Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Толибон дар бораи "ҳуқуқи занон" фармон содир кард


Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари Толибон, рӯзи 3-юми декабр дар фармоне ба риояи баъзе аз ҳуқуқи занон дар чаҳорчӯби шариати исломӣ таъкид кардааст. Аммо дар фармони иборат аз шаш банд дар бораи ҳуқуқи кор ва таҳсили духтарону занон ҳеч чиз гуфта нашудааст, дар ҳоле ки ин мавзуъҳо аз масоили мавриди нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Ғарб аст

Дар моддаи аввали фармон омадааст, ки ризояти духтарон ҳангоми никоҳ зарур аст, дар сурате ки ба гуфтаи раҳбари Толибон, хатари фитна ва фасод дар он набошад. Аммо дар бораи синни издивоҷ дар дастури раҳбари Толибон чизе гуфта нашудааст.

Дар моддаи дувуми фармон гуфта шудааст, ки зан мол нест, балки инсони озод ва асил аст ва ҳеч касе онро дар бадали сулҳ ё оштии хонаводаҳо дода наметавонад. Дар баъзе минтақаҳои қабиланишини Афғонистон аз гузашта одате роиҷ аст, ки духтарон дар ивази сулҳ миёни ду хонавода ё қабила дода мешаванд ва мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор мегиранд.

Дар моддаи севуми фармони Мулло Ҳайбатуллоҳ омадааст, ки баъд аз вафоти шавҳар, зани беваро на бародари шавҳар ба зӯр ба никоҳ гирифта метавонад ва на каси дигар ва зан бо ихтиёри худ метавонад шавҳар кунад.

Дар ин фармон дар бораи нигаронии асосии занони афғон, ки ҳаққи таҳсил ва кор аст, чизе гуфта нашудааст.

Баъди ба дасти Толибон гузаштани Кобул дар рӯзи 15-уми августи имсол, духтарони аз синфи шаш боло дар бисёре аз вилоятҳо ва аксари кормандони зан дар идораҳои давлатӣ аз ҳаққи кор ва омӯзиш маҳрум шуданд.

Кишварҳои ғарбӣ, Созмони Милал ва гуруҳҳои мудофеъ аз ҳуқуқи башар пас аз ба қудрат расидани Толибон аз нақзи ҳуқуқи инсон нигаронии амиқи худро баён карданд. Онҳо ба Толибон фишор меоранд, ки як ҳукумати ҳамашумул ё фарогир ташкил намуда, ҳуқуқи ҳамаи афғонҳо, аз ҷумла ақаллиятҳо ва занонро риоят кунанд.

Ҳуқуқи занон дар даврони ҳокимияти аввали Толибон бар Афғонистон дар солҳои 1996-2001 шадидан маҳдуд шуда буд. Ҳоло Толибон мегӯянд, ки онҳо назар ба гузашта тағйир кардаанд. Вале, бо ин вуҷуд, ҳукумати Толибон танҳо аз сӯи мардон идора мешавад ва занон аз ҳаққи кор ва таҳсил маҳрум ҳастанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG