Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвирҳо аз таҷаммӯи ҳазорон нерӯи артиш. Дар Панҷшер чӣ мегузарад?

Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, ки ҳоло назорати вилояти Панҷшер ба дасти ӯст, мегӯяд, дар баробари ҷангҷӯёни “Толибон” муқовимат хоҳанд кард. Ӯ ҳазорон нерӯи артишро дар дар шимолу ғарби Кобул ҷамъ овардааст. Аҳмад Масъуд дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, "нерӯҳои таҳти фармони мо аз як вилоят, аз тамоми Афғонистон дифоъ хоҳанд кард".
Фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд дар идома хостори музокироти густурда ва ҳамаҷониба бо ҳузури ҳама ақаллиятҳо ва гурӯҳҳо дар Афғонистон шуд ва гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд режими "Толибон"-ро ба расмият бишносад.
Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон аст, ки аз ишғоли “Толибон” берун мондааст.
Гурӯҳи “Толибон” як ҳафта пеш вориди шаҳри Кобул шуда, афви умумӣ эълон кард ва ваъда дод, ки интиқом нахоҳад гирифт. Аммо тибқи гузоришҳо, ҷангҷӯёнаш хона ба хона рӯзноманигорон, мақомоти собиқ ва мухолифонро ҷустуҷӯ мекунанд ва дар баъзе ҳолат даст ба хушунат ва қатли дастҷамъӣ мезананд.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG