Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Русия пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро тақвият мекунад"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – гуфт, ки Маскав пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон тақвият хоҳад бахшид. Путин ин амрро ба вазъият дар Афғонистон рабт додааст. Пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар хориҷ аз он кишвар аст, ки тақрибан 7 ҳазор сарбозу афсар дорад.

  • Владимир Путин дар бораи тақвияти пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр ва дар нишасти солонаи матбуотии худ изҳори назар кард.
Ин пойгоҳ ҳақ дорад, ки то соли 2042 дар ҳудуди Тоҷикистон бимонад.

Хабаргузории ТАСС навишт, Владимир Путин дар нишасти хабарӣ бо ишора ба вазъ дар Афғонистон гуфтааст, сулҳ дар ин кишвар танҳо аз тариқи гуфтугӯҳои сиёсӣ миёни тарафҳои даргир, ба даст меояд. "Бовар дорем, ки мусолиҳа метавонад аз раванди сиёсӣ сурат бигирад. Ва қабл аз он, мо бояд пойгоҳи низомиямонро дар Тоҷикистон тақвият намоем", - афзудааст Путин.

Ба қавли Путин, Русия омода аст барои барқарории сулҳ дар Афғонистон мусоидат намояд. Ӯ изҳори умед кардааст, ки ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон хоҳанд тавонист, сари мизи музокирот нишинанд ва ба сулҳ даст ёбанд.

Владимир Путин ҳамчунин гуфтааст, Русия барои рушди иқтисодии Афғонистон ва амалӣ шудани тарҳҳои мухталифи байналмилалӣ, аз ҷумла тарҳи TAPI ҳамкорӣ хоҳад кард. Сохтмони лӯлаи гази TAPI дар қисмати Туркманистон моҳи декабри соли 2015 шуруъ шуда буд. Тариқи ин лӯла, ки тақрибан ду ҳазор километр тӯл ва 10 миллиард доллар харҷ дорад, интизор меравад, ҳамасола то 33 миллиард мукааб гази Туркманистонро тариқи Афғонистон ва Покистон то Ҳинд интиқол диҳад.

Ахиран минтақаҳои ҷануб-шарқ ва ҳамчунин шимоли Афғонистон шоҳиди ҳузури афроди гурӯҳҳои тундрав шудааст ва фармондеҳону аъзои қатории ин гурӯҳҳо ба созмони тундрави "Давлати исломӣ" савганди вафодорӣ ёд мекунанд.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Пойгоҳи 201-уми Русия бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардааст.

Аз ҷумла, соли 2015 Русия нерӯ ва таҳҷизоти низомиашро аз минтақаи Кӯлоб берун кашид ва дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир намуд.

Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG