Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳи Раҳнамо. Таъсири ҳодисаҳои ахири Афғонистон ва вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон


Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

Таҳаввулоти ахири Афғонистон, яъне ба қудрат расидани гурӯҳи ифротгарои «Толибон» ва пасларзаҳои он, бар муҳити умумии минтақа ва вазъияту сиёсати ҳар кишвари ҷудогонаи он таъсири амиқи худро гузоштааст, ки ҷанбаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, инсонӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи сиёсати давлатӣ ва ҳам дар сатҳи афкори умумӣ нисбати ин ҳодисаҳо вокуниши ҷиддию васеъ доштааст, ки нишонгари таҳаввулоти амиқ дар ҳар ду сатҳ ва самт мебошад. Навиштаи ҳозир арзёбии арзишии вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба таҳаввулоти кишвари ҳамсоя буда, умедворам, маҳз дар ҳамин сатҳу дар ҳамин чорчӯб мутолиа, дарк ва пазируфта шавад.

Пас, таъсири ҳодисаҳои ахири Афғонистон ва вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон ба он чӣ гуна будааст?

ЯКУМ

Баррасии маҷмӯи эҳсосу назару дидгоҳу сиёсатҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ва ҷомеаи он нисбат ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон пеш аз ҳама ҳамчун миллат вокуниш нишон додааст: вокуниши миллӣ ва арзишӣ. Албатта, мо ҳамчун давлат дар бораи таҳаввулоти ин кишвари ҳамсоя ҳамеша назари худро доштем, аммо ҳолати ҳамчун миллат вокуниш нишон додан дар муносибати мо бо ҷаҳони хориҷ камтар мушоҳида мешавад.

Ҳамчун узви гурӯҳи кории таҳияи Консепсияи ҷории сиёсати хориҷии Тоҷикистон ёд дорам, ки он низ асосан ҳамчун консепсияи сиёсати хориҷии як давлат таҳия шудааст.

Аммо «ҳамчун миллат вокуниш кардан» ба он маъност, ки ин бор мо дар як нигоҳи фаромарзию фаросиёсӣ ба тоҷикони Афғонистон маҳз ҳамчун ба бахше аз табору миллати худ нигариста, барои ҳимояти онҳо садои мардумӣ ва расмӣ баланд кардем. Ин бор мо таҳаввулоти Афғонистонро маҳз тафсири миллӣ дода, таҳдид ба тоҷикони Афғонистонро таҳдид ба худ, таҳдид ба забону фарҳангу арзишҳои худ ва умуман, таҳдид ба ҳавзаи фарҳангӣ ва ҳастии миллии худ пазируфтем.

Албатта, «ҳамчун миллат вокуниш кардан» ҳатман маънои мутлақан мусбат ё манфӣ надорад, зеро вариантҳои ҳамчун давлат, ҳамчун миллат ё ҳамчун давлати миллӣ вокуниш ва сиёсатгузорӣ кардан ҳар яке бартариву рискҳои худро дорад, ки он мавзӯи ҷиддитари дигар аст.

Давлатҳое, ки дар ин буҳрон манфиатҳои арзишӣ надоранд ва сирфан ҳамчун давлат бархӯрд карда метавонистанд, ба фаъолиятҳои дигаре машғуланд, ки он низ ҷанбаҳои мусбату манфии худро дорад. Аммо як чиз яқин аст, ки дар ин ҳодисаҳо вокуниши ҷамъиятӣ ва расмии мо бештар ҳамчун миллат, ҳамчун фарҳанг, ҳамчун тамаддун ва ҳамчун ҷомеа ва низоми арзишбунёд буд. Ин низ ҳолати истисноӣ ва бисёр нодир дар вокунишҳои ҷомеа ва давлати мост.

Ҳамин тавр, мо ҳарфи худро гуфта, бо пазируфтани тамоми ифтихору рискҳои он мавқеи миллию арзишии худро ба таври рӯшану расмӣ эълон кардем. Дар қадамҳои баъдӣ мудирияту самтдиҳии давлатӣ, муаррифию пайгирӣ ва татбиқи амалгароёнаи ин мавқеи устувор барои давлату миллати мо аҳаммияти сарнавиштсоз хоҳад дошт.

ДУЮМ

Тағйири ниҳоят муҳиме, ки дар пайи ҳодисаҳои ахири Афғонистон дар муҳити фикрию ҷамъиятии Тоҷикистон мушоҳида шуд, таҳаввул ёфтани нигоҳи тоҷикистониён ба тоҷикони Афғонистон ва дар ниҳоят, ҳамчун тоҷик ва бо ҳамин ном эътироф намудани онҳост. Моҳияти масъала дар он аст, ки дар натиҷаи солҳои ҷудоӣ ва низ таблиғоти даврони Шӯравӣ, ҳамаи аҳолии он сӯи Омӯ барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун «афғон» ё «авғон» муаррифӣ шуда буданд ва бо гузашти чанд насл аксари ҷомеа онҳоро маҳз чунин пазируфта буд.

Ҳар боре, ки ба минтақаҳои марзӣ сафар медоштем, мардуми маҳаллӣ дар бораи ҳаммиллатону ҳамтаборони он сӯи об, ки шояд ҳамагӣ 50 ё 100 метр дуртар мезистанд, ҳамчун дар бораи «афғонҳо» сухан гуфта, нишон медоданд, ки «ана бинед, афғонҳо рафта истодаанд, афғонҳо кишт карда истодаанд.» Дар ҳоле, ки баъзе аз онон хешу табори инон низ буданд…

Албатта, ин мафҳум гоҳо ба маънои «шаҳрвандони Афғонистон» низ меомад, аммо дар умум, тасаввури ҷомеа дар бораи онҳо маҳз ҳамчун «афғонҳо» шакл гирифта буд. Ҳатто ба тоҷикони Афғонистоние, ки солҳо дар кишвари мо муҳоҷиру сокинанд, то ҳанӯз дар ҷомеа ҳамчун бо «афғонҳо» муносибат мешуд (ё мешавад). Ин тасаввур на танҳо миёни мардуми оддӣ, балки хусусан дар зеҳни қишрҳои зиёӣ, идорӣ ва сиёсии мо сахт ҷой гирифта буд. Албатта огоҳони ин масъалаҳо ҳамеша огоҳ буданд, аммо аз таҷрибаи гузашта метавон гуфт, ки гоҳо қабулондани ин ҳиссу ин ҳақиқат, ки онҳо низ тоҷиканд, ҳатто дар муҳитҳои сиёсию фарҳангии Тоҷикистон чандон сода набуд.

Аммо дар пайи таҳаввулоти ахири Афғонистон дар ниҳоят мо ба тоҷикони он сӯи Омӯ ҳамчун тоҷик нигаристем ва инак онҳоро бе ҳеҷ муқаддима «тоҷик» номидем. Шояд ин таҳаввул дар зеҳнҳо дар тӯли чанд соли ахир эҷод шуда бошад, аммо ин воқеият ҳоло бори аввал ба таври ҷамъӣ ва ҳатто дар сатҳи расмӣ садо дод. Хусусан, эъломи мавқеи ҷасуронаи Президенти кишвар дар бораи ҷойгоҳу дарсади тоҷикон ва зарурати таъмини ҳуқуқи онҳо дар Афғонистон ба баҳси «тоҷик» ё «афғон» будани онҳо дар муҳити фикрӣ ва иттилоотии Тоҷикистон нукта гузошт. Шикаста шудани ин марзи равонӣ бешубҳа таҳаввули муҳимме дар муносибатҳои байнитоҷикӣ дар минтақа ва сарнавишти таърихии тоҷикон мебошад.

СЕЮМ

Таҳаввулоти ахири Афғонистон ҳамчунин боиси эҳёи баҳсҳои миллӣ ва такон ёфтани рӯҳияи миллӣ дар даруни ҷомеаи Тоҷикистон шуд. Он эҳсосоти арзишиву номусии миллиро фаъол карда, мавзӯи ҳамбастагии миллӣ ва сарнавишти ҳамтаборони хориҷиро бори дигар доғ ва ҳамагонӣ сохтааст. Албатта, чанде пештар дар атрофи низои марзӣ бо Қирғизистон ҳолати барангехтагии эҳсосоти умумӣ ва басеҷи рӯҳию номусии ҷомеа пеш омада буд, аммо масъалаи Афғонистон, фоҷеаи тоҷикони он кишвар ва хоса мавзӯи Панҷшер ин бор сатҳи боз ҳам амиқтари ин ҳолатро ба миён овард.

Дар тасвири манзара метавон гуфт, ки ду моҳи охир дар аксари маҳфилу нишастҳои расмию мардумӣ ин мавзуъ дар меҳвари таваҷҷуҳ буда, қишрҳову сатҳҳои гуногуни аҳолӣ эҳсосу назару муносибати худро нисбат ба он ба миён мегузоранд. Вақте дар Кохи Борбад роҳбари давлати мо бо овозхон Фаҳими Фано рӯи ин мавзуъ гуфтугӯе дошт, ин манзара боварнакарданӣ буд, ки тамоми толори бузург ашк мерехт. Чун бонувони сафи пеш барои дидани саҳнаи гуфтугӯ ба самти рост рӯй карданд, медидам, ки ашкҳои ҷорӣ тушу сурмаҳои раисаҳои муҳтарамро то рӯю гардан шоронда буд. Дар он лаҳза эҳсос мешуд, ки дарду фоҷеаи ҳамтаборони он сӯи Омӯ ва буғзи Панҷшер дар гулӯи ҳамагон амиқ нишастааст ва аз авҷи ин дарду эҳсос ашкҳошон беихтиёр тӯфон мекард…

Расонаҳои иттилоотию шабакаҳои иҷтимоӣ низ саршори ин мавзӯъ гашта, дар ду моҳи охир дар атрофи он ҳаҷми бузургу бесобиқаи гуфтору навору назару иттилооту эҳсосот фурӯ рехта шуд. Сафҳагардониҳо нишон медиҳанд, ки дар рӯзҳои ҳамлаи толибон ба Панҷшер ҳатто ба даъватҳои нимашабии «Кӣ барои Панҷшер бедор аст?» дар ҳамон умқи шаб дар шабакаҳои тоҷикӣ ҳазорон нафар вокуниш менамуданд, ки нишон аз пайгириву бедориву ҳамдардии намояндагони доираву тоифаҳои гуногуни аҳолист…

Дар канори маҷлисҳои расмиву муҳитҳои илмиву маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, дар нақлиёту ошхонаву сартарошхона ва меҳмонию маросими мардумӣ низ ин мавзуъ бедор аст ва рӯзе нест, ки чандин нафар аз ин боб пурсон нашаванд ё назар нагӯянд. Ахиран ба ёдбуди азизе ба як рустои дурдасти Файзобод рафтем ва баробари ба хона ворид шудани мо гуё нишасти матбуотие оғоз шуд, ки мардуми оддӣ аз ҳамдигар пешӣ гирифта бо эҳсосоти баланд дар боби Афғонистону Панҷшеру Аҳмаду тоҷикон мепурсиданд. Ва аз авҷи эҳсосот ва такрори саволҳо бардошти ман ин буд, ки онҳо мехостанд далеле ёбанд ва худро бовар диҳанд ва ё фарёд кашанд, ки «не, Панҷшер суқут накардааст!…»

Дар ин миён истисноҳое низ буданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо дар шакли мухолифат бо ҳамосаву муқовимати тоҷикон, балки дар шакли тамоюлу таваҷҷуҳи ошкор ба афкору сиёсату моҳияти “Толибон” низ зуҳур ёфтанд.

Хулоса, ин мавзуъ ва ин эҳсос то ба умқи ҷомеа, то ҳар қишру доира ва то ҳар маҳаллу маҳфилу хонаву сару сина фаромадаву расидааст. Албатта, ин ҷо баҳси то куҷо дуруст будани тасаввур ва иттилооти умумии ҷомеаи мо аз воқеияту ҷузъиёти ин мавзуъ дар миён нест, зеро мардуми мо аз он иттилоъ, дарк ва ҳатто ривояти тоҷикии худро дорад, ки дидгоҳ ва эҳсосоти мо маҳз зери таъсири мусбату манфии он шакл мегирад. Бештар аз ин, ин ҷо сухан дар бораи дарки касбиву мантиқӣ ва ҳатто таҳлили ақлонии мавзуъ намеравад, балки сухан маҳз аз таваҷҷуҳ, ҳамдилӣ ва эҳсосоти баланди милливу номусӣ меравад, ки он арзиш ва мантиқи равонии хосаи худро дорад. Ва асри иттилоотӣ фазоро инчунин умумӣ ва муҳитро ончунон фаромарзӣ сохта, ки дигар марзҳои сиёсию фосилаҳои физикӣ наметавонанд монеи умуият ёфтани иттилоот, эҳсосот ва андешаҳо гарданд.

ЧОРУМ

Таҳаввулоти ахири Афғонистон ва пеш омадани таҳдиди ҷиддӣ болои вазъияту сарнавишти ҳамтаборон боиси муттаҳид гаштани аксари ҷомеа дар атрофи як эҳсос ва як масъала гашт. Дар ҷомеае, ки маъмулан рӯи бештари масъалаҳо нигоҳҳо гуногунанд, дар ин мавзуъ манзараи васеи ҳамназарӣ ва ҳолати нодири ҳамдилӣ мушоҳида шуд, ки қишрҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию синнии аҳолиро дар бар мегирифт.

Ин ҳамназарӣ дар намунаи муҳити адабӣ, ки ҳоло барои банда ошнотар аст, ба ҳадде боло буд, ки он ба таври фаврӣ табиӣ ба мавзӯи умумии осори аксари адибон табдил шуда, дар ин ду моҳ садҳо шеъру достону ҳикояту ёддошт эҷод шуданд ва якбора ду маҷмуаи калони ашъори шоирони тоҷик бо номҳои «Ҳамосаи Панҷшер» ва «Нома ба Панҷшер» нашр ва муаррифӣ шуданд.

Умуман, қабули эҳсосӣ ва тафсири бадеии ҳодисаҳои ахири Афғонистон ва сарнавишти ҳамтаборон ба адабиёти муосири тоҷик такони махсус дода, шеъри ҳамосӣ ва адабиёти муқовиматро дар адабиёти мо бори дигар рӯзмарра ва фаъол намуд. На танҳо адабиёти тоҷик, балки ҷомеа ва хусусан, насли ҷавони кишвар дар симои Аҳмади Масъуд қаҳрамони нави худро пайдо кард, ки он дар меҳварӣ осори васеи адабӣ ва муҳаббати густардаи мардумӣ қарор гирифт.

Ҳатто дар муҳити муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, фазои тоҷикони муқими Аврупою Амрико ва майдонҳои қаҳрамонии варзишгарони мо дар дохилу хориҷ симои Аҳмади Масъуд ба як улгуи ҷасорату худгузаштагию пайравӣ табдил гашт. Гарчӣ ҷомеа дар бораи ӯ маълумоти зиёде надошт, як дурахши рӯшани ҷасорат кофӣ буд, ки ӯ ба маҳбубу қаҳрамони қишрҳои васеи мардуми Тоҷикистон табдил шавад. То ҷое, ки эҳсоси муҳаббати баъзе бонувони ҷавон нисбат ба ӯ, ба эътирофи худашон, то марзи ишқи пок расид…

Албатта, дар ин миён истисноҳое низ буданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо дар шакли мухолифат бо ҳамосаву муқовимати тоҷикон, балки дар шакли тамоюлу таваҷҷуҳи ошкор ба афкору сиёсату моҳияти “Толибон” низ зуҳур ёфтанд. Баъзе аз фаъолони сиёсӣ ва шабакавӣ аз хориҷи кишвар талош низ намуданд, ки “Толибон”-ро ҳамчун ислом ва амали онҳоро ҳамчун шариат муаррифӣ намоянд, ки зуҳури чунин тафаккур дар муҳити тоҷикӣ барои ҷомеаи миллӣ ҳушдоре ҷиддист.

Баъзе аз ифротгароёни мо низ аз қудратёбии “Толибон” хушҳолу фаъол шуда, садои худро баландтару паёмҳои худро тундтар карданд. Аммо ин ҳолатҳои ҳошиявӣ ҳаргиз муайянкунандаи муҳити миллӣ ва рӯҳияи умумӣ нестанд ва ҷомеаи Тоҷикистон дар атрофи мавзӯи радди "Толибон" ва ҳамдилӣ бо ҳамтаборон дар Афғонистон ҳамназарӣ ва ваҳдати бесобиқа нишон додааст.

ПАНҶУМ

Масъалаи напазируфтани ҳукуматдории мутлақи «Толибон» ва истодагию ҳамдилӣ бо ҳамтаборон дар Афғонистон ҳамчунин аз ҷумлаи масъалаҳое шуд, ки дар он ҷомеа ва ҳукумати Тоҷикистон мавқеъ ва назари ягона гирифтанд. Аз ин назар, он як нуктаи ҳамсӯӣ ва пайванди давлат ва мардум табдил гашта, фосилаи равонӣ миёни ҳукумат ва ҷомеаро, ки дар баъзе масъалаҳои арзишӣ ва иҷтимоӣ мушоҳида мешавад, хеле коҳиш дод.

Албатта, дар масъалаҳои мушаххасе чун навъу ҳаҷми кумакҳо ба ҳамтаборон ва муносибат бо паноҳандагон аз кишвари хамсоя амалкарди ҳукумат боиси нақдҳои ҷиддии расонаӣ қарор гирифт, аммо ба таври умумӣ, аксари мутлақи ҷомеа мавқеи ҳукумат ва хоса мавқеъгирии рӯшани роҳбари давлат дар ин масъаларо ба таври қатъӣ дастгирӣ карданд.

Аз ин назар, ин мавзуъ ва ин ҳолат боиси болотар рафтани маҳбубияти роҳбари давлат дар миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ гашта, дар умум, иттиҳоди сиёсии ҷомеаи моро боз ҳам тақвият бахшид. Албатта, бо сабаби дар мо роиҷ набудани баргузории назарсанҷиҳои фаврӣ ва тадқиқоти сотсиологӣ овардани рақами мушаххас имконпазир нест, аммо боло рафтани маҳбабияти шахсияти роҳбари давлат дар ин масъалаи мушаххас ва дастгирии бисёр васеъ мавқеи ӯ дар ҷомеа ба таҳқиқи мушоҳидавӣ низ баръало эҳсос мешавад.

Аз назари технологияи сиёсӣ, дар қадамҳои баъдӣ корбурди давлатӣ, истифодаи дуруст, ниҳодинасозӣ ва ҳидояти созандаи ин ҳолати ҳамбастагии баланди ҳукумат ва мардум, ки дар атрофи масъалаи мазкур шакл гирифтааст, яке аз вазифаҳои ниҳодҳои фикрӣ ва идеологии ҳукумат мебошад.

ШАШУМ

Ҳодисаҳои ахири Афғонистон боиси таҳаввули ҷиддии мазмунӣ ва сифатӣ ва дар ниҳоят, боиси шаклгирӣ ва эъломи мавқеи мушаххасу махсуси ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон дар ин масъала шуд. Тоҷикистон ва роҳбарияти олии он нисбат ба масъалаи Афғонистон ҳамеша мавқеъ ва сиёсати бунёдии худро доштаанд, ки банда низ дар чандин китобу мақолаву нишасту маърӯза онро борҳо дар дохилу хориҷ таҳлилу муаррифӣ намудаам. Аммо сиёсати давлатии мо дар ин самт нисбат ба мавқеи ҷории шаклгирифтаи мо дар ин масъала бо баъзе хусусиятҳои худ сифатан фарқ менамуд. Аз ҷумла, дар ин самт:

  • Мо асосан ба масъалаҳои усулие чун риояти ҳусни ҳамҷаворӣ, барқарории сулҳу субот, роҳи ҳалли низомӣ надоштани ин буҳрон, якпорчагии кишвари ҳамсоя, зарурати беҳбуди зиндагии мардуми азияткашидаи он ва ғ. таъкид мекардем.
  • Мо ҳамчунин рӯйи масъалаҳои мушаххасе чун таъмини амният (амнияти марзҳо, мубориза бо терроризм, эҷоди камарбанди амниятӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир…) ва бозсозии иқтисодии Афғонистон (татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва иқтисодӣ) бештар тамаркуз доштем.
  • Мо талош доштем, ки аз мавқеъгирии рӯшан нисбат ба равандҳои дохилисиёсии Афғонистон, сохтору таркиби ҳукумати он, баҳсҳои доғи қавмии ин кишвар ва ғайра асосан дар канор бошем ё изҳороти расмӣ содир накунем.

Аз ин рӯ, гарчӣ мавқеи мо муайян ва усулӣ буд, аммо нақши амалии мо дар ин раванд хеле фаъол набуд ва нигоҳи мо дар баъзе масъалаҳои мушаххас, аз ҷумла муносибат бо тоҷикони Афғонистон ва мудорои мо бо фишорҳои қавмӣ болои онҳо пайваста нақд мешуд. Илова бар ин, бар хилофи таҷрибаи аксари кишварҳои ҳамсояву манфиатдор, мо ҳатто намояндаи махсуси доимию фаъол дар умури Афғонистон надоштем ва дар равандҳои муҳимми сиёсии атрофи ин масъала иштироки бевосита ва фаъол намегирифтем.

Мавқеи имрӯзаи Тоҷикистонро низ метавон навъе идомаи мантиқии ҳамон мавқеи усулии солҳои охир донист, аммо он илова бар масъалаҳои усулӣ, баъзе нуктаҳои комилан мушаххасеро дар бар мегирад, ки дар ин шаклу сифат бори аввал мушоҳида мешаванд. Аз ҷумла:

  • таъкиди қатъӣ ва изҳороти расмии сатҳи олии Тоҷикистон бар зарурати ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон;
  • таъкиди Тоҷикистон бар муайян намудани сохтори давлати Афғонистон аз роҳи раъйдиҳӣ ва дарназардошти мавқеъи тамоми сокинони он;
  • таъкиди расмии Тоҷикистон бар рақам ё дарсади мушаххаси тоҷикон дар Афғонистон, ки дар сатҳи олӣ эълон гашт;
  • таъкиду изҳори расмии Тоҷикистон бар зарурати таъмини мақоми сазовор ва муносиби тоҷикон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ва ғ.

Ҳамин тавр, ҳоло мо шоҳиди мавқеи сифатан нав ва амалан хеле рӯшантар ва сареҳтари Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон мебошем, ки бахши асосии он дар ҳафтаҳои охир дар дидгоҳҳои роҳбари давлат ба таври мушаххас садо доданд. Мавқеи имрӯзаи Тоҷикистон аз мавқеи пешина бо қотеияти худ ва бо гузоштани шартҳои муайян барои эътирофи ҳукумати ояндаи Афғонистон низ фарқ мекунад, ки ин лаҳну ҳолат низ дар сиёсати хориҷии мо дар ин самт таҳаввули ҷиддист.

Дар ду моҳи охир дар мулоқоти дуҷониба ва нишастҳои байналмилалӣ дар Душанбе, дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милал ва дар мулоқот бо роҳбарони кишварҳо ва созмонҳои Аврупоӣ аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ таъкид ва пайгирӣ шудани ин мавқеъ бори дигар қатъӣ будани онро нишон медиҳад. Худи ҳамин дипломатияи фаъоли Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон, ки ду моҳи охир бо меҳварияти худи Роҳбари аввали давлат мушоҳида мешавад, сатҳу равиши сифатан наве дар сиёсати хориҷии мост.

Дар кулл, метавон гуфт, ки дар пайи таҳавулоти ахири Афғонистон илова бар мавқеи усулию анъанавӣ, мавқеи мушаххасу ҷорию «оперативӣ»-и Тоҷикистон низ шакл гирифтааст. Он аз ҳар назар ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ буда, фасли наверо дар сиёсати хориҷӣ ва ҷойгоҳи минтақавию байналмилалии Тоҷикистон боз намудааст. Аммо баррасии моҳият, аҳамият ва дурнамои ин мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон мавзӯи ҷиддии ҷудогонаест, дар бахши дуввуми ин навишта ба таври муфассал ироа мегардад.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG