Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро баъзе аз сокинони Тоҷикистон аз ваксина "метарсанд"? ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то июни имсол дар бораи набудани беморӣ мегуфтанд

Тоҷикистон тақрибан ягона кишвари ҷаҳон шуд, ки эмро барои аҳолии аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон кард. Дар ҳоле ки мақомот аз кишвару созмонҳои хориҷӣ дарёфти ваксинаи бештарро дархост кардаанд, бархӯрди сокинон ба он яксон нест. Гурӯҳе ваксинаро ягона роҳи раҳоӣ аз чанголи бемории коронавирус медонанд ва мардумро ба гирифтанаш ташвиқ мекунанд, иддае дигар ҳанӯз дудилаанд, ки худро эм кунанд ё не.

Дар суҳбат бо Саида Бобоназарова, масъули Маркази "Иммунопрофилактика"-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон пурсидем, ки чаро бахше аз мардум аз ваксина меҳаросанд?

Саида Бобоназарова: “Ҳаросе, ки дар байни бахше аз аҳолӣ ҳаст, шояд ба пайомадҳое ба монанди таби баланду дардмандӣ рабт дорад. Аммо ин ҳолати муқаррарист, ҷойи тарс надорад. Хушбахтона, то ҳол миёни шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, ягон ҳолати номатлуби ҷиддӣ сабт нашудааст. Бино бар ин, сокинон бе ҳеч тарс барои пешгирӣ аз бемории COVID-19 ваксина бигиранд.”

Радиои Озодӣ: Ваксина дар бадани инсон чӣ гуна кор мекунад?

Саида Бобоназарова: "Баъд аз ворид кардани ваксина ба бадани одам, масуният бар зидди коронавирус коркард карда мешавад. Як рӯз ё якчанд соат баъзе оризаҳо пайдо шуданаш мумкин аст, вале он зуд мегузарад."

Радиои Озодӣ: Таъсири ваксина то чанд муддат дар бадани инсон мемонад?

Саида Бобоназарова: "Пас аз рӯзи чаҳордаҳуми эм кардан, на камтар аз 6 моҳ масуният дар бадани инсон мемонад."

Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Чаро баъзе аз тоҷикон аз ваксина гирифтан меҳаросанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:05 0:00

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мепурсанд, шахсе, ки ваксина мегирад, ба беморӣ гирифтор намешавад?

Саида Бобоназарова: "Ҳолатҳое ҳаст, ки шахс ваксина гирифтааст, аммо ба беморӣ гирифтор шудааст. Чунин афрод нисбат ба онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, бемориро бениҳоят сабук мегузаронанд."

Радиои Озодӣ: Чӣ бояд кард, то бовари мардум ба гирифтани ваксина бештар ва тарсу ҳарос камтар шавад?

Саида Бобоназарова: "Ҳоло дар ҳар як маркази саломатӣ аз тарафи ҳамшираҳои оилавӣ маъракаи хона ба хона идома дошта, корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷараён дорад. Сокинон агар ягон пурсиш ё шубҳае доранд, метавонанд, ба табибони оилавии маҳалли зисти худ муроҷиат кунанд. Барои он ки мардум бовар кунанд, ваксина ба саломатии онҳо хатар надорад, аввал табибон ваксина гирифтанд. Яъне, сокинон нагӯянд, ки агар безарар буд, чаро худи табибон аз он истифода накарданд."

Радиои Озодӣ: Чаро пас аз эълони хуруҷи дубораи коронавирус дар кишвар мақомот дарёфти ваксинаро ҳатмӣ кард?

Саида Бобоназарова: "Шояд дар байни аҳолӣ дар мавриди сирояти коронавирус бепарвоӣ шуд, аз ҳамин сабаб ҳатмӣ шуд."

Радиои Озодӣ: Дарёфти ваксина барои киҳо манъ аст?

Саида Бобоназарова: "Аз 18-сола боло ҳама метавонанд ваксина гиранд. Ба шахсони бемор, ки дар ҳоли табобат ҳастанд, ваксина гирифтан мумкин нест. Пеш аз эм кардан сокинонро ҳатман муоина мекунанд. Агар ягон беморӣ дошта, дар ҳоли муолиҷа ҳастанд, ваксиназанӣ ба таъхир гузошта мешавад. Пас аз сиҳат шудан мегиранд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло маъракаи ваксиназанӣ дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст?

Саида Бобоназарова: "То ҳол беш аз 300 ҳазор кас ваксина гирифтаанд ва маърака хуб ҷараён дорад. Тибқи нақшаи миллӣ барои ҳар як шахс ду вояи ваксина пешбинӣ шудааст. Бори дигар таъкид мекунам, ки пешгирӣ нисбат ба табобат камхарҷу осон аст ва аз мардум даъват менамоем, бе ҳеч дудилагӣ дар ин маърака фаъолона ширкат кунанд."

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG