Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳро: Толибон нагузоштанд, ки ба ҷойи кор баргардам


Акс аз бойгонӣ

Заҳрои 25-сола ду сол пеш Донишгоҳи шаҳри Ҳиротро бо тахассуси барномасозӣ ва бо умеди пайдо кардани кори муносиб ба поён расонд. Бо талоши зиёд дар бахши техникии яке аз корхонаҳои давлатӣ ба кор даромад, аммо тасаввур надошт, ки бо суқути шаҳри Ҳирот ба дасти "Толибон" аз кор кардан маҳрум мешавад.

Заҳро аз тарси "Толибон" намехоҳад, маҳалли корашро зикр кунем. Ӯ дар суҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "кори ман бо компютер вобаста буд. Вақте "Толибон" шаҳри Ҳиротро тасарруф карданд, ба ҷойи кори худ рафтам, аммо иҷозаи вуруд надоданд. Онҳо гуфтанд, ту зан ҳастӣ ва бояд дар хона бошӣ ва ба ҷойи ту бояд мардон кор кунанд."

Саргузашти Заҳро бозгӯи сарнавишти садҳо духтари соҳиби кор дар Ҳирот аст, ки бо забти он аз сӯи "Толибон" орзуи кор карданашонро барбод дод.

Фотима Азизӣ 23-сола аст. Ӯ якуним сол барои пайдо кардани кори муносиб дар Ҳирот талош кард, аммо ҳоло бе ҷойи кор монд. Фотима бисёр нигарон аст ва намедонад, ки чӣ гуна харҷи оилаи 10-нафариашонро таъмин кунад.

"Худам муддати зиёд бекор будам. Пас аз он бо талошҳои зиёд ҷойи кор ёфтам. Мутаассифона, ҳатто як моҳ ҳам тӯл накашид, ки “Толибон” ба ҷойи кори мо омада, гуфтанд, дигар набиёед, ба Шумо зарурат нест. Муассисаи мо, ки дар бахши ҳимоят аз занон кор мекард, ба хотири омадани “Толибон” амалан кораш қатъ шуд. Ин воқеа барои ҳама занону духтароне, ки дар идораҳои давлативу ғайридавлатӣ кор мекарданд, як зарбаи бузург буд", -- нақл кард ӯ.

Баҳноз Расулӣ, масъули бахши иртибототи як ширкат дар ғарби Афғонистон аст. Аз тарси ҷон ва ба хотири тасаллути “Толибон” корҳояшро аз хона анҷом медиҳад. Ӯ аз гурӯҳи ҷангҷӯ мехоҳад, монеи кори занон нашаванд.

“Теъдоди зиёд аз духтарони соҳиби кор дар Афғонистон бо мушкил дучор шудаанд. Ҳаққи кор кардан аз онҳо гирифта шудааст. Ин шароит воқеан барои мо ногувор аст. Аз гуруҳи “Толибон” мехоҳем, ҳуқуқи асосии моро ба назар гиранд. Ҳаққи кор кардани мо набояд поймол шавад. Бояд шароити корӣ ба занон ҳамчунон монад", -- таъкид кард ӯ.

Аммо Мавлавӣ Шераҳмад Умар, муовини волии Толибон дар Ҳирот, ба занон итминон медиҳад, ки бар асоси шариати исломӣ иҷозаи кор ба онҳо дода мешавад.

"Иншооллаҳ, ба кори хоҳарону занон дар Ҳирот, ки дар доираи шариати исломӣ бошад, монеъ намешаванд. Ман ба хоҳарону модарон, ки дар идораҳо кор мекунанд, мерасонам, ки мунтазири амру ҳидоят бошанд", -- мегӯяд ӯ.

Духтарони афғон бо шумули Заҳро, Фотима ва Баҳноз мегӯянд, бо либоси исломӣ ба ҷойи корашон рафтанд ва набояд гуруҳи “Толибон” монеи кор кардани онҳо мешуд. Ин занон ҳушдор медиҳанд, ки бозгашт ба ақиб барои онҳо пазируфтанӣ нест ва барои дастрасӣ ба ҳуқуқашон мубориза мекунанд.

Маҳрумияти занон аз омӯзишу кор дар даврони нахусти ҳокимияти Толибон аз соли 1996 то 2001 иттифоқ афтода буд.

Ҳарчанд “Толибон” таъкид доранд, ки ҳоло нисбат ба гузашта тағйир кардаанд, аммо баъзе аз занони афғон ба ин гуна изҳорот бо шубҳа ва нобоварӣ менигаранд. Ҳоло гуруҳи “Толибон” ба истиснои дараи Панҷшер назорати дигар минтақаҳои Афғонистонро ба даст овардааст.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG