Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сокинони Фарғона дар ивази лоғаршавӣ ваъдаи кӯмаки моддӣ карданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Хайрулло Бозоров рӯзи 20-уми декабр озмоишеро барои лоғаршавии сокинони вилоят эълом кард.

Бозоров бо такя ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки 50-55% бемориҳо дар саросари дунё ба далели вазни барзиёд, ғизои носолим ва камҳаракатӣ сар мезананд.

"Дар кишвари мо эҳтимол ин нишондод то ба 80 дарсад бирасад. Бемориҳо аз сабаби тарзи носолими ҳаёт пайдо мешаванд", - хабар дод Бозоров.

Вай гуфт, сокиноне, ки вазни барзиёд доранд, дар сурати давоми сол 5 кило ва ё бештар аз он лоғар шаванд, 46 доллари ИМА дарёфт хоҳанд.

"Дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо комисия ташкил мешавад. Шаҳрванд ҳоло ба бемористон меравад ва вазнашро месанҷад. Фаразан, 100 кило вазн дорад ва агар давоми 6 моҳ 5 кило лоғар шуд, 230 доллар мепардозем - 46 доллар барои ҳар кило лоғар шудан", - хабар дод вай.

Хайрулло Бозоров гуфт, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ин таҷрибаро тарғиб хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG