Пайвандҳои дастрасӣ

Лондонград поккорӣ мешавад? ВИДЕО


Бинои сафорати Русия дар Лондон.

Баъди заҳролудшавии ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Лондон, мақомоти Бритониё тасмим гирифтаанд, ки сарчашмаҳои даромад ва моликияти олигархҳои рус дар ин кишварро таҳқиқ намоянд.

Пас аз ҳамлаи кимиёвӣ дар Сослсбери низомиён ва пулиси Бритониё ба таври фавқулода аз эҳтиёт кор мегиранд. Ҳоло вазифаи онҳо муайян кардани омилони заҳролудшавии ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия аст.

Созмони Шаффофияти Байналмилал аз мақомоти Бритониё даъват кард, ки имкони нисбат ба Шувалов истифода намудани қонун дар бораи дороиҳои аз сарчашмаҳои номаълумро баррасӣ намоянд.

Лондон дар ин қазия Маскавро муттаҳам мекунад ва муносибати ду кишвар ҳам дар пайи ихроҷи дипломатҳои ду тараф мураккаб шуд. Нахуствазири Бритониё Тереза Мей дар мавриди имкони андешидани чораҳои қотеъ нисбат ба сармояи Русия, ки сарчашмаи он норӯшан аст, таъкид кард.

Тереза Мэй гуфт, "дар оянда аз тамоми имкониятҳое, ки қонунгузории Бритониё иҷозат медиҳад, барои фишороварӣ ба ҷинояткорон ва элитаҳои фасодзада кор мебарем. На ба ин афрод ва на ба пули онҳо дар кишвари мо ҷой нест."

Ҳангоми баҳсҳо порлумон ба ҳукумат пешниҳод кард, ки аз қонуни ба тозагӣ тасвибшуда дар бораи дороиҳо аз манобеи номаълум истифода кунад. Ин иқдом метавонад ба амволи тоҷирони наздик ба Кремел дар Бритониё таъсир гузорад. Тибқи ин қонун, афроди гумонбар дар фаъолияти ғайриқонунӣ масъул ҳастанд, ки сарчашмаи маблағҳояшонро ошкор кунанд, вагарна ин дороиҳо мусодира мегарданд.

Лондонград поккорӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:22 0:00

Иэн Бонд, як масъули Маркази ислоҳоти аврупоӣ гуфт, "бахши аслии кори мо ҷустуҷӯ ва таъсир ба манфиати афроди наздик ба Кремл ва Путин аст, то онҳо маҷбур шаванду бигӯянд, "Владимир Владимирович, мо аз ҳад гузарондем, шояд каме пасттар оему ба қатли одамон дар Бритониё хотима диҳем?"

Амволи воқеъ дар боғи соҳили Темза зимни баҳсҳои имрӯза ёддоварӣ шуд. Гуфта мешавад, хонае дар ин бино, ки тирезаҳояш ба сӯи Вазорати дифоъ боз мешавад, ба муовини аввали ҳукумати Русия Игор Шувалов тааллуқ дорад. Арзиши ин манзил 16 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Созмони Шаффофияти Байналмилал ё Трансперенси Интернэшнл аз мақомоти Бритониё даъват кард, ки имкони нисбат ба Шувалов истифода намудани қонун дар бораи дороиҳои аз сарчашмаҳои номаълумро баррасӣ намоянд.

Рэйчел Дэвис Тека, масъули Трансперенси Интернэшнл гуфт, арзиши ин хона тақрибан 76 баробар бештар аз маблағи даромади солонаи эълоннамудаи ӯ аст. Вай афзуд, ки дар Англия амволеро дар ҳудуди 940 миллион фунт пайдо карданд, ки русҳо бо пули аз роҳи коррупсия ва ҷиноят ба даст оварда, харидаанд. "Мехоҳем бубинем, ки ҳукумати Бритониё дар ин бора маврид чӣ иқдом пеш мегирад",-афзуд вай

Исми яке аз моликони клуби футболи "Арсенал" низ дар робита ба истифодаи қонун дар бораи дороиҳо аз манбаъҳои номаълум дар баҳси порлумонӣ зикр шуд. Миллионери узбек Алишер Усмонов соҳиби сӣ дарсади саҳмияи "Арсенал" ва молики ду хонаи боҳашамат дар қисмати ҷануби шарқи Англия аст.

"Дар ин клуб ба мо машварат доданд, ки барои шарҳ ба ширкати Усмонов – USM Holdings – муроҷиат кунем, аммо дар онҷо хоҳиши мо бе посух монд",-афзуд Рэйчел Дэвис Тека

Сафорати Русия дар Лондон низ ба дархости ин созмон барои сӯҳбат ҷавоб надоданд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар Маскав бо лаҳни тунд вазъият дар Бритониёро баҳогузорӣ кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG