Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонии собиқи Гуантанамо – вазир. "Ветеран"-ҳои Толибон ба мансабҳои калидӣ дар Афғонистон таъин шудаанд


Ҷангҷӯёни "Толибон" дар наздикии бинои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон. 16-уми августи 2021

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, собиқадорон ё ветеранҳои гурӯҳи "Толибон"-ро ба чанд мансаби калидӣ дар Афғонистон таъин кардаанд. Ҷангҷӯёни "Толибон" рӯзи 15-уми август, пас аз ишғоли Кобул, назорат бар Афғонистонро (ба ҷуз аз вилояти Панҷшер) ба даст гирифта, аммо то ба ҳол ба таври расмӣ аз сӯйи кишварҳо эътироф нашудаанд.

Хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон 25-уми август навишт, ки Гул Оғо вазири молия ва Садр Иброҳим иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилӣ шуданд. Шабакаи "Ал-Ҷазира" гузориш дод, ки Мулло Абдулқайюм Зокир, зиндонии пешини Гуантанамо, ба мақоми вазири дифоъ интихоб шуд.

Хабаргузории “Ройтерз” рӯзи 25-уми август хабар дод, ки як узви “Толибон” дар Кобул таъинотро тасдиқ карда, гуфтааст, ҳокимони минтақаҳо аз ҳисоби фармондеҳони ботаҷриба дар ҷанги 20-сола интихоб карда мешаванд. Фармондеҳи дигари “Толибон” гуфтааст, таъинот муваққатӣ аст.

Ба назар мерасад, Гул Оғо ҳамон Гул Оғо Исҳоқзай аст, ки дар соли 2020 ҳадафи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифта буд. Ба иттилои Созмони Милал, вай дӯсти даврони бачагии Мулло Умар, бунёдгузори “Толибон”, буда, ҳамчун "масъули бахши молӣ ва яке аз мушовирони наздики ӯ" хидмат кардааст.

Мулло Абдулқайюм Зокир фармондеҳи собиқадори майдони ҷанги “Толибон” ва шарики наздики Мулло Умар тавсиф мешавад.

Бар асоси гузориши расонаҳо, ӯ дар пайи ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 асир афтода, то соли 2007 дар зиндони Гуантанамо дар Куба нигоҳдорӣ мешуд. Сипас ӯро ба ҳукумати Афғонистон таслим карда буданд.

Гуфта мешавад, Садр Иброҳим аз шахсиятҳои қудратманди Толибон аст.

Гурӯҳи “Толибон” ҳафтаи гузашта Ҳоҷимуҳаммад Идрисро иҷрокунандаи вазифаи раиси Бонки марказии Афғонистон номбар кард.

Ба қавли яке аз аъзои баландпояи гурӯҳ, вай собиқаи тӯлонии кор (дар бахши молӣ) бо Мулло Ахтар Мансур, раҳбари пешини ҷунбишро дорад. Мулло Ахтар дар соли 2016 кушта шуд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG