Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори нави олудагӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон


Озмоиши гумонбар ба коронавирус дар муассисаи "Диамед". Душанбе, июли соли 2021
Озмоиши гумонбар ба коронавирус дар муассисаи "Диамед". Душанбе, июли соли 2021

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи 12 то 13-уми август дар кишвар 67 ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ба иттилои расмӣ, дар маҷмӯъ дар кишвар аз замони шурӯи пандемияи коронавирус 15997 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, 123 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ин хабар дар ҳолест, ки бино ба омори ғайрирасмӣ, шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон метавонад ба маротиб зиёд бошад, чун мақомоти тандурустӣ аз соли гузашта инҷониб барои пинҳон доштани ҳолатҳои воқеии гирифорӣ ба коронавирус интиқод мешаванд. Миқёси воқеии гирифторӣ ба коронавирусро дар Тоҷикистон бештар мешавад аз хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шаҳодати худи беморону наздикони онҳо пай бурд.

Ҳамзамон дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус эмкунӣ идома дорад ва омори вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то 11-уми август дар ин ҷумҳурӣ беш аз як миллиону 541 ҳазор нафар ҳадди ақалл як дафъа моякӯбӣ шуда, беш аз 130 ҳазор нафар ду дафъа ваксина гирифтаанд. Моҳи гузашта дар Тоҷикистон барои ҳар фарди аз 18-сола боло гирифтани ваксинаи зидди коронавирус ҳатмӣ шуд. Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон эмкунӣ бар зидди коронавирусро бо воксинаҳои навъи AstraZeneca, Moderna, Короновак пешниҳод мекунанд, воксинаи русии Спутник-V ҳам дар ҳаҷми нисбатан ками 50 ҳазор дона ба Тоҷикистон ворид шудааст. Вале табибон дар сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ эътироф мекунанд, ки бемайлӣ ваё тарсу беэътимодӣ ба воксина як мушкили ҷиддии пешрафт дар маъракаи эмкунӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG