Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба пойгоҳи 201 ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин мефиристад


Русия қасд дорад, ки дар Пойгоҳи низомии 201-и худ воқеъ дар Тоҷикистон, баталёни ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, таъсис диҳад. Хабаргузории русии "Интерфакс" рӯзи 26-уми май аз қавли генерал-полковник Владимир Зарудниский, фармондеҳи нерӯҳои Округи марказии Русия хабар дод, ки то охири соли ҷорӣ дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, баталёни ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, таъсис хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин мақоми низомии Русия, Пойгоҳи 201 маҷмааи силоҳҳои муосири "Орланд" ва "Элерон"-ро дарёфт хоҳад кард. Генерал-полковник Владимир Зарудниский афзудааст, ки ин ҳавопаймоҳо, фаъолияти муосири нерӯҳои заминӣ, артиллерия ва нерӯҳои ҳавоиро, боло хоҳад бурд. Ҳамзамон ин мақоми низомии Русия мушаххас нагуфтааст, ки шумораи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ин пойгоҳ, чӣ қадар хоҳад буд.

Пойгоҳи 201-и Русия, бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардааст.

Аз ҷумла соли 2015 Русия нерӯ ва таҳҷизоти низомиашро аз минтақаи Кӯлоб берун кашида, дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир намуд. Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошад.

Тафсилот нашр мешавад

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG