Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон як роҳи ҳалро барои баҳси марзӣ бо Тоҷикистон пешниҳод кард. ВИДЕО


Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтояш аз Қирғизистон Руслан Қазоқбоев. Шаҳри Душанбе, моҳи ноябри 2020

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон тахмин кардааст, ки як роҳи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистон "даст кашидани ду тараф аз қаламравҳои даъвоӣ" буда метавонад. Руслан Қазоқбоев ин фарзияро дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии Русия – РИА Новости баён кард. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардааст.

Мусоҳибаи ихтисосии Руслан Қазоқбоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, бо хабаргузории давлатии русӣ 24-уми август нашр шуд. Қисми калони мусоҳиба ба вазъи Афғонистон ва мавзеъгирии Бишкек дар робита бо таҳаввулоти сиёсии ин кишвар рабт дорад.

Мавзуъи дигаре, ки дар ин мусоҳиба матраҳ шудааст, ҷараёни музокироти байнидавлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи таъину нишонагузории сарҳад аст. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марз доранд ва тақрибан ниме аз он баҳсӣ аст ва ҳар чанд вақт сабаби ҷанҷоли сокинон ва нирӯҳои низомии ду кишвар мешавад.

Ҳодисаҳои хунини охири моҳи апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ баҷо гузошт ва равобити байни ду кишварро ба нуқтаи баландтарини сардӣ ва нобоварӣ расонд.

Руслан Қазоқбоев дар суҳбати рӯзи сешанбе гуфтааст, бо вуҷуди кӯшишҳо барои анҷоми таъину нишонагузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, суҳбат кардан дар бораи поёни баҳсҳо барвақт аст.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз роҳи ҳалҳо метавонад, қарори муштарак дар бораи “аз қаламравҳои баҳсӣ даст кашидани ҳарду тараф ва ҷустуҷӯи муомилаҳои нав” бошад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардааст. Ҷониби Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, дар баҳси марзӣ шитоб набояд кард ва аъзои Кумисюни байнидавлатӣ корро пеш мебаранд.

Наворро дар инҷо бинед:

Вазири қирғиз ба Тоҷикистон: "Биёед, аз даъвоҳои марзӣ даст кашем!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Тавре ҳодисаҳои се даҳаи охир нишон дод, баҳсу даъвоҳои марзӣ, яъне гуфтани ин ки “обанбор аз ман асту чарогоҳ аз Шумо, биёед, бо ин вазъият розӣ шавед”, ба яке аз ҳассостарин масоил аз назари манфиатҳои милливу эҳсоси ватандӯстии мардум дар тарафи ду марз табдил шудааст.

Аз сӯи дигар, низои маргбори марзӣ дар рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол нишон дод, ки то чӣ андоза даъво ба сари як қитъаи марзӣ метавонад, ба осонӣ дастхуши бозиҳои сиёсатмадорони популист ва дар натиҷа, фоҷиаҳои инсонӣ шавад.

Дар задухӯрди мусаллаҳонаи моҳи апрел дар сарҳад даҳҳо хона сӯхтаву вайрон шуданд
Дар задухӯрди мусаллаҳонаи моҳи апрел дар сарҳад даҳҳо хона сӯхтаву вайрон шуданд

Изҳори назарҳои ҷониби Қирғизистон дар шароите садо медиҳад, ки таваҷҷуҳи Тоҷикистон, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва аслан аксар қаламравҳои Ғарбу Аврупо ба сӯи Афғонистон аст.

Ба сари қудрат омадани “Толибон”, созмоне, ки онро кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва аксар ҷаҳони Ғарбу Аврупо мамнуъ ва тундгаро медонанд, тарҳи сиёсии кишвареро, ки дар 20 соли гузашта гуё бо як пояш дар низоми озоду демократӣ буд, дубора тағйир дод.

Ин мавзуъ рӯзи 23-юми август дар ҷаласаи фаврии шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳам узви он ҳастанд, баррасӣ шуд. Маълум шуд, ояндаи ҳукумате, ки ба назари онҳо бояд фарогир ва иборат аз намояндагони ҳама қавму гурӯҳҳо бошад, барои кишварҳои минтақа нигаронии рақами аввал мебошад.

Яъне приоритет ё авлавият дар марҳилаи кунунии сиёсии минтақа азимтар аст, чун вазъи сарҳади Тоҷикистон ва умуман кишварҳои СПАД пешгӯинашаванда мешавад. Дар чунин шароит шояд бархе бигӯянд, ки бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориву мушорикати бештар нишон диҳанд, чун хатари ин таҳдиду чолишҳо ба ҳама кишварҳои минтақа баробар таъсир мерасонад.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG