуми Девбанд дар шимоли Ҳинд, ки макони пайдоиши ҷунбиши "Девбандия" будааст, мегӯяд, ӯ аз амри “Толибон” ҷонибдорӣ мекунад, ки занону мардонро аз ҳам ҷудо мекунад. Айни замон Маданӣ гуфт, мактаби ӯ ҳоло бо “Толибон” ҳеч умумияте надорад ва ҳам чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Толибон” набояд пеши роҳи таҳсили занонро бигиранд.

Мактабҳои исломӣ

Шариати исломӣ чаҳор манбаи калидӣ дорад. Асоси ин мактабҳо Қуръон, китоби муқаддаси мусалмонон мебошад. Манбаи дигари қонунҳои исломӣ бо номи суннат маъруф аст, ки ба таълиму амали паёмбар Муҳаммад рабт дорад ва ба он "Ҳадис" ҳам гуфта мешавад.

Ҳар мактаби исломӣ метавонад, аҳамияти гуногуне дошта бошад. Яке аз манбаъҳо “қиёс” ном дорад, ки тафсири қонунҳои додгоҳиро дар назар мегирад. “Иҷтиҳод” дарки масоили шаръӣ бар асоси Қуръон ва Ҳадис аст. Сарчашмаи дигари "ошкорнашуда"-и шариати Ислом иҷмоъ аст, ки он иттифоқи назари уламои исломӣ дар масоил мебошад.

Ҳанафӣ, Моликӣ, Шофеӣ ва Ҳанбалӣ

Мактабҳои асосии фиқҳи исломӣ бар «фаҳмишҳои гуногун» асос ёфтаанд, ки дар тӯли садсолаҳо пас аз марги Муҳаммад дар бораи Қуръон ва ҳадис пайдо шудаанд. Дар ҳар минтақа мактаби хоси худ бартарият дорад.

Ҷон Муҳаммад Батт, донишманди улуми исломӣ ва собиқ корманди Би-би-сӣ, ки ягона марди ғарбии хатмкардаи Дор-ул-улуми Девбанд мебошад, мегӯяд, фарқ байни чаҳор мактаби суннӣ “на ба таълимоти бунёдии эътиқоди динӣ, балки ба паҳлӯҳои ёрирасони он (фуруъот) рабт мегирад”.

Батт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "инҳо чизҳои хеле хурданд ва ҳамеша хоҳанд гуфт, ки ҳамаи чор мазҳаби суннӣ эътибори баробар доранд ва яксонанд". "Тафовут дар шарҳу тафсир аст, ки ба он имомхатибон роҳ медиҳанд ва ҳеч гуна хусумат дар ягон мактабе вуҷуд надорад."

Мактаби Ҳанафӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҳузур дошта, сеяки мусламонони ҷаҳон пайрави он мебошанд. Фиқҳи ҳанафӣ салоҳдиди ҳуқуқшиносон ва инчунин урфу одатҳои анъанавии ҷомеаро ҳамчун асоси қонуни исломӣ қабул мекунад. Аз ин рӯ, тафсири “Толибон” аз шариат, ки таҳти таъсири урфу одатҳои қабилаҳои маҳаллӣ дар Афғонистон ва Покистон ташаккул ёфтааст, танҳо як намунае аз андешаҳои ҳанафӣ аст.

Дар Африқои Шимолӣ ва Африқои Ғарбӣ фиқҳи Моликӣ бартарӣ дорад. Мактаби Моликӣ дар асрҳои миёна, дар Испания ва Португалия ҳам вуҷуд доштааст. Анъанаҳои Моликӣ на танҳо навиштаҳои матни ҳадисро манбаи боварбахш меномад, балки ҳукмҳои калидии ҳуқуқиро, ки дар таърихи аввали ислом вуҷуд дошт, эътироф мекунад.

Мисли Ҳанафӣ, мактаби Моликӣ салоҳияти фиқҳ ва урфу одатҳои ҷомеаро ҳамчун сарчашмаи шариати исломӣ мепазирад. Бар хилофи мактабҳои дигар, пайравони Моликӣ низ ризоияти мардуми Мадинаро як сарчашмаи эътиқоди шариати ислом медонанд.

Фиқҳи шофеӣ дар Африқои Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, инчунин Чеченистон ва Ингушетия дар Қафқоз маъмул аст. Мазҳаби шофеӣ ҳукмҳои судии олимони ҳуқуқшиносро сарчашмаи қобили қабули шариати ислом намешуморад, зеро онҳо "қонунгузории инсонӣ" -ро ташкил медиҳанд.

Ҳанбалӣ аз чаҳор мактаби суннӣ хурдтарин аст. Пайравони он асосан дар Арабистони Саудӣ ва Қатар, ки он ҷо фиқҳи расмӣ ба шумор меравад, зиндагӣ мекунанд. Пайравони Ҳанбалӣ, инчунин, дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Сурия, Умон, Яман ва дар миёни қабилаҳои Ироқу Урдун ба сар мебаранд.

"Ваҳҳобия", "Салафия"... ва Ҷаъфарӣ

Ҷараёни “Салафия” ё “Ваҳҳобия” як ҷунбиши муҳофизакори суннӣ аст, ки яке аз пайравони он Усома бин Лодин, асосгузори «Ал-Қоида» мебошад. Он бори аввал дар асри 18 дар чаҳорчуби мактаби фиқҳи Ҳанбалӣ пайдо шуд.

Ҷаъфарӣ мазҳаби асосии шиаён мебошад. Он дар Конститутсияи Эрон сабт шудааст. Мактаби Ҷаъфарӣ аз ҳама чаҳор мактаби асосии суннӣ бо такя ба он чизе, ки бо номи иҷтиҳод маъруф аст - тафаккури мустақили ҳуқуқшиносон барои посух додан ба саволи ҳуқуқӣ - фарқ мекунад.

Аз ҷиҳати амалӣ, Ҷаъфарӣ инчунин аз мактабҳои суннӣ дар масъалаҳои мерос, андози динӣ, тиҷорат, мақоми шахсӣ ва мутъа - издивоҷи муваққатӣ, фарқ мекунад. Издивоҷи муваққатӣ бо мувофиқати ҳарду тараф барпо мешавад. Чунин издивоҷ аз дидгоҳи фақеҳони аҳли суннат бепоя аст.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG