Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли Бритониё ва Русия ба Шӯрои Амнияти СММ кашонида шуд


Сергей Скрипал ва духтараш Юлия.
Сергей Скрипал ва духтараш Юлия.

Ҷанҷоли Бритониё ва Русия бар сари қазияи заҳролуд шудани ҷосуси пешини Русия Сергей Скрипал ва духтараш дар шаҳри Солсберии Бритониё, ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид кашонида шуд. Рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми март бо талаби Бритониё нишасти изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба ин қазия, баргузор шуд.

Намояндаи Бритониё дар Созмони Милали Муттаҳид да ин нишаст гуфтааст, ки Русия дар як шаҳри ин кишвар аз "силоҳи чунон ваҳшатнок истифода кардааст, ки истифодаи он дар ҷанг мамнӯъ аст". Вай Русияро ба нақзи Конвенсияи манъи силоҳҳои кимиёвӣ, муттаҳам кард.

Гази фалаҷкунандаи асаб - "Новинка" замони Ҷанги сард дар Шӯравии собиқ коркард мешуд.

Аммо Василий Небинзия, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишаст бори дигар дахолати Маскав дар ҳамла ба Сергей Скрипал ва духтарашро радд кард. Сафири Русия гуфтааст, "хостори он ҳастем, ки намунаҳои маводе, ки дар ин ҳамла истифодашударо барои таҳқиқ дар ихтиёри мо қарор диҳанд."

ПуштибонииАмрико ва НАТО аз Бритониё

Намояндаи Амрико дар СММ дар ин нишасти Шӯрои Амният гуфтааст, Русия масъули ҳамла ба Сергей Скрипал ва духтараш аст. Вай гуфтааст, ки Шӯрои Амният бояд ба ин қазия вокуниш нишон диҳад. Хонум Никки Ҳейли изҳор доштааст, "Амрико бар ин бовар аст, ки Русия масъули ҳамла ба ду нафар дар Бритониё аст."

Дар ҳамин ҳол яке аз шӯроҳои НАТО барои баррасии масъали заҳролуд шудани ҷосуси дуҷонибаи рус дар Бритониё, нишасте баргузор мекунад. Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти НАТО мегӯяд, як мақоми расмии ин созмон таъкид кардааст, ки интизор меравад тайи чанд рӯзи оянда нишастҳо ва баҳсҳои бештаре дар бораи заҳролуд шудани Сергей Скрипал ва духтараш баргузор шавад.

Тереза Мей, нахуствазири Бритониё, эълон кард, ки дар вокуниш ба заҳролуд шудани ҷосуси пешини рус Сергей Скрипал ва духтараш, 23 дипломати рус аз ин кишвар ихроҷ мешаванд. Нахуствазири Бритониё рӯзи 14-уми март дар порлумони он кишвар гуфт, ин афрод кормандони хадамоти ҷосусии Русия ҳастанд, ки дар либоси дипломат фаъолият доранд.

Русия зарбулаҷали Бритониёро нодида гирифт?

Бритониё то соати 12-и нимашаби сешанбе ба Маскав муҳлат дода буд, то дар бораи заҳролуд шудани Сергей Скрипал ва духтараш дар Бритониё тавзеҳот пешниҳод намояд. Бритониё гуфтааст, гумонбари аслӣ дар мавриди заҳролуд кардани ин ҷосуси пешин ва духтараш бо гази фалаҷкунандаи асаб Русия аст. Гази фалаҷкунандаи асаб - "Новинка" замони Ҷанги сард дар Шӯравии собиқ коркард мешуд. Русия ин иттиҳомро рад кардааст.

​Тереза Мей, инчунин, гуфтааст, ба Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳам, ки қарор аст тобистони имсол дар Русия баргузор шавад, ҳайати баландпоя намефиристад ва даъвати Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ба Лондонро бозпас мегирад.

Скрипалро кӣ заҳролуд кард?

Рӯзи 5-уми марти имсол маълум шуд, ки дар Бритониё бо нишонаҳои заҳролудшавӣ собиқ ҷосуси низомии Русия Сергей Скрипали 66 ва Юлия - духтари 33-солаи ӯ пайдо шуданд. Ҳардуи онҳо дар бемористон дар утоқи муолиҷаи интенсивӣ ё босуръат дар ҳолати сангин ба сар мебаранд. Заҳролудшавӣ эҳтимол рӯзи 4-уми март рух додааст: падару духтари ҷабрдида дар назди як маркази тиҷоратии шаҳри Солсбери пайдо шуданд.

Сергей Скрипал, полковник ё сарҳанги бознишастаи истихбороти низомии Русия мебошад ва дар соли 2006 ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Бритониё ба 13 сол зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ба он муттаҳам мешуд, ки шахсияти шуморе аз ҷосусҳои махфии Русия дар Аврупоро ба Созмони истихборотии Бритониё MI-6 додааст. Сергей Скрипал барои он маълумот, ки аз оғози солҳои 1990-ум додааст, 100 ҳазор доллар дарёфт карда буд.

Литвиненкоро ҳам дар Бритониё заҳролуд карданд

Скрипал дар моҳи декабри соли 2004 дар Маскав боздошт ва дар моҳи августи соли 2006 “барои хиёнати бузурги ҷосусӣ” ба 13 сол зиндон маҳкум шуд. Хадамоти федералии амнияти Русия иддао дорад, ки вай солҳои 90-ум, замоне ки дар артиш хидмат мекард, бо MI-6 ҳамкориро оғоз карда буд.

Бемории Скрипал ҳодисаи заҳролудшавӣ ва марги ҷосуси собиқи ФСБ дар Лондон дар соли 2006 Александр Литвиненкоро ба ёд меорад. Мақомоти тафтишотии Бритониё дар пай Андрей Луговой, узви порлумони Русияро дар заҳролуд кардани Литвиненко дар як меҳмонхона дар маркази Лондон гунаҳкор карданд.

Таҳқиқот гуфт, ки Литвиненко заҳри полониум 210-ро бо чой нӯшонда шудааст. Аммо Маскав натиҷаҳои ин тафтишро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид. Худи Андрей Луговой ва шарики ӯ Дмитрий Ковтун даст доштани худ дар марги мармузи Литвиненкоро рад карданд. Бисёре аз коршиносон дар Русия ва Бритониё хавф доранд, ки Скрипал охирин қурбонии талоши террор аст.

XS
SM
MD
LG