Пайвандҳои дастрасӣ

"Бисёре аз созишномаҳои Тоҷикистону Русия кор намекунанд"


Ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои муштаракулманофеъ

Ду моҳ пеш аз як мулоқоти вакилони мардумии Тоҷикистон ва Русия, Маҳмадсад Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ хостааст, созишномаву қарордодҳои байни ду кишвар дубора мавриди омӯзиш қарор бигиранд.

Раиси палатаи болоии порлумон гуфтааст, агар маълум шавад, ки кадоме аз ин қарордоду созишномаҳо амалӣ намешаванд ва ё кӯҳна шудаанд, онҳоро аз эътибор соқит мекунанд. Тоҷикистону Русия дар муддати 26 соли гузашта ва аз замони соҳибистқлол шудани Тоҷикистон тақрибан 250 санадҳои гуногуни ҳамкорӣ имзо кардаанд. Ба таъбири дигар байни ду кишвар ҳар сол 10 санад имзо шудааст.

Рӯзҳои 24-26-уми октябр дар шаҳри Маскав ҷаласаи Комиссияи байнипорлумонии Тоҷикистону Русия сурат мегирад. Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ дастур додааст, мақомоти расмӣ то он замон, феҳрасти созишномаву қарордодҳоеро таҳия кунанд, ки амалӣ намешаванд, ё мӯҳлати иҷрояшон сипарӣ шудааст.

Убайдуллоев ба Матвиенко чӣ хоҳад гуфт

Як манбаъ дар Маҷлиси Миллӣ рӯзи 7 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо ҳамтои русаш Валентина Матвиенко мавзӯи амалӣ шудан, ё нашудани созишномаву қарордодҳои дуҷонибаро баррасӣ намояд. Ба гуфтаи манбаъ афзуд, ки то моҳи октябр ду моҳи дигар фурсат боқӣ мондааст ва сохторҳои марбута вазифадоранд, ки феҳрасти чунин санадҳоро омода кунанд.

Ба гуфтаи як журналисти тоҷик, ки ҳамкориҳои ду кишварро пайгирӣ мекунад, беиҷро мондани санадҳои зиёде, раиси Маҷлиси миллиро водор кардааст, ки аз мақомот бихоҳад, дигарбора созишномаҳои дуҷонибаро аз нав варақ бизанад.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки нахост, номаш бурда шавад, гуфт, дар ду даҳсолаи гузашта, Тоҷикистон аз Русия ба ҳайси шарики стротегӣ умедвории зиёде бахусус дар арсаи иқтисодӣ дошт, аммо натиҷаҳои бисёре аз санадҳо барояш маъюскунанда буд.

Тоҷикистон аз созишномае, ки Дерипаска зераш имзо гузошт, даст кашид.
Тоҷикистон аз созишномае, ки Дерипаска зераш имзо гузошт, даст кашид.

Тоҷикистону Русия 14 сол пеш қарордоде дар бораи бунёди нерӯгоҳи Роғун имзо карданд, вале баъдан Тоҷикистон ба далели таъхири ширкати “Русал” дар сармоягузорӣ аз қарордод даст кашид.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, ки Русия дар Тоҷикистон сохт дар ивази бештар аз 200 миллион доллар қарзе, буд, ки Душанбе онро эътироф намекард, вале дар ниҳоят пазируфт. Баъдан Русия 75 дар сади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро аз худ кард ва гоҳ-гоҳ байни ду тараф бар сари пули нерӯи барқ ҷанҷол мехезад.

Сиёсат аввал иқтисод дуввумдараҷа

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, маҳз қарордоҳои иқтисодӣ байни ду тараф иҷро намешаванд.

“Бархе аз ин қарордодҳо, бавижа, дар робита ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тақрибан амалӣ намешаванд. Дар бораи ҳаққи муҳоҷирони корӣ ва ҳамкориҳои низомӣ чанд қарордод иҷро нашуд ва мантиқист, ин санадҳо бояд аз эътибор соқит шаванд " – гуфт, Парвиз Муллоҷонов.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, Русия дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон умдатан ба масоили сиёсӣ тамаркуз мекунад, чун имконоти иқтисодиаш заиф аст. Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки куллия кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия созишномаи ҳамкориҳои стратегиро имзо кардаанд, аммо муносибати Маскав ба шариконаш яксон нест.

“Узбекистон ҳам бо Русия мисли Тоҷикистон шарикони стратегӣ ҳастанд. Аммо Маскав дар ҳамкорӣ бо Тошканд бештар ба робитаҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ карда, бо Душанбе асосан дар заминаи сиёсиву низомӣ шарик аст. Ҳарчанд Тоҷикистон ба ҳамкориҳои бештар дар заминаи иқтисодӣ умедвор буду созишномаи шарикии стратегиро имзо карда буд” - гуфт Рашид Абдулло.

Созишномаи 42-солаи Тоҷикистону Русия

Яке аз созишномаҳои муҳиме, ки байни ду тараф имзо шудааст, созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон аст, ки баъди кашмакашҳои зиёд ба имзо расид. Бар асоси ин созишнома, Тоҷикистон пойгоҳро 42-сол мизбонӣ мекунад. Дивизияи 201-уми Русия, ки 7 ҳазор сарбоз дорад, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ ба ҳисоб меравад ва ба қавли мақомоти Русия “кафолати амнияти Тоҷикистон” низ ҳаст.

Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст ва соли 2016 тиҷорати байни ду кишвар аз 1 миллиард доллар ҳам зиёд будааст. Тоҷикистон асосан харидори маҳсулоти нафтии Русия аст ва ба он кишвар умдатан маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад.

Муҳоҷирон абзори фишори сиёсӣ ба Тоҷикистон

Масъалаи аз ҳама ҳассос дар байни ду кишвар ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст. Бештар аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кору иқомат мекунанд, вале ҳуқуқи онҳо дар ҳар кӯчаву паскучаи Русия зери по мешавад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз ҳукумати Маскав тақозо кардаанд, ки шарту шароити кори муҳоҷирони тоҷикро осонтар кунад, аммо бисёре аз ин муроҷиатҳо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ нодида гирифта шудаанд.

Тафтиши муҳоҷирони тоҷик
Тафтиши муҳоҷирони тоҷик

Айни замон Русия ошкоро муҳоҷиронро ҳамчун абзоре барои фишори сиёсӣ ба Тоҷикистон истифода бурдааст ва ҳар вақт мушкиле дар робитаҳо пеш биёяд, ихроҷи муҳоҷирон зиёд мешавад ва пулиси Русия ҳам амалиёт ба зидди муҳоҷиронро зиёдтар мекунад.

Танҳо санаде, ки соли 2017 Русия барои сабукӣ ба муҳоҷирони тоҷик имзо кард, ин буд, ки иҷоза дод, ҳазорон муҳоҷир, ки ғайриқонунӣ кор мекарданд, расман иҷозаи кор бигиранд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бар асоси он санад бештар аз 100 ҳазор нафар иҷозаи расмӣ барои кор гирифтанд ва онҳое, ки барои қонуншикании ночизе аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд, иҷоза бозгашт гирифтанд.

"Нозӯр назди зӯр ҳамеша қарздор аст"

Амнияти Абдулназар, таҳлилгари тоҷик дар посух ба ин суол, ки чаро қарордҳои ду тараф беиҷро мемонанд, гуфт, “Русия кишвари абарқудрат аст ва Тоҷикистон баръакс, кӯчак. Дар Бадахшон мақоле ҳаст, ки нозӯр назди зӯр ҳамеша қарздор аст ва муносибати Маскав ва Душанбе ба гунаи ҳамин мақол мебошад."

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба қавли таҳлилгари дигар, Абдумалик Қодиров, Русия танҳо он санадҳоеро иҷро мекунад, ки ба суди худаш бошад. “Русия барои мустақар кардани пойгоҳаш дар Тоҷикистон ба Душанбе ваъдаи зиёде дод, аммо ин тавофуқот зуд ба коми фаромӯшӣ рафтанд."

Ба қавли таҳлилгари тоҷик, "Мақомоти тоҷикро зарур буд, ҳар сари вақт аз тариқи вазорати хориҷа аз ҳамтоёни русашон пурсанд, ки сарнавишти созишномаҳо чӣ шуд? Ман намедонам, ки чаро мақомоти тоҷик дар ин замина иқдоме намекунанд. Барои Русия муҳим буд, ки пойгоҳашро мустақар созад ва ба ҳадафаш расид, аммо ҷониби Тоҷикистон низ бояд ба иҷрои қарордодҳои дигар пофишорӣ мекард” - гуфт, ӯ.

Ҳоло маълум нест, ки чанд созишномаву қарордодҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ба феҳрасти «қарордодҳои кӯҳнашуда ва бе иҷро монда» ворид мешавад, аммо маълум аст, ки ин феҳраст дароз хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG