Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо ҷойивазкунии пойгоҳи 201 вазифаҳояш тағйир намеёбанд"


Як лаҳзаи берун бурдани техникаҳои пойгоҳи 201-ум аз Кӯлоб
Як лаҳзаи берун бурдани техникаҳои пойгоҳи 201-ум аз Кӯлоб

Пойгоҳи 201-уми Русия нерӯҳо ва техникаҳояшро аз маркази шаҳри Кӯлоб берун карда, ба тамрингоҳи Лоҳур, дар наздикии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон интиқол додааст.

Пойгоҳи 201-уми Русия нерӯҳояшро аз маркази шаҳри Кӯлоб берун карда, ба тамрингоҳи Лоҳур, дар тақрибан 20-километрии ҷанубуғарби Душанбе, фиристодааст. Ҳоло тамоми техникаи ҳарбии пойгоҳ аз Кӯлоб берун оварда шуда, танҳо коргарони ғайринизомиаш дар он ҷо боқӣ мондаанд, ки сарнавишти онҳо низ ба зудӣ маълум хоҳад шуд. Дари мактабу боғчаҳои мутааллиқ ба пойгоҳ низдар шаҳри Кӯлоб аллакай бастаанд.

Ярослав Рошупкин, роҳбари хадамоти матбуотии Округи марказии ҳарбии Русия, ки пойгоҳи 201−ум низ тобеи он аст, рӯзи 19 ноябр дар сӯҳбат бо Озодӣ дар мавриди кӯчидани қисми ҳарбии пойгоҳи 201-ум аз Кӯлоб ба мавзеи Лоҳур, дар канори Душанбе, гуфт, "хабари мо дар ин робита дар оҷонсиҳои расмӣ нашр шудааст ва илова бар он ман ҳеч чиз намегӯям".

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии давлатии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" бо такя ба хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбии Русия навишт, полки 149-уми моторонидашудаи тирандозии пойгоҳи низомии 201 аз вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе ва атрофи пойтахти Тоҷикистон - пойгоҳи Лоҳур гузаронда мешавад.

Дар идомаи ин хабари кӯтоҳ омадааст, ки "баъди тағйири мавзеъ теъдоди полки Русия ва вазифаҳои он тағйир намеёбанд... Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҳарбӣ ва афзун намудани нерӯи ҷангии полк мебошад. Шаҳрчаи ҳарбии Кӯлоб дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад".

Коршинос: "Кучонидани пойгоҳи русӣ ба манфиати кор буд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Бинобар иттилои хадамоти матбуотии Округи марказии ҳарбии Русия, кулли бинову иншооти пойгоҳи 201-ум дар Кӯлоб ба ихтиёри Вазорати мудофеаи Тоҷикистон гузошта мешавад.

Масъулони худи пойгоҳ дар мавриди сабабҳои кӯч додани нерӯҳояшон тафсилоти зиёде надода, танҳо бо ибораи “баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҳарбӣ”, иктифо карданд.

Александр Князев
Александр Князев

Аммо Александр Князев, таҳлилгари низомӣ мегӯяд, кӯчидани қисмҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русияро набояд бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон рабт дод. Вай афзуд: “таҳдидҳои, амниятие, ки аз Афғонистон бармеояд, як андоза муболиға мешаванд. Дар он ҷо гурӯҳи қавие, ки нияти ба Тоҷикистон ҳамла карданро дошта бошад, нест. Баъдан, дар замони ҳозира бо назардошти техникаву таҷҳизотӣ ҷангӣ масофа чандон нақши муҳиме надорад. Дар ҳолати зарурӣ нерӯҳоро дар як они воҳид мешавад ба ҷои зарурӣ интиқол дод”.

Князев афзуд, тасмими ба канори Душанбе кӯчонидани нерӯҳои пойгоҳ бештар ба хотири наздикии размоишгоҳи Лоҳур ва будубоши якҷои (компактний) аскарону афсарон рӯи даст гирифта шудааст.

​Гарнизони пойгоҳи 201-уми Русия дар маркази Кӯлоб дар ҳудуди 40 гектар ҷойгир буда, дар он ҷо беш аз 1000 сарбозу афсар хидмат мекарданд. Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба номае, ки бархе аз сокинони Кӯлоб дарёфт кардаанд, навишт, пойгоҳи 201-ум то 15 декабри соли ҷорӣ нерӯҳояшро аз ин минтақаи ҷанубии Тоҷикистон берун мебарад. Дар ин нома таъкид шудааст, ки интиқоли нерӯҳои пойгоҳи Русия аз Кӯлоб 15 октябр шурӯъ шудааст.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар 3 шаҳр - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гарнизон дорад. Ин пойгоҳ бо ҳудуди 7000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, чанд моҳи пеш нақшаеро эълон кард, ки то соли 2020 то ба 9000 расондани шумори нерӯҳои пойгоҳи 201 ва навсозии таслиҳоти онро дар назар дорад.

Дар соли 2012 Тоҷикистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати Русия замони будубоши пойгоҳи 201-ро ба камияш то соли 2042 тамдид кард. Душанбе, бар асоси он қарордод, аз талаби пули иҷора аз ин пойгоҳ даст кашид ва ба тамоми афсарону аскаронаш аз ҳар навъ таъқиби ҷиноӣ дар қаламрави Тоҷикистон масунияти монанд ба масунияти дипломатӣ дод.

Гарнизони асосӣ ва ситоди марказии пойгоҳи низомии Русия қаблан дар маркази Душанбе ҷойгир шуда буд. Вале дар ибтидои солҳои 2000-ум ин гарнизонро аз маркази пойтахти Тоҷикистон ба канораҳои ҷанубии он дар маҳаллаи “Гипрозем” кӯчонданд. Ҳоло дар макони қаблии пойгоҳи Русия дар маркази Душанбе Қасри “Сомон” қомат афрохтааст.

XS
SM
MD
LG