Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гирдбод"-и Бақо Содиқовро дар пойтахти Русия намоиш доданд


Бақо Содиқов
Бақо Содиқов

"Гирдбод"-и Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷикро, ки аз солҳои 90-ум боз дар Узбекистон кору зиндагӣ мекунад, рӯзи 24-уми август дар Маскав нишон доданд. Ҷое, ки аз 17 то 26-уми август намоиши даҳ филм аз рӯйи асарҳои нависандаи Қирғизистон, Чингиз Айтматов, мегузарад.

"Гирдбод"-и Бақо Содиқов охири солҳои ҳаштодум дар Тоҷикистон сабт шуда, нахустин кинои тоҷикист, ки ба ҷашнвораи Канн роҳ ёфтааст. Иддае онро нофаҳмо, баъзеи дигар, баръакс, хеле рӯшану ошкор мегӯянд.

Бақо Содиқов моҳи июли имсол 80-сола шуд. Ӯ дар солҳои навадум аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯчид ва соли 2018 шиносномаи он кишварро гирифт.

Вай факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм карда, соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд.

Бақо Содиқов соли 1961 бо иҷрои нақши асосӣ дар филми “Панҷ нафар аз Фарғона” дар киностудияи “Узбекфилм” ба олами синомагарӣ пайваст. Дар киностудияи “Тоҷикфилм” аз соли 1967 ба ҳайси коргардон дар филмҳои бадеӣ ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ кор кардааст.

“Адонис”, “Гирдбод”, “Бухорои шариф”, “Ҷосус” ва “Имом Бухорӣ” аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG