Пайвандҳои дастрасӣ

Муллоҷонов: "Тоҷикистон дар баҳси Ғарбу Русия бетараф хоҳад буд". ВИДЕО


Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, наметавонанд аз иқдоми кишварҳои ғарбӣ барои ихроҷи даҳҳо дипломати Русия пуштибонӣ кунанд.

Тоҷикистон мисли ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миёни се қудрати асосии тасмимгирӣ дар ҷаҳон қарор дорад. Аз як сӯ Русия, аз тарафи дигар Чин. Вале иқтисоди бузургтарин дар кишварҳои ғарбист

Мақомоти 22 кишвари ҷаҳон рӯзи 26-уми март гуфтанд, ки дар пайи моҷарои заҳролудкунии Сергей Скрипал - ҷосуси собиқи Русия дар Бритониё дар маҷмӯъ беш аз 100 дипломати русро аз хоки худ берун мекунанд. Танҳо Амрико гуфт, 60 дипломат ва корманди иктишофиро аз хокаш хориҷ хоҳад кард.

Бетарафӣ дар ихтилофи миёни Русия ва Ғарб

Парвиз Муллоҷонов, доктори улуми сиёсатшиносӣ, рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон бо инки танишҳои сиёсии миёни Русия ва кишварҳои ғарбиро назорат мекунанд, ҳеҷ гоҳ ба ингуна ихтилофҳо дахолат нахоҳанд кард. Вай мегӯяд, Русия хеле мехоҳад, ки кишварҳои пасошӯравӣ аз мавқеи ин кишвар ҳимоят кунанд, вале наметавонад дар ин замина талаби расмӣ намояд.

"Вақте соли 2014 муносибати Русия бо Ғарб дар пайи ҳодисаҳои Украина муташанниҷ шуд, Кремл сахт мехост, ки кишварҳои пасошӯравӣ аз Маскав ҳимоят кунанд. Аммо кишварҳои собиқи Шӯравӣ мавқеи бетарафӣ гирифтанд. Ҳоло низ ҳамин раванд идома меёбад", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Муллоҷонов: "Эҳтимоли ҷанги сарди нав вуҷуд дорад"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:10 0:00

​Тоҷикистон Русияро шарики стратегӣ меномад, ки дар иқтисоди ин кишвар ва ҳам дар бахши низомӣ кӯмак мекунад. 7 ҳазор низомии Русия дар пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон мустақаранд. Айни замон, Тоҷикистон Ғарбу Аврупоро ҳам барои худ шарики муҳим медонад ва мегӯяд, аз "сиёсати дарҳои боз" кор мегирад ва бо ҳама муттафиқон ҳамкор аст.

Тоҷикистон дар миёни се қудрати асосӣ

Кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ба сармояи кишварҳои хориҷӣ ниёзи сахт доранд ва ин сармояҳо асосан аз Аврупо ворид мешавад. Ба вижа, Тоҷикистон ба сармоягузорӣ ба арсаи маорифу тандурустӣ ниёзи зиёд дорад ва ин маблағҳо асосан аз кишварҳои ғарбӣ ворид мешаванд. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллии кишварҳои Аврупо баробари 31 триллион доллар аст, аммо ин рақам дар Русия баробари ҳамагӣ 2 триллион мебошад.

Доктори улуми сиёсатшиносӣ Парвиз Муллоҷонов дар ин бора гуфт, "Тоҷикистон мисли ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миёни се қудрати асосии тасмимгирӣ дар ҷаҳон қарор дорад. Аз як сӯ Русия, аз тарафи дигар Чин. Вале иқтисоди бузургтарин дар кишварҳои ғарбӣ ҷой дорад. Ба ин далел, кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон сиёсати риояи тавозуни геополитикиро идома дода, талош мекунанд мувозинати худро ҳифз кунад. Тоҷикистон дигар чорае надорад. Мақомоти тоҷик имкони муқовимат на бо Чину Русия ва на бо кишварҳои ғарбиро дар ихтиёр надорад".

Чаро Тоҷикистон на зидди Ғарб меравад, на зидди Маскав?

Аммо ба эътиқоди Муллоҷонов, сабаби асосии ҳимоят накардани Тоҷикистон аз тасмимҳои Ғарб дар ин аст, ки Русия ҳамчунон бозигари аслӣ дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ боқӣ мемонад.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия
Сергей Скрипал ва духтараш Юлия

Падару духтар - Сергей ва Юлия Скрипал рӯзи 4-уми март дар шаҳри Салисбури Бритониё бо нишонаҳои мадҳушӣ ёфт шуданд ва ҳоло ҳам дар ҳолати вазнин дар бемористон ҳастанд. Муфаттишони бритониёӣ гуфтанд, ки ин ду нафар бо маводи кимиёии харобкунандаи асаб заҳролуд шудаанд ва ин навъи мавод дар солҳои Ҷанги Сард ихтироъ шудааст. Бритониё дар ин ҳодиса ангушти иттиҳомро ба сӯи Маскав дароз кард

Дар пай даҳҳои кишвари аврупоӣ ва Амрикову Канада гуфтанд, ки ба нишони ҳамраъйӣ бо Бритониё аз хоки худ дипломтаҳои русро пеш мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG