Пайвандҳои дастрасӣ

Амволи пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб ба Тоҷикистон дода мешавад


Моҳи ноябри соли 2015 Русия нерӯҳояшро аз Кӯлоб берун кард.

Амволи пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кулоб расман ба истифодаи ҳукумати Тоҷикистон дода мешавад.

Русия шаш сол пеш пойгоҳашро аз ин шаҳр берун карда буд, вале тоза мавзуи ба ҳукумати Тоҷикистон додани таҷҳизоти ин пойгоҳ баррасӣ мешавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар рӯзи 15-уми декабр аз протокол байни ҳукумати Тоҷикистону Русия ҷонибдорӣ карданд, ки он супоридани молу мулки ғайриманқули воҳидҳои ҳарбии ин пойгоҳро дар назар дорад.

Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон ҳангоми муаррифии ин тарҳ дар парлумон гуфт, "молу мулки ғайриманқул аз бинову иншоотҳои гуногун, аз ҷумла хобгоҳҳои афсарону сарбозон, хонаҳои истиқоматӣ, амборҳои нигоҳдории маводҳои ақибгоҳӣ, нуқтаи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, қитъаҳои замин ва дигар инфросохтори дахлдори ҳарбӣ иборат мебошанд".

Ӯ таъкид намуд, ки ҳамчунин супоридани амволи пойгоҳ дар ноҳияи Муъминобод низ дар назар аст.

"Як қисми иншоотҳои воҳидҳои ҳарбии Русия дар давраи будубоши онҳо сохта шуда, ба ҷониби Тоҷикистон тибқи ҳолати воқеӣ ба кишвар супорида мешавад, қисми дигар моликияти Тоҷикистон буда, қаблан дар истифодаи воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи низомии Русия қарор дошт",--афзуд, Эмомалӣ Собирзода.

Ба қавли муовини вазир, барои корҳои ташкилӣ, қабулу баргардонидани амвол комиссияи муштарак таъсис дода мешавад. "Амвли озодгардидаи ғайриманқул ҷиҳати ҷойгирнамоии қисму воҳидҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад", --гуфт ӯ.

Русия соли 2015 пойгоҳашро аз Кӯлоб берун кард. Сокинон пайваста шикоят мекарданд, ки пойгоҳ дар маркази шаҳр қарор дорад ва тирпарронии сарбозону афсарони рус дар дохили он ба сокинон хатар дорад. Борҳо занозанӣ миёни сарбозону афсарони рус ва сокинони маҳаллӣ дар Кӯлоб сабт шуда буд.

Ин пойгоҳ замони шӯравӣ бунёд шудааст, ки Тоҷикистон ҳам узви он ҳисоб мешуд. Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки аз ибтидо он моли Тоҷикистон буд ва хабари “тақдими амволи он” ба ин кишвар мантиқ надорад.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд. Охири соли 2015 ин дивизия пойгоҳи худро аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG