Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев баъди бозпурсӣ дар доираи "парвандаи Қумтор" ба Москва баргашт


Аскар Оқоев, президенти пешини Қирғизистон.
Аскар Оқоев, президенти пешини Қирғизистон.

Президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев баъди бозпурсӣ дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" дубора ба шаҳри Москва баргашт. Ба гуфтаи ҷонибдори Оқоев - Бекболот Талгарбеков, тафтишот зидди президенти пешини Қирғизистон қатъ гаштааст.

"Зидди Оқоев парванда боз нашуда буд. Танҳо тафтишот идома дошт. Дар рафти он маълум шуд, ки ӯ аз кони "Қумтор" як тийин нагирифтааст ва бо ширкати "Сентерра" ҳеч иртиботе ҳам надорад. Бозпурсӣ асосан роҷеъ ба созишномаи соли 2003 буд. Оқоев аз мардум узр пурсид, ки он замон созишномаро наомӯхт", - афзуд Талгарбеков.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон то ҳол натиҷаҳои бозпурсии Оқоевро эълом накардааст.

Президенти пешини Қирғизистон барои "посух гуфтан" ба суоли муфаттишон дар доираи парвандаи "Қумтор" субҳи 14 декабр вориди шаҳри Бишкек шуд. Ӯ бори нахуст 2 августи соли равон ғайриинтизор аз Москва ба Бишкек парвоз кард ва худи ҳамон рӯз аз рӯи парвандаи кони Қумтор ба саволҳои журналистон посух дод.

Оқоеви 76-сола, ки 16 соли охир, баъди тарки мақоми президентӣ ва фирор аз инқилоби лолаии Қирғизистон дар Русия зиндагӣ мекард, бо вуҷуди ҷустуҷӯву талаби мақомот ба истирдодаш, ҳеҷ гоҳ ба ватан барнагашта буд.

"Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. То чанде пеш ин конро ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард. Ҳамагӣ 26 дарсади саҳмияҳо кон ба Қирғизистон рабт дошт. "Қумтор" 10 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ва 20 дарсади саноати он кишварро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG