Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши қудрат дар соҳилҳои Омӯ. Паради низомӣ дар Дарвоз

Дар маркази ноҳияи Дарвоз бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми сентябр гашти низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуд.

Вебсайти президенти Тоҷикистон гуфт, дар доираи сафари кории президент Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз гузашти низомии Қушунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд.
Ин гузашт дар ҳоле буд, ки чанд рӯз пеш аз ин яке аз раҳбарони "Толибон" - гурӯҳи тундраве, ки аз 15-уми август назорат бар аксар қаламравҳои Афғонистонро ба ӯҳда дорад, ба Тоҷикистон таҳдид кард, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад."
Аксҳо аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гирифта шудаанд


Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG