Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

29 АПРЕЛ. "Хатми муноқиша ва баргардондани нерӯҳо". Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид


Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро Саймуъмин Ятимов ва Омурбек Суваналиев раҳбарӣ кардаанд

Чакида

  • Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.
  • Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.
  • Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид

Комиссияе, ки рӯзи 29-уми апрел бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои марзии ду кишвар созмон дода шуд, чандин соат сабабҳои сар задани ин ҳодисаро баррасӣ кард.

Нишаст шоми 29-уми апрел дар шаҳри Исфара баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати Қирғизистонро Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканд раҳбарӣ кардаанд.

Бино ба изҳороти муштарак, ки нусхае аз он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ҳарду тараф розӣ шудаанд:

  • "Муноқишаи мусаллаҳонаро хотима бахшанд;
  • Ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ба макони доимии ҷойгиршавиашон баргардонанд;
  • Барои роҳ надодан ба ташаннуҷи авзоъ чораҳо андешанд;
  • Якҷоя аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва кормандони ҳукуматҳои ду кишвар барои дар амал татбиқ намудани чораҳои зикршуда гуруҳи корӣ ташкил дода, барои ба эътидол овардани вазъ ва пеш бурдани пурсамари музокирот ба манфиати ду халқу давлати дӯст шароитро фароҳам кунанд."

Қирғизистон теъдоди захмиёну ҷонбохтагонро гуфт, Тоҷикистон - не

Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон 84 шаҳрванди ин кишвар захмӣ шуда, се нафар ҷон бохтаанд. Дар миёни фавтидагон як духтари 13-сола низ будааст. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон ин духтар дар ноҳияи Лайлак, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон маҷруҳ шуда, дар роҳ ба сӯи бемористон даргузаштааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол теъдоди маҷруҳон ва ҷонбохтагонро эълон накарданд.

Намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз оташбас дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳимоят кард

Намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ аз созиши оташбас миёни Тоҷикистону Қирғизистон ситоиш кард ва гуфт, Иттиҳоди Аврпуо барои кумаки фаннӣ дар марз омодааст. Питер Буриан ин ҳарфҳоро шоми 29-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, баён дошт.

Вазорати умури хориҷӣ дар хабарномае гуфт, мулоқот "бо ташаббуси намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд".

Ба иттилои манбаъ, дар ин суҳбат бештар вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудааст. "Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон ва чораҳои андешидашуда дар мавриди оташбас ва созиш дар бораи минбаъд ба эътидол овардани вазъ бо истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ гузориш дод", -- навиштааст манбаъ.

Ҷузъиёти дигари мулоқот маълум нест.

Пештар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфта буд, ки дар пайи гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии ду кишвар "дар бораи оташбаси комил аз соати 20:00 ва бозгардондани нерӯҳои низомӣ ба ҷойҳои пешинаи онҳо мувофиқа ҳосил шудааст".

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон оташбасро тасдиқ карда, дар бораи созиш дар мавриди бозгардондани нерӯҳо ба ҷойи қаблиашон чизе нагуфтааст.

"Азия-Плюс": Аз ҷониби Тоҷикистон 3 нафар кушта, 31 кас захмӣ шудаанд

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш дар ҳукумати Исфара навишт, дар муноқишаҳои рӯзи 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон се шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 31 каси дигар захмӣ шудаанд. Яке аз маҷруҳон раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзода, аст. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол шумори маҷруҳон ва ҷонбохтагонро эълон накардаанд.

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳоро бинед (27)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG