Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз рафтани нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон чӣ мегузарад?


Як узви "Толибон" дар фурудгоҳи Кобул, 31-уми августи 2021
Як узви "Толибон" дар фурудгоҳи Кобул, 31-уми августи 2021

Низомиёни Амрико ҷараёни ба берун бурдани нерӯҳои ин кишвар ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Афғонистонро, ки бо омадани “Толибон” ҳаёташон зери хатар аст, ба поён расонданд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, бо ёрии шарикони байналмилалии худ аз 14 то 30-юми август 123 ҳазор касро аз Кобул ба хориҷа бурданд.

Вале поёни ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон суолҳои наверо барои президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден ва маъмурияташ эҷод мекунад. Амрико соли 2001 бо ҳадафи аз байн бурдани “Ал-Қоида” ба Афғонистон ворид шуда буд. Reuters талош кардааст, ба суолҳои рӯз посух диҳад.

Бо амрикоиҳо ва афғонистониҳое, ки ҳаёташон дар хатар аст, чӣ мешавад?

Амрико мегӯяд, дар умум 5,5 ҳазор шаҳрвандашро аз Афғонистон берун бурдааст. Дар Афғонистон шумори маҳдуди амрикоиҳо, аксарашон бо оилаҳои худ, мемонанд. Маъмурияти Ҷо Байден гуфт, умедвор аст “Толибон” интиқоли амни амрикоиҳои боқимонда ва ҳам афғонистониҳоеро, ки дар фикри тарки кишвар ҳастанд, иҷоза медиҳад.

Вале нигарониҳое вуҷуд дорад, ки дар сурати аз кор мондани фурудгоҳи Кобул ин мардум бо кадом роҳ ба берун бурда мешаванд?

Имрӯз дар Афғонистон даҳҳо ҳазор афғоне мемонанд, ки ҳаёти онҳо дар хатар аст. Инҳо ҳамкорони низомиёни амрикоӣ, журналистон ва мудофеони ҳуқуқи занон мебошанд. Ҳанӯз маълум нест, ки сарнавишти онҳо чӣ мешавад, чунки бисёриҳо ҳарос доранд, "Толибон" аз пайи интиқомҷӯӣ мешаванд.

"Толибон" ваъда додааст, ки ба хориҷиҳову афғонистониҳое, ки иҷозаи кишвари хориҷиро доранд, барои берун рафтан кумак мекунанд. Дар ин бора дар як изҳороти муштарак рӯзи якшанбе Бритониё, Амрико ва кишварҳои дигар ёдовар шуданд.

Бо фурудгоҳи Кобул чӣ мешавад?

Давоми ду ҳафтаи гузашта 6 ҳазор низомии амрикоӣ таъмини амнияти Фурудгоҳи байналмилалии Ҳомид Карзайи Кобулро ба дӯш доштанд.

"Толибон" ҳоло бо ҳукуматҳои Қатар ва Туркия роҳҳои мусоидат ба парвозҳои мулкиро машварат доранд. Ин фурудгоҳ ягона масири ба берун рафтани сокинони Афғонистон мебошад. Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯзи якшанбе гуфт, пеш азсаргирии парвозҳои мулкӣ ин фурудгоҳ ба таъмир ниёз дорад.

Туркия, ки як узви НАТО мебошад, давоми шаш соли охир масъули таъмини амнияти Фурудгоҳи Кобул буд. Боз нигоҳ доштани ҳарими Кобул на танҳо барои худи афғонистониҳо зарур аст, балки барои таъмини захираҳову анҷоми амалиёт муҳим мебошад.

Ояндаи равобит бо Толибон чӣ гуна шакл мегирад?

Амрико гуфт, дар бораи ояндаи Афғонистони зери назари “Толибон” ҳамроҳ бо дипломатҳо бояд андеша кард ва ҳам ба ин ҳукумат аз рӯйи рафтору амали “Толибон” баҳогузорӣ намуд. Вале маъмурияти Байден бояд андеша кунад, ки чӣ гуна бояд аз як бӯҳрони башарӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон пешгирӣ шавад ва ҳам намонанд, ки он фаротар аз марзҳои кишвар тавсеа ёбад.

Ба ҳисобҳои Созмони Милали Муттаҳид, 18 миллион аҳолии Афғонистон, яъне нисфи кишвар ба кумак ниёз доранд ва ҳар тифли дуюми то 5-сола бо норасоии ғизо рӯбарӯ аст. Дар давоми чор соли охир Афғонистон бори дуюм аст, ки бо хушксолии шадид рӯбарӯ мешавад.

Баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Бритониё гуфтаанд, ҳеч як давлат набояд ба таври якҷониба ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон эътироф кунад.

Хатари ДОИШ дар чӣ аст?

Як бахши ҳамкориҳои Амрико ва Толибон метавонад, муқобила бо таҳдиди гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бошад. Вале суол ин аст, ки ин ҳамкорӣ агар барпо шавад, чӣ гуна сурат хоҳад гирифт?

Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки бо ишора ба номи таърихии ин макон гузошта шудааст, бори авал поёни соли 2014 дар шарқи Афғонистон пайдо шуд ва якбора ба унвони як гурӯҳи бисёр бераҳм ном баровард.

Ин гурӯҳ иддао кард, ки бомбгузории 26-уми август дар канори Фурудгоҳи Кобулро, ки дар он 85 нафар, аз ҷумла 13 низомии амрикоӣ кушта шуданд, кори дасти он мебошад. Баъди ин, Амрико дастикам ду дафъа бо истифода аз дрон алайҳи ин гурӯҳ амал кард. Байден гуфт, маъмурияташ барои ин ҳамла интиқом мегирад.

Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" душмани ашаддии «Толибон» гуфта мешавад. Мақомоти истихборотии Амрико бовар доранд, ин гурӯҳ бо истифода аз бесуботие, ки баъди фурӯпошии ҳукумати рӯ ба ғарби Афғонистон дар моҳи август мавқеи худро мустаҳкам карданӣ аст ва ҷангҷӯёни дилсардшуда аз Толибонро ба сафи худ ҷалб мекунад.

XS
SM
MD
LG