Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент гуфт, дар бемористонҳои Тоҷикистон мутахассис намерасад


Президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар 30 соли ахир 187 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб омода шудааст, аммо имрӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар мутахассис намерасад. Вай ҳамчунин аз хизматчиёни давлатӣ интиқод кард, ки барои табобат ба хориҷ мераванд ва ба мутахассисони дохилӣ эътимод надоранд.

Муҳоҷирати табибон ба хориҷ тақрибан баробар бо муҳоҷирати кории шаҳрвандони дигар шурӯъ шуд ва ҳоло низ идома дорад. Коршиносони умури тиб мегӯянд, хуруҷи бахши бузурги табибон соҳаи беҳдоштро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати табибон омори дақиқа надоранд. Аммо гуфта мешавад, ки ҳазорон табиби ҳирфаӣ берун аз кишвар фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG