Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман ба онҳо бовар надорам". Занони афғон ба Толибон бо шубҳа менигаранд. ВИДЕО


Аксар бонувон дар Афғонистон ба ваъдаи Толибон дар бораи ин ки гуё “дар доираи шариати исломӣ” ба ҳуқуқи онҳо эҳтиром қоил мешаванд, бовар надоранд. Аъзои ин гурӯҳ дар нишасти хабарии нахустини худ дар Кобул, пойтахти Афғонистон, иддао карданд, ки ҳуқуқи занони афғон риоя мешавад.

Занон дар Афғонистоне, ки ҳамакнун аксар қаламравҳо, аз ҷумла пойтахташ - шаҳри Кобул зери назари Толибон гузаштааст, аз оянда ва ҳуқуқи худ ба таҳсилу кор нигарон ҳастанд.

“Ман ба онҳо бовар надорам” – ин ҷумлаест, ки имрӯз аз забони аксар занон садо медиҳад. Ҳарчанд дар нишасти нахустини матбуотии худ дар Кобул рӯзи 17-уми август, ду рӯз баъди ишғол шудани Кобул, ин гурӯҳи ҷангӣ гуфт, дар низоми нави шариатӣ занон ба кору таҳсили худ идома хоҳанд дод.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид аз ҷумла гуфт: “Идораҳои давлатӣ зудтар фаъол хоҳанд шуд, тамоми кормандон хоҳанд омад, ба шумули онҳо (занон). Бахшҳои мухталифе, ки барояшон таъин аст, ё қавонини Ислому шариат иҷоза медиҳад, дар он ҷо фаъол хоҳанд буд. Мову Шумо шоҳид ҳастем, ки дар бахши табобат, таълиму тарбия, дар бахши полис, иҷтимоиёт, дар бахшҳои зиёд ба хонумон ниёз ҳаст, зарурати ҷомеа ҳаст. Барояшон танзим хоҳад шуд”.

Вале бисёр занон дар Афғонистон аз замони ҳукмронии Толибон дар солҳои 1996-2001 хотираҳои дигар доранд: кору таҳсил манъ буд, занонро барои равобити ошиқона то марг сангзанӣ мекарданд ва ҳамаашон вазифадор буданд, ки бурқа – либоси саропо баста бипӯшанд.

Занони афғон мегӯянд, ба ваъдаҳои Толибон бовар надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Аксар занон аз омадани Толибон ваҳшатзада шуда аллакай худро дар кунҷи хона пинҳон кардаанд ва танҳо гурӯҳи хурди онҳо рӯзи 17-уми август омода шуданд ба хиёбон баромада ошкоро эътирози худро ба омадани Толибон баён кунанд.

Паштона Дурронӣ, як зани фаъол мегӯяд: «Ба ҳайси як зани афғон ман ба онҳо бовар надорам, чунки дар гузашта мо дидем, ки онҳо ба ваъдаҳои худ вафо накардаанд. Агар онҳо хостори ҳимояти ҳуқуқи занон бошанд, онҳо пеши роҳи таҳсили духтарҳоро дар донишгоҳи Ҳирот намегирифтанд. Онҳо пеши роҳи коргарзанони бонки «Азизӣ»-ро дар Қандаҳор намегирифтанд. Гапу кори онҳо дигар аст».

Марзия Бобакархейл замоне додрас буд ва дар додгоҳе дар Афғонистон кор мекард. Ӯ мегӯяд, ба Толибон бовар кардан мумкин нест: “Онҳо ду дафъа мехостанд маро дар Афғонистон ва Покистон бикушанд. Ба ҳамин сабаб ман ҳамаро – кишвар, оила, кору мавқеъ, ҳамаро дар ин зиндагӣ партофта рафтам. Мо медонем, ки Толибон чистанд. Мо онҳоро мешиносем. Ҳақиқат рӯи об аст. Ваъдаҳояшон ҳақиқат надорад ва базудӣ мебинем, ки чӣ мекунанд. Ман ба онҳо бовар надорам. Мардуми Афғонистон ҳеҷ гоҳ ба онҳо бовар намекунанд”.

Лиза Каримӣ як хабарнигори русзабони ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Кобул аст. Ӯ бо телевизиони “Настоящее время” кор мекунад. Лиза мегӯяд, хабарнигорони зан, ки дар Кобул ҳастанд, ҳама дар ҳарос мебошанд:

"Тарсу нигаронӣ, бахусус дар миёни журналистони зан, хеле зиёд аст. Ман хабарнигорони занеро дидаам, ки аз ояндаи худ нигарон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки воқеан ҳам намедонанд чӣ бикунанд. Онҳо мегӯянд, ки бояд аз кишвар берун раванд, чунки ба Толибон бовар надоранд. Фазое, ки ин ҷо ҳукмрон аст, бениҳоят тарснок мебошад".

Закия Худододӣ варзишгари бахши таэквондо аст. Ӯ то чанд рӯзи пеш орзу дошт, ки Афғонистонро дар бозиҳои паралимпии Токио намояндагӣ кунад.

Дар як паёми видеоиаш ӯ мегӯяд, ки гӯё як маҳбус шудааст: "Ман аз шумо хоҳиш мекунам: Ман, ки як зани афғон ҳастам ва ба намояндагӣ аз занони Афғонистон, нияту қасди ман ҳамин аст, ки дар бозиҳои паралимпик ширкат кунам, дасти маро бигиред ва ба ман кӯмак кунед. Ман хоҳиш мекунам аз шумо ва аз тамоми занони ҷаҳон, аз мудофеони занон, аз СММ, ки нагузоранд ҳақи як зани афғон дар бахши маълулин поймол шавад. Ҳамин ки мо худ дар ин вазъият ин бахши варзишро рушд додем, гапи каме нест, бисёр сахтӣ кашидем. Пас, намехоҳам талоши ман бенатиҷа бошад, барои ҳамин кӯмакам кунед".

Вале Кумитаи байналмилалии Паралимпӣ рӯзи 18-уми август гуфт, ки Худододӣ наметавонад дар бозиҳо рақобат кунад, чун ҳеҷ як ҳавопаймои тиҷоратӣ аз Кобул парвоз намекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG