Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Гипрозем чӣ гузашт? Сокинон: "Дар даст чӯбу оҳан ва дар рӯ ниқоб доштанд" ВИДЕО


Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки дар робита ба занозанӣ миёни ҷавонон дар маҳаллаи “Гипрозем”-и пойтахт чанд нафарро боздошт кардаанд.

Ҳамлаварон кӣ буданд?

Тамоми шаб хоб накардам. Аз ҳисоби асаб. Дасту поям дард кард. Тарсидам. Дар дасташон чӯбу оҳан буд

Шоми 28-уми март дар саҳни як бинои баландошёна дар наздикии бозори “Гипрозем” миёни гурӯҳи донишҷӯён ва талабагони мактаб занозанӣ рух додааст. Дар ин ҳодиса чанд нафар маҷруҳ шуда, мошини сокинон низ хароб гардидааст.

Навбатдори Идораи умури дохилии Сино-1 рӯзи 29-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи занозании ду гурӯҳ аз ҷавонон, ки аслан мактабхонҳо ва донишҷӯён буданд, то ба ҳол шаш нафар боздошт шудааст. Ӯ афзуд, ҳангоми моҷаро ҷавонон бо чӯбу оҳан шишаи мошинҳоро шикастанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Боздошти 6 нафар пас аз занозании ҷавонон дар "Гипрозем"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:35 0:00

"Ҳодиса вақте рух дод, ки Наврӯзи Панҷакентро намоиш медоданд"

Ба қавли манбаъ, то ба ҳол сабаби ин хархаша маълум нест ва тафтишот маълум хоҳад кард, ки омилони задухӯрд киҳо ҳастанд. Навбатдори Идораи умури дохилии Сино-1 афзуд, ҳамакнун тафтишоти ибтидоӣ нисбат ба ин ҳодиса оғоз шудааст.

Рӯзи 29-уми март чанде аз ронандаҳои таксӣ дар маҳаллаи “Гипрозем”, ки қисми низомии пойгоҳи 201-и Русия низ дар онҷо воқеъст, розӣ нашуданд, дар бораи ҳодисаи шаби гузашта бо мо суҳбат кунанд. Яке аз онҳо чаҳор бинои нуҳошёнаро нишон дод ва гуфт, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст.

Ҳодиса дар наздикии пойгоҳи 201-уми Русия рух додааст
Ҳодиса дар наздикии пойгоҳи 201-уми Русия рух додааст

Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз бачаҳои аз 5 то 12-сола бо дидани дурбин ба назди мо омаданд. Онҳо гуфтанд, ки муноқишаи миёни ҷавонон тақрибан соати ҳашти шаби гузашта, замоне ки “Наврӯзи Панҷакент”-ро аз телевизионҳо намоиш медоданд, рух додааст.

"Тамоми шаб хоб накардам... аз тарс"

Шоҳидон мегӯянд, баъзе аз ҷавонони ҳамлагар рӯйи худро бо ниқобҳои тиббӣ пӯшонда буданд ва ба ҷавонони маҳалла, ки дар кӯча ва майдончаи варзишӣ буданд, ҳамла кардаанд. Муҳаммад, шоҳиди ҳодиса, рӯзи 29-уми март гуфт, “дар майдонча бозӣ доштем. Соат ҳашт буд. Футболбозӣ мекардем. Яке ҳамла карданд. Рӯйҳояшонро бо ниқоби тиббӣ пӯшонда буданд. Дар дасташон чӯбу... ҳама чиз буд.”

Дилором, сокини маҳаллаи “Гипрозем” ҳам ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд ва гуфт, “тамоми шаб хоб накардам. Аз ҳисоби асаб. Дасту поям дард кард. Тарсидам. Дар дасташон чӯбу оҳан буд”.

“Дидем, ки 60-70 нафар аз пушт баромаданд. Нимаш аз ин тараф. Дар дасташон арматура, тахта ва оҳан буд”, - гуфт шоҳиди дигари ҳодиса Замира Давлатова.

Ҳарчанд сокинон ҳадафи ҳамларо нафаҳмидаанд, аз рафтори онҳо тахмин мекунанд, ки “аз рӯи ҳисси бадбинӣ” ба маҳалла ҳамла шудааст. Баъзе шоҳидони ҳодиса гӯиё шунидаанд, ки ҳамлагарон шиори “Нест бод бачаҳои Гипрозем”-ро сар додаанд.

Ба як мошин осеб расонданд, ё чаҳор мошин?

Дар рӯи ҳавлии баландошёнае дар маҳаллаи “Гипрозем” чаҳор мошин истодааст, ки шиша ва чароғҳояшон шикастааст. Сокинон алвонҷаки рӯи ҳавлиро нишон доданд, ки гуруҳи ҳамлаварон онро низ вайрон кардаанд.

Масъули маҳалла ба саволи мо хеле “хушк” посух дод. Ӯ гуфт, ки “бе иҷозаи ҳукумат ягон чизро шарҳ намедиҳад”. Аммо айни замон дар суҳбати микрофон таъкид кард, ки аз пашша фил насозанд. “Танҳо як мошин зарар дидааст, аммо маълум нест чаро онро чаҳор мошин шумурдаанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Вай сокинонро айбдор кард, ки фарзандони худро бе назорат гузошта, мояи чунин муноқишаҳо мешаванд.

Бо гузашти як рӯз аз ин ҳодиса ҳанӯз мақомоти умури дохилӣ расман хабар пахш накардаанд. Танҳо навбатдори Идораи корҳои дохилии ноҳияи Сино-1 гуфт, ки таҳқиқоти ибтидоӣ шуруъ шудааст ва ин тафтишот маълум хоҳад кард, қазия аз чӣ қарор буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG