Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як корманди Фурудгоҳи Душанбе бо нишонаҳои КОВИД-19 фавтидааст


Ҷамшед Ҷаҳонгирзода корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буд
Ҷамшед Ҷаҳонгирзода корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буд

Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, як корманди 39-солаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишонаҳои эҳтимолии бемории коронавирус дар беморхона даргузаштааст.

Ӯро панҷ рӯзи пеш бо таби баланд ба Беморхонаи бемориҳои сироятии Душанбе, воқеъ дар маҳалаи Зарафшони Душанбе бистарӣ карда будаанд.

Як тан аз ҳамкоронаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ташхисҳо дар бадани ӯ бемории КОВИД-19-ро ошкор карда буд, вале сабаби аслии маргашро ҳанӯз намедонанд.

“Ӯ панҷ рӯз пеш сари кор буд, ки табаш баланд шуд. Ба беморхона бурданд, бистарӣ карданд ва ҳамчун гирифтори коронавирус табобат мекарданд.”,--гуфт ӯ.

Наздиконаш ва пизишкон ҳанӯз сабаби марги ӯро шарҳ надодаанд.

Ситоди муқобила бо коронавирус рӯзи 21-уми июн эътироф кард, ки сокинон дар Тоҷикистон ба коронавирус сироят ёфтаанд. То ин дам, сар аз моҳи январ, бо вуҷуди ҳушдори сокинон ва коршиносон аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ вуҷуди КОВИД-19-ро рад мекард.

Ҳоло ҳам, бо вуҷуди нашри хабарҳои зиёд аз фавти сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир касе аз ин вирус нафавтидааст. Ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ аз оғози пандемия дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор нафар ба ин вирус исроят ёфтаанд ва танҳо 90 нафар фавтидааст. Ҳарфе, ки аксаран ба дурустиаш бовар надоранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз марги чанд нафари дигар дар пайи гирифторӣ ба коронавирус дар як ҳафтаи охир хабар додаанд, ки дар миёнашон чеҳраҳои шинохта низ ҳастанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, Нигина Шарофова, собиқ муовини сарвазир, Саидвализода Раҷабалӣ Хушбахт, роҳбари Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, Лайлӣ Мақсудоваи 35-сола, сардори шуъбаи равобити байналмилалии “Тоҷикстандарт”, Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Қобилхоҷа Қобилов, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ пас аз гирифторӣ ба коронавирус даргузаштаанд.

XS
SM
MD
LG