Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони рус рафтанд, Дараи об ором шуд


Пойгоҳи низомии 201-и Русия шаш моҳ қабл аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баст ва аз он замон то ин дам сокинони деҳаи Дараи оби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нафаси тоза мекашанд.

Пойгоҳи 201-и Русия шаш моҳ қабл аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баст ва аз он замон то ба ин дам сокинони деҳаи Дараи оби ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нафаси тоза мекашанд. Ин деҳа дар 10-километрии тамрингоҳи “Мумирак” ҷойгир аст ва то соли гузашта сокинон аз сарозер шудани тиру гулӯлаҳои сарбозони рус болои хона ва заминҳои кишташон, дар тарсу ҳарос ба сар мебурданд.

Иқболбӣ Лашкарова, сокини деҳаи Дараи об ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло баъд аз 15 сол метавонад дар боғчаи назди ҳавлии худ бидуни тарс гаштугузор намояд. Ӯ мегӯяд, замони ҳузури сарбозони рус дар Кӯлоб тирҳои "дайду"-и сарбозони рус борҳо ба хонаи онҳо ворид шудаанд.

"Ҳар як тир мезадаашон садо дошт. То шаш моҳи пеш мо дар ин ҳавлии худамон озодона гашта наметавонистем. Ҳатто дар хона хоби ором надоштем. Чандин тир дар болои бом ва даруни хона задааст. Аммо ҳоло шукрона мекунем, сарбозон рафтанд ва мо озодиро ҳис кардем ва болои кат нишаcта, бе тарс сӯҳбат мекунем, хӯрок мехӯрем",--гуфт мусоҳиби мо.

Султон Қурбонов, ҳамсари Иқболбибӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло шод аст, ки дивизияи 201 аз "Мумирак" кӯчонида шуд: "Ду соли пеш моҳи июл буд, як тир омад зад, алаф оташ гирифт ва мардум бо либосҳои танаи худ оташро хомӯш карданд. Вақте аз хона берун мешудӣ, дар дил тарс ворид мешуд, ки ё ҳозир ё замони дигар тир хоҳад расид, аммо ҳоло дигар кӯдакон озод мегарданд ва касе тарс надорад."

Сокинони ин минтақа мегӯянд, ки ҳоло русҳо Кӯлобро тарк карданд, аммо осори тиру гулӯлаҳои онҳо дар ин деҳа барои солҳо боқӣ хоҳанд монд. Дар ин деҳа кам хонаводае вуҷуд доранд, ки аз тир ё гулӯлаи сарбозони рус осеб надида бошанд.

Нафаси тозаи аҳолии Дараи об пас аз рафтани русҳо аз Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Замони ҳузури русҳо дар Кӯлоб, сокини ин деҳа ҳамасола ба масъулони маҳаллӣ аз сарозер шудани гулӯлаҳои сарбозони рус шикоят мекарданд. Аммо як масъули ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 22-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди рафтани сарбозони рус аз Кӯлоб, то ба ҳол ҳеҷ шикояте аз сокинони деҳаи Дараи об ба онҳо нарасидааст.

Деҳаи Дараи об дар даҳкилометрии тамрингоҳи «Мумирак» ҷойгир буда, бо доштани 500 хоҷагӣ дар ҳудуди Шӯрообод калонтарин деҳа ба шумор меравад. Дар пайи афтидани тирҳои сарбозони рус дар ин деҳа дар зарфи 15 соли ахир 11 нафар ҷони худро аз даст дода ва садҳо сар чорпоён талаф ёфтаанд.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд. Аммо охири соли 2015 ин дивизия пойгоҳи худро аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонд.

XS
SM
MD
LG