Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз назари баҳсбарангези Ҷабборов мақомоти тоҷику қирғиз дар Душанбе вохӯрданд


Парчами Қирғизистон ва Тоҷикистон
Парчами Қирғизистон ва Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе музокироти мақомоти тоҷик ва қирғиз дар масъалаи таъину аломатгузории марз баргузор шудааст.

Дафтари матбуотии сарвазири Қирғизистон гуфтааст, ки гурӯҳи кории топографии ду кишвар аз 25-ум то 30-уми октябр дар масъалаи мушаххас кардани марзи давлатӣ дар Душанбе бо ҳам музокира анҷом додаанд.

Ин вохӯрӣ пас аз назари баҳсбарангези Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар масъалаи марз баргузор шудааст. Содир Ҷабборов рӯзи 23-уми октябр дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки гуё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Мурғобро баргардонед. Ин назари ӯ дар Тоҷикистон сару садо ба по кард ва даъвои ӯро бебунёд унвон карданд. Баъдан, дафтари матбуотии ӯ изҳорот дод, ки суханҳои Ҷабборов дар масъалаи марз таҳриф шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷузъиёти музокироти охирро шарҳ надодаанд. Мақомоти қирғиз танҳо гуфтаанд, ки “вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстона баргузор шуд”.

Ду ҷониб ба тавофуқ расидаанд, ки вохӯрии оянда дар Бишкек баргузор хоҳад шуд.

Пас аз задухӯрди хунин дар охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти ду кишвар борҳо бо ҳам вохӯрӣ анҷом доданд ва созишномаҳое миёни ҳам ба имзо расониданд.

Тоҷикистон ҳеҷ ҷузъиёте дар бораи ин вохӯриҳо намедиҳад, вале моҳи июл мақомоти қирғиз гуфтанд, ки дар се вохӯрӣ дар масъалаи аломатгузории 40 километри марз ба мувофиқа расидаанд.

Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километр тӯл дорад ва ҳоло танҳо 519 километри он мушаххас аст.

Солҳост, ки номушаххасии марз боис ба занозании сокинони марзӣ ва низомиёни дуҷониб мешавад.

Рӯзҳои 28-30-юми апрели имсол дар марзи ду кишвар низои мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 19 нафар аз ҷониби Тоҷикистон, 36 нафар аз ҷониби Қирғизистон кушта шуда, 87 кас аз ҷониби Тоҷикистон ва 154 кас аз тарафи Қирғизистон захмӣ гардиданд. Даҳҳо манзил қисман ё пурра хароб шуд.

XS
SM
MD
LG