Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъруфтарин ҳаҷвнигори тоҷикро ба хок супурданд. ВИДЕО


Убайдулло Раҷабовро рӯзи 1-уми июл дафн карданд

Убайдулло Раҷабов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷикро дар қабристони "Лучоб"-и шаҳри Душанбе дар канори дигар бузургони илму адаб ба хок супориданд. Ҳунарманди шинохта нисфирӯзии 1-уми июл дар синни 80-солагӣ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ҳамкоронаш даргузашти Убайдулло Раҷабовро талафоти калон барои театру синамо ва ҳаҷви тоҷик медонанд.

Сабаби марги ҳунарпешаи шинохта ҳанӯз расман эълон нашудааст, вале пайвандон ва бархе ҳамкорони ӯ тасдиқ карданд, ки ҳунарманди шинохта ба COVID-19 гирифтор шуд ва 2-3 рӯзи ахир дар хона бистарӣ буд. Яке аз пайвандонаш гуфт, Убайдулло Раҷабов чанд рӯз пеш ба шаҳри Ҳисор ва Турсунзода рафта буд. Хонавода ва дӯстони марҳум, тахмин мекунанд ки шояд Убайдулло Раҷабов дар ин сафар ба COVID-19 гирифтор шуда бошад. Ба гуфтаи пайвандон, Убайдулло Раҷабов ба шаҳри Турсунзода ва Ҳисор ба хотири ширкат дар як озмуни ҷоизасупории нашрияи "Ҷумҳурият" рафта буд.

Ҳамкорони Убайдулло Раҷабов ва намояндагони мақомот барои видоъ бо ӯ ба манзили ӯ омадаанд. Аз намояндагони мақомот рӯзи 1-уми июл Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии раиси ҷумҳур дар умури робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ба манзили Убайдулло Раҷабов омаданд.

Ҳамкоронаш мегӯянд, бо рафтани Убайдулло Раҷабов театру синамо ва бахусус ҳаҷви тоҷик як чеҳраи калидиашро аз даст дод.

Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи театри тоҷик, ки худро шогирди Убайдулло Раҷабов медонад, рафтани ҳунарманди шинохтаро ба “канда шудани пораи бузурги як куҳи баланд” монанд кард.

“Барои театр ва фарҳанги миллӣ, Устод Убайдулло Раҷабов як сутуни бисёр мустаҳкам буданд аммо он сутун ҳам рафт,”-афзуд Барзу Абдураззоқов.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Маъруфтарин ҳаҷвнигори тоҷик даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шуда, студияи маҳорати актёрии назди Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Донишкадаи давлатии санъатро хатм кардааст. Убайдулло Раҷабовро асосан ҳамчун ҳаҷвнигор мешиносанд ва саҳнаҳои ҳаҷвии ӯ бинандаҳои бешумор доштанд. Дар замони Шӯравӣ барои даромадан ба барномаҳои ӯ сокинон рӯзҳо чипта ҷустуҷӯ мекарданд. Солҳои 80 ва 90-уми асри гузашта авҷи шӯҳрати Убайдулло Раҷабов буд.

Дар давраи соҳибистқлолии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов яке аз коргардонҳои ҷашнҳои асосии давлатӣ буд. Дар соли 2000-ум ӯ ба кори давлатӣ гузашт ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа то соли 2004 кор кард, вале интиқодҳое ҳам аз кори ӯ дар ин давра вуҷуд дорад. Баъди аз вазифаи раиси Кумитаи телевизон рафтан, Убайдулло Раҷабов фаъолияти театри "Ойина"-ро ҷоннок кард , ки дар миёни ҳаводорони ҳаҷв маҳбубияти зиёд дошт. Театри мазҳакавии "Ойина" тобистони соли 1991 бо кӯмаки шаҳрдори ҳамонвақтаи Душанбе Мақсуд Икромов таъсис шуда буд, вале соли 2019 шаҳрдори Душанбе талаб кард, ки фаъолияти он қатъ карда шавад.

Солҳои ахир ин театр дигар фаъол набуд ва ба гуфтаи наздиконаш, Убайдулло Раҷабов аз ин ғам мехурд. Ба ҷуз, ҳунарманди шинохта аз вазъи ҳаҷви тоҷик розӣ набуд ва дар суҳбати ахираш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло сухану фикри тозаеро дар ҳаҷви тоҷик намебинад, аммо ба ояндаи беҳтари он умедвор аст. Яке аз пуркортарин ҳунарпешагони синамои шӯравии тоҷик дар солҳои охир бо назардошти буҳрони ин ришта ба Убайдулло Раҷабов имкон надод, нақшҳои бештаре барои пардаи синамо офарад.

Ортиқи Қодир, ҳунарманди шинохтаи тоҷик дар чандин намоишнома бо Убайдулло Раҷабов нақш офаридааст. Ӯ мегӯяд, марги ӯро бо дард қабул кардааст.

"Убайдулло Раҷабов дар театри тоҷик соҳибмактаб буда, марги ӯ талафоти бузург дар санъату ҳунари тоҷик аст. Бо Убайдулло Раҷабов дар саҳнаи театри Лоҳутӣ чандин нақшҳо бо ҳам офаридаем ва дар сафарҳо бо ҳам будем. Дар соли 1991 бо имзои шаҳрдори пешини Душанбе Мақсуд Икромов театри намунавии "Оина"-ро таъсис дод, ки як мактаби бузурги санъати театр аст ва даҳҳо шогирдони болаёқат дар ҳалқаи худ тарбият кард.",--гуфт ӯ.

Убайдулло Раҷабов ягона нафаре нест, ки дар ҳафтаҳои ахир бо нишонаҳои гирифторӣ ба COVID-19 мефавтад. Дар як моҳи ахир номи ҳаддиақал даҳ нафар ба расонаҳо роҳ ёфт, ки гуфта мешавад аз сироят ба коронавирус фавтидаанд. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, баъди хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон касе аз COVID-19 вафот накардааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG