Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал гуфт, Толибон занонро аз ҳама соҳаҳо дур мекунанд


Эътирози занон дар Кобул
Эътирози занон дар Кобул

Як гурӯҳи 36-нафарии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аз “кӯшишҳои пайваста”-и Толибон барои берун кардани занон аз ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Толибон моҳи августи соли гузашта дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, вале то ҳол ҳеч кишваре “аморати исломӣ”-и онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Ин гуруҳ дар рӯзҳои аввали ҳокимияташ фаъолияти занонро дар аксар бахшҳо манъ кард, таҳсили духтаронро пас аз синфи шашум номумкин гардонд ва дастур дод, занон танҳо ба кӯча набароянд.

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 17-уми январ дар эъломияе ин сиёсатҳоро “ҷазои дастҷамъии занон ва духтарон дар Афғонистон” хонданд.

“Ин сиёсатҳо, ҳамчунин, ба қобилияти кор ва пешбурди рӯзгори занон таъсир расонда, онҳоро боз ҳам ба фақр тела дод. Бахусус заноне, ки нигоҳубини хонаводаро ба уҳда доранд, сахт осеб диданд,” – гуфта шудааст дар эъломия.

Толибон ҳанӯз ба изҳороти коршиносони СММ вокунише нишон надодаанд, вале қаблан гуфтаанд, ки ҳуқуқи занону духтаронро дар чаҳорчӯби ислом ва анъанаҳои афғонӣ муроот мекунанд.

Ҳафтаи гузашта созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) низ аз бад шудани вазъи ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон ҳушдор дод.

Шуморе аз занон рӯзи якшанбе, 16-уми январ, дар Кобул алайҳи ҳиҷоби иҷборӣ ва маҳуддяити гаштугузори занон тазоҳурот карданд.

XS
SM
MD
LG