Як таҳқиқи тозае нишон додааст, ки бемориҳои сироятии муқовим ба антибиотикҳо солона бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор нафарро мекушанд. Ингуна бемориҳои сироятие, ки ангезандаҳояш бактерия аст, ба гуфтаи муҳаққиқон ҳоло аз бемории норасоии масунияти бадан ва вараҷа кушандатар шудаанд.