Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хеле бераҳманд." Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар Афғонистон чӣ созмонест?


Кобул. Ҷасади қурбониёни ҳамлаҳои 26-уми августро ба пайвандонашон медиҳанд
"Хуросон", як шохаи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, ки масъулияти ҳамлаҳои маргбор дар канори фурудгоҳи Кобулро ба уҳда гирифт, чӣ созмонест? Дар ин ҳамлаҳо рӯзи 26-уми август 170 афғонистонӣ ва 13 амрико кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд. Қодир Ҳабиб, мудири бахши афғонии Радиои Озодӣ гурӯҳи “Хуросон” ва рақобаташро бо "Толибон" шарҳ дод.

Қодир Ҳабиб
Қодир Ҳабиб

Қодир Ҳабиб, мудири бахши афғонии Радиои Озодӣ

  • "Хуросон" чӣ созмонест?

Гурӯҳ ба номи минтақаи таърихӣ Хуросон номгузорӣ шудааст. Дар бораи он охири соли 2014 ва аввали соли 2015 шунидем. Аксар ҷангҷӯёнаш аз ҳисоби Толибони собиқи Покистон ҳастанд. Ба саффи онҳо ҷангҷӯён аз Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба монанди узбекҳо ва тоҷикон, ҳамроҳ шудаанд.

  • Фарқи байни "Хуросон" ва "Толибон" чист? Чаро рақибанд?

Ҳарду гурӯҳ тундравони суннимазҳаб ҳастанд, аммо амалкарди гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ нисбат ба “Толибон” бераҳмонтар будааст. Яке аз бадтарин ҳамлаҳои онҳо ба таваллудхона буд, ки даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, аз ҷумла занони ҳомила ва навзодон. Дар баъзе аз мавридҳо дар бораи ҳамкории байни ду гурӯҳ барои фишор овардан ба ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ низ шунидаем. Дар умум, ҳарду гурӯҳ ихтилофҳо ва рақобати худро доранд. “Толибон” майл надоранд, ки гурӯҳҳои исломгарои дигар дар Афғонистон пайдо шуда, онҳоро ба чолиш бикашанд.

  • ҲамлаиХуросон ба ҷараёни “эвакуатсия” чӣ таъсир гузошт?

Фикр мекунам, ҳамла ба раванди берун баровардани хориҷиён ва афғонҳои зери хатар аз Кобул аллакай таъсири худро расондааст. Ин нишон медиҳад, ки толибҳо барои назорат аз гурӯҳи “Хуросон” як навъ мубориза хоҳанд бурд. Онҳо дар вилоятҳои Нангарҳор, Кунар, Урузгон ва шимолу шарқи Кобул фаъоланд. Дар онҷо ташкилоти ибтидоӣ доранд ва ба сутун ё симчӯбҳои барқ ҳамла мекунанд. Агар “Толибон” вазъро контрол карда натавонанд, барояшон дардисари бузурге хоҳад буд.

  • Баъди рафтани хориҷиён, “Толибонба саркӯб мегузаранд?

Дар байни рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони собиқи давлатӣ, ки то ҳол дар кишвар ҳастанд, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки пас аз 31-уми август ва берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, рафтори “Толибон” метавонад тағйир ёбад. Онҳо метавонанд, маҳдудиятҳо ва чораҳои сахттар ҷорӣ кунанд.

  • Оё одамон пас аз 31 август ҳам аз Афғонистон рафта метавонанд?

Дарвоқеъ, “Толибон” гуфтаанд, ки афғонҳо набояд кишварро тарк кунанд, хусусан афғонҳои таҳсилдида. Онҳо бояд бимонанд ва дар бозсозии кишвари худ кумак кунанд. Барои онҳое, ки санади дуруст надоранд, ба мисли раводид (виза) ба кишвари дигар дардисари бузург хоҳад буд. Фикр намекунам, тарки кишвар барояшон осон бошад. Мо медонем, ки бисёре аз сафоратҳо аллакай баста шудаанд ва консулгариҳои онҳо кор намекунанд. Бино бар ин, шонси аз кишвар берун рафтани шахсоне, ки санади дуруст надоранд, камтар хоҳад буд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG