Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон даргузашт


Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон
Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон

Узбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ буд, шоми 5-уми июл даргузашт.

Хабари марги ӯро ҳамсоягон ва мақомот тасдиқ карданд.

Ин зани 88-сола, ки модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” аст, як ҳафта боз зери назорати пизишкон қарор дошт.

Мақомот расман сабаби марги ӯро шарҳ надоданд, вале як пизишки Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева ба коронавирус сироят ёфта буд.

Узбекбӣ Асадуллоева, модари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозободи пешин) буд.

Фарзандони ин зан дар ҳукумати Тоҷикистон аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд. Духтари бузурги ӯ, Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба гуфтаи манобеи огоҳ, дар тасмимгириҳои кадрӣ нақш дорад. Ҳасан Асадуллозода, писари ӯ бонки “Ориёнбонк”, ширкати ҳавопаймоии “Сомон-эйр” ва даҳҳо корхонаҳои хурду бузургро раҳбарӣ мекунад.

Фарзандони дигари ӯ- Амонулло Асадуллоева, ки дар ширкати “Барқи Тоҷик” масъулияти баланд дошт, ҳоло раҳбари ширкати “Сомон Суғд” аст ва Амирулло Асадулло, раиси шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешин) буд. Пайвандони дигари ӯ ба тиҷорат машғуланд ва аз нуфузи вижа бархӯрдоранд.

Фавти модари бонуи аввали Тоҷикистон пас аз сироят ба коронавирус дар ҳолест, ки мақомот ва сокинон аз афзоиши паҳншавии ин вирус дар кишвар хабар медиҳанд. Мақомоти тоҷик аз моҳи январ то охири моҳи июн пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар гирифторӣ ба КОВИД-19 сабт нашудааст.

Рӯзи 21-уми июн Ситоди муоқбила бо коронавирус тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба КОВИД-19 сироят ёфтаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо аз фавти сокинони гирифтор ба КОВИД-19 нашр мешавад. Дар як моҳи ахир исми даҳҳо нафар, ки дар миёнашон чеҳраҳои шинохта низ ҳастанд, нашр шуд, ки пас аз гирифторӣ ба КОВИД-19 фавтидаанд. Мақомот ин ҳолатҳоро тасдиқ ва ё рад накардаанд. Танҳо рӯзи 3-уми июл Вазорати тандурустӣ марги ду нафарро ба КОВИД-19 тасдиқ кард.

Ба гуфтаи мақомот, аз оғози панедмия беш аз 13 ҳазор дар кишвар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва 92 нафар фавтидаанд. Оморе, ки сокинон ва коршиносон онро ба маротиб бештар медонанд.

XS
SM
MD
LG