Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтам, Мурғобро диҳед, рад карданд." Президенти Қирғизистон баҳси марзиро бо Тоҷикистон шарҳ дод


Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, рӯзи 23-юми октябр дар Бишкек нишасти матбуотӣ баргузор кард

Президенти Қирғизистон гуфт, дар таъину нишонагузории марз бо Тоҷикистон се нуқтаи баҳсӣ аст, ки, ба гуфтааш, "аз замони истиқлоли кишварҳо ҳал намешавад".

Содир Ҷабборов гуфт, омодааст, "ҳатто имрӯз" созишномаро имзо кунад, аммо афзуд, ин аз Бишкек вобаста нест. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон асосҳои баҳси марзиро шарҳ намедиҳад, танҳо баъзе аз мансабдорон гуфтаанд, ду давлат мехоҳанд, хатти сарҳадро бар пояи харитаҳои солҳои гуногун ва ба манфиати худ кашанд.

Ҷабборов, ки як сол пеш дар натиҷаи эътирозҳо аз зиндон озод шуда, президенти Қирғизистон интихоб гардид, рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Бишкек нишасти матбуотӣ доир кард. Ӯ дар ин нишаст инчунин баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод.

Рӯзҳои 28-30-юми апрели имсол дар марзи ду кишвар низои мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 19 нафар аз ҷониби Тоҷикистон, 36 нафар аз ҷониби Қирғизистон кушта шуда, 87 кас аз ҷониби Тоҷикистон ва 154 кас аз тарафи Қирғизистон захмӣ гардиданд. Даҳҳо манзил қисман ё пурра хароб шуд.

Дар ҳоле ки коршиносон дар Тоҷикистон популизм ва набудани дурандешии сиёсии раҳбарони Қирғизистонро танқид мекунанд, дар Бишкек сокинони наздимарзии Тоҷикистонро дар шурӯи низоъ гунаҳкор медонанд. Ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон бе таваҷҷуҳ ба таърихчаи буҳрон даргирии ахирро "таҷовуз" ё "агрессия"-и Тоҷикистон меномад.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони дигари ҷомеаи байналмилалӣ аз низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар изҳори нигаронӣ карда, музокираву дипломатияи сиёсиро танҳо роҳи ҳалли баҳсҳои марзӣ номиданд. Як моҳ баъд аз ин ҳодисаҳо, Қирғизистон ба таври якҷониба марзашро ба рӯйи Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш баст ва бар асоси як қарори чанд рӯзи пеш танҳо донишҷӯёни тоҷикистонӣ ҳақ доранд, аз он нузаранд.

Рӯзи 23-юми октябр дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек Ҷабборов гуфт: “Донишҷӯён бояд таҳсилашонро идома диҳанд. Марзҳо баъди анҷоми нишонагузории сарҳад боз мешаванд. Мо ба хотири роҳ надодан ба низоъ онро баста нигоҳ медорем”.

Раҳбари Қирғизистон афзуд, ба зудӣ ба Тоҷикистон ҳайати байниҳукуматӣ сафар мекунад ва “ҳар қадар зудтар аломатгузории марз ба анҷом расад, ҳамон қадар пештар ҳам марз боз хоҳад шуд”.

Баъд аз низои мусаллаҳона дар марз президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов бо ҳам гуфтугӯи телефонӣ доштанду мулоқоти рӯбарӯ барпо карданд, вале ба назар мерасад, ки низои ахир боиси сарду пуртаниш шудани равобити миёни Душанбеву Бишкек ҳам дар сатҳи ҳукуматҳо ва ҳам дар сатҳи мардуми оддӣ шудааст.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километрро мушаххас ва нишонагузорӣ кардаанд.

Адахон Мадумаров ва протоколи соли 2009

Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз ба ин ҳарфҳои Ҷабборов вокуниш накардаанд, вале дар гузашта аз шарҳу тавзеҳи муфассали баҳсҳои марзӣ худдорӣ варзидаанд. Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бар ин аст, ки заминҳое, ки дар давраи Шӯравӣ ба иҷора дода шудаанд ва ҳамчунин қаламравҳои холии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон ишғол шудаанд, дар ҳоле ки ба Қирғизистон тааллуқ надоранд.

Содир Ҷабборов дар нишасти матбуотии рӯзи шанбе дар Бишкек гуфт, моҳи май аз комиссиюни байниҳукуматӣ санадҳои марбут ба баҳсҳои марзиву ҷараёни музокироти байниҳукуматиро талаб кард. "Он ҷо се масъалаи баҳсӣ ҳаст: дар қитъаи Торт-Кочо, роҳи самти Ворух ва нуқоти баҳсии ноҳияҳои Ботканд ва Лайлак. Аз назари ҳуқуқӣ мо ҳақ ҳастем", -- гуфт ӯ.

Ҷабборов дар нишасти матбуотии худ гуфт, 3-юми марти соли 2009 Адахон Мадумаров дар мақоми раиси Шӯрои амният протоколе имзо кард, ки ба гуфтааш, бар асоси он, Душанбе роҳеро, ки ба самти ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мебарад, онро аз они худ меномад.

Ӯ афзуд, бар асоси ин санад, "275 метри қаламравро аз они Тоҷикистон меномад, вале аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки онро ба мӯҳлати 49 сол ба иҷора диҳад. Онҳо мегӯянд, 12 сол гузашт ва баъди 37 сол мо онро мебандем, ва ё аз роҳи музокирот, мӯҳлати иҷораро тамдид мекунем. Ман гуфтам, ки Мадумаров ба ин ҳақ надошт”, -- гуфт Ҷабборов.

Дар идома ӯ гуфт: “Ман метавонам дар ин масъала нуқта гузорам, вале дар ин сурат баъди 37 сол Лайлак ба анклав табдил мешавад”. Президенти Қирғизистон гуфтааст, 210 гектар замин дар Лайлаку Бодканд баҳсӣ ҳастанд.

Радиои “Азаттик” менависад, ки Мадумаров дар гузаша қарори худро дуруст номида, гуфтааст, “маҳз бо сабаби имзо шудани он протокол, мошинҳо аз Сулюкта ба Бишкек ва дигар манотиқи Қирғизистон бемамониат ворид мешаванд”.

Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ дар идома аз қавли Ҷабборов менависад, “онҳо (зоҳиран, манзураш мақомоти тоҷик) мегӯянд, соли 1924 ин заминҳо ба мо гузашт. Ман гуфтам, агар ин хел бошад, мо соли 1924 ба шумо Мурғобро бо масоҳати 3 миллион гектар додем. Биёед, онро ба мо баргардонед. Онҳо розӣ нестанд. Комиссиюни байниҳукуматӣ кор мекунанд. Дафъаи гузашта онҳо боз 8 километри дигарро аниқ карданд. Умедворам, ки масъала бо назардошти манфиатаҳои ҳарду ҷониб ҳал мешавад”, -- гуфт Ҷабборов.

Ҷабборов нагуфт, ки баҳси ӯ дар ин мавзуъ бо ҷониби Тоҷикистон дар кадом шароит ва дар куҷо сурат гирифтааст. Вале моҳи июни соли ҷорӣ, ду моҳ баъди низои хунин дар марз, ӯ ба Душанбе рафт ва давоми қариб як рӯз пушти дарҳои баста бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кард. Ин дидор бо имзои чаҳор санаде, ки масоили марзиро дар бар намегирифтанд ва изҳороти сулҳхоҳонаи дипломатӣ ба поён расид.

Чанд хабарнигоре, ки дар толори мулоқот пушти дарҳои баста, ба гуфтаашон “шаш соат интизори натиҷаҳои гуфтугӯи ду президент” буданд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳарду раҳбар баъди ин аз мулоқот бо табъи хира берун шуданд ва ҷузъиёти зиёд надоданд.

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG