Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар мансабдорони тоҷику қирғиз аз баҳри фоидаи худ мегузаштанд..." ВИДЕО


Мӯъмин Аҳмадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми тақдими барномаи "Озодӣ Онлайн"

Раванди таъину аломатгузории марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз мавзуҳои баҳсӣ дар миёни мақомот ва сокинони ду кишвар аст. Ҳафтаи гузашта, назари Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар бораи таъину нишонагузории марз бо Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсеро барпо кард. Аз ҷумла, назари Ҷабборов дар ин бора, ки ба ҷониби Тоҷикистон гуё гуфтааст, биёед Мурғобро ба мо баргардонед, хашми корбаронро ба бор овард.

Ҳарчанд, Ҷабборов гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон ба ин не гуфтаанд, вале ин назар баҳсҳо атрофи мавзӯро бештар кард. Албатта, мақомоти ду кишвар ва сокинон ҳар яке худро ҳақ мешуморанд ва поёни ҳалли баҳсҳои марзӣ ҳанӯз дида намешавад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Соли 2010 сангшапак буд, соли 2021 тиршапак шуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Абдувоҳид Камолиён, корбаре дар саҳифаи Фейсбуки Радиои Озодӣ дар шарҳе ба ҳалли зудтари баҳси марзӣ даъват кардааст. Ӯ гуфтааст, “муносибати бад ба зарари ҳарду тараф, хусусан ба шаҳрвандони навоҳии наздисарҳадӣ, оварда мерасонад. Масъалаи ҳалнопазир дар ин олам нест”.

Саид Давлатов корбари дигар дар посух гуфтааст, “ин марзҳо аз нақшаи шӯравӣ бо мақсади зиддият ва ҷангандозии ин давлату мардумҳо сохта шудаааст.”

Бисёриҳо назари Содир Ҷабборов дар бораи Мурғобро бемантқи донистаанд. Фотеҳ Расулов, як корбар саҳифаи таърихро варақ зада, гуфтааст, “Мурғобро соли 1925 Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон ҳамроҳ кард ва он замон ҳудуди ҳозираи Қирғизистон вилояти мухтори Қароқирғиз ном дошт. Бино бар Конститутсияи соли 1924-уми Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ вилоятҳои мухтор дар тағйири марз салоҳияте надоштанд”.

Неъматуллои Нурулло дар шарҳе дар сомонаи Радиои Озодӣ бо ишора ба тасмими Қирғизистон барои харидории ҳавопаймоҳои бесаранишин гуфтааст, “дрон кӯмак намекунад. Беҳтараш ҳамсояи оқили мо бошед. Тоҷикон касеро наметарсонанд”.

Аксари назарҳое, ки дар ин мавзуъ садо додаанд, эҳсосбарангезанд. Бархе аз афроде низ буданд, ки эҳсоси худро канор гузошта, ҳарду тарафро барои ҳал накардани мушкил айбдор кардаанд. Эҳсон, як корбар дар саҳифаи Фейсбуки Радиои Озодӣ навиштааст, ки агар ду тараф шуҳратталабиро канор мегузоштанд, ин мушкил кайҳо ҳал шуда буд.

Ӯ гуфтааст, “агар мансабдорони тоҷик ва қирғиз аз баҳри фоидаҳои худ мегузаштанд, ин масъала солҳои аввал ҳал мешуд. Ҳар кас барои худашро пеши мардум ширин кардан аз худаш бофт ва мушкилро зиёд карданд”.

Дар ин миён, Сафар Нур, корбари дигар навиштааст, ки бо чунин изҳорот ва ин ҷо аз ману он ҷо аз ту, масъала ҳал намешавад. Ӯ аз оқибати нохуби ин баҳсҳо ҳушдор додааст: “Ин масъала як рӯз не як руз ҳал мешавад. Агар соли 2010 дар марз сангшапак мешуд, соли 2021 тиршапак шуд. Даҳ сол пеш агар ягон нафар маъюб намешуд, имсол чандин нафар кушта шуд. Агар ин хел давом кунад, Худо оқибаташро ба хайр кунад”.

Аксари баҳсҳое, ки таҳқир доштанд, мо онҳоро пок кардем. Луфтан ҳангоми навиштани шарҳ ба таҳқир роҳ надиҳед. Назари худро ба мо нависед.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG