Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷамъоварии оҳанпора рафт, вале худ пора-пора шуд. ВИДЕО


Лаҳзае аз тамрини низомӣ дар размоишгоҳи Лоҳур
Лаҳзае аз тамрини низомӣ дар размоишгоҳи Лоҳур

Ҷамъоварии оҳанпора дар ҳудуди размоишгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар Лоҳур бо марги як сокини 17-солаи деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Раҷабов анҷомид. Ҳодиса рӯзи 3-юми феврали имсол рух дод. Наздиконаш мегӯянд, Сироҷиддин аз таркиши тири кӯҳнаи гранотомёт ба ҳалокат расид.

  • Сокинони маҳаллӣ гоҳ-гоҳе баъди анҷоми машқҳои низомӣ ба ин майдон омада, оҳанпора ҷамъ мекунанд. Аммо, ба гуфтаи онҳо, бори аввал аст, ки дар ин ҷо чунин фоҷиа рух дод.
Русия соли 2015 нерӯ ва таҳҷизоти низомиашро аз минтақаи Кӯлоб берун кашид ва дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир намуд

Нурмуҳаммад Раҷабов, падари Сироҷиддин, натавонист дар маросими дафни писараш иштирок кунад. Ӯ дар муҳоҷират, дар Маскав буд ва замоне ба ватан расид, ки Сироҷиддинро аллакай дафн карданд.

Ин мард рӯзи 4-уми феврал дар суҳбат бо телевизиони "Настоящее время" гуфт, писараш аз ин пеш барои ҷамъоварии оҳанпора намерафт ва шояд ҳамин камтаҷрибагӣ буд, ки қурбонии таркиш шуд.

Гузориши видеоиро тамошо кунед:

Падар ба ҷанозаи фарзандаш нарасид
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Файзраҳмон Раҷабов, амаки Сироҷиддин, мегӯяд, таркиши қавӣ бародарзодаашро пора-пора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, онҳо ҳамроҳи кормандони ташхисгоҳи тиббӣ-додгоҳӣ ва мардум пораҳои ҷасадро дар як халта ҷамъ оварданд.

"Ҳама ҷои баданаш тит шуда буд. Бо ёрии халқ ҷамъ кардем. Мардум ёрӣ карданд", - нақл кард ӯ ба телевизиони "Настоящее время".

Нурмуҳаммад Раҷабов
Нурмуҳаммад Раҷабов

Ҳоло ки тафтиши ҳодиса идома дорад, пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз шарҳи қазия худдорӣ меварзад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро баъди анҷоми машқҳо ин майдон поккорӣ нашудааст? Дар пойгоҳи низомӣ ба ин пурсиш низ посух намедиҳанд.

То кунун марги сокинон ин маҳалла аз тири низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия сабт нашудааст. Ҳарчанд ҳалокати чорвои мардум зиёд будааст.

Сокиноне, ки дар ҳамсоягии машқгоҳ ба сар мебаранд, метарсанд, ки мабодо рӯзе тири низомиён на дар ҳудуди майдон, балки дар ҳавлиҳои онҳо метаркад. Ҷое, ки маъмулан кӯдакон бозӣ мекунанд. Аммо феълан бо ин ҳамсоягии хатарбор коре кардан наметавонанд.

Пойгоҳи 201-уми Русия бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо мақомоти Русия гуфтанд, ки солҳои охир теъдоди сарбозонро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардаанд.

Аз ҷумла, соли 2015 Русия нерӯ ва таҳҷизоти низомиашро аз минтақаи Кӯлоб берун кашид ва дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир намуд. Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад.

XS
SM
MD
LG