Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳае, ки Тоҷикистон аз исти он миллионҳо доллар зарар дидааст


Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Яке аз соҳаҳои бартаридори иқтисоди Тоҷикистон – гардишгарӣ ё сайёҳӣ соли дуюм аст, ки бинобар ҳамагирии коронавирус гирифтори буҳрони сахт аст. Дар соли гузашта зараре, ки ин соҳа дид, 178 миллион долларро ташкил дод ва ин адад рӯ ба боло дорад.

Саид Муҳаммадӣ, як масъули ширкати гардишгарии тоҷик аст, ки гуруҳҳои сайёҳиро пазируфта, сафари онҳоро дар саросари Тоҷикистон созмондеҳӣ ва танзим мекунад. Аммо соли дуюм аст, ки ин ҷавон воқеан бекор аст ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигари даромад мебошад.

"Бахши асосии муштариёни мо аврупоиҳо мебошанд, ки ҳоло иҷоза надоранд, берун аз қаламрави Аврупо берун бароянд, зеро ширкатҳои бима (суғурта) хидматрасонии онҳоро ба дӯш намегиранд. Хеле каме аз сайёҳон таваккал карда меоянд”,-- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Вай баста будани марзҳои заминии кишварҳои Осиёи Марказиро яке аз душвории асосӣ меномад, зеро сайёҳон бештар мехоҳанд, якбора ба ҳамаи кишварҳои минтақа биоянд, аммо дараҷаи пасти ваксинагирии мардуми ин кишварҳо бовари гардишгаронеро, ки мехоҳанд биоянд, ба вуҷуд намеорад.

Дар пайи ин, ба гуфтаи ширкатҳои сайёҳӣ, ин соҳа на танҳо миллионҳо фоида, балки мутахассисони ботаҷриба, роҳбаладон, ронандагони англисидон ва кормандони дигареро аз даст медиҳад, ки солҳо таҷриба андӯхтаанд, аммо маҷбуранд, ҷойи кори худро дигар кунанд ё кишварро тарк кунанд.

Арзиш дорад, даромад не

Пеш аз паҳншавии коронавирус дар соли 2019, ҳаҷми бахши сайёҳӣ дар сохтори ММД 2,2% ва муштаракан бо соҳаҳои дигаре, ки хизматрасонии сайёҳӣ доранд, 10,4%-ро ташкил медод. Ба ҳисоби пул, даромади сайёҳӣ ба иқтисодиёт танҳо аз ҳисоби фурӯши билетҳо 256,7 млн доллар буд ва тақрибан 40 миллион доллар аз ҳисоби пешниҳоди хидматрасониҳо меовард.

Дар охири соли 2020, ба гуфтаи раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, омадани сайёҳон 72,2% коҳиш ёфт. Яъне аз 1 миллиону 254 ҳазор сайёҳ ба кишвар ҳамагӣ 350 ҳазор нафар омаданд ва ба ҷойи 250 миллион доллар даромад, ин бахш ҳамагӣ 72 миллион даромад овардааст.

Шагарф Мулло Абдол, мудири оҷонсии сайёҳии "Pamir silk Travel" мегӯяд, ки дар давраҳои беҳтарин ширкатҳои сайёҳӣ дар як мавсим то ду ҳазор сайёҳро қабул мекарданд ва ҳатто бештарро. "Ҳоло ҳамаҷо оромии комил, ба наздикӣ шунидам, ки як гуруҳ омадааст, шояд сайёҳони инфиродӣ бошанд, аммо онҳо хеле каманд. Шояд ин вазъ то соли 2024 идома ёбад”, - -мегӯяд Мулло Абдол.

Дар ҳамаи дунё ҳамин тавр

Тибқи ҳисобҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, дар соли 2020 сайёҳии ҷаҳонӣ бадтарин соли рекордии худро аз сар гузаронидааст. Воридоти байналмилалӣ 74% коҳиш ёфтааст ва зарари молиявии соҳа 1,3 триллион долларро ташкил додааст. Ин омор нисбат ба хисороте, ки ин бахш дар натиҷаи буҳрони иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии солҳои 2008-2009 дида буд, 9 маротиба зиёдтар аст. Он замон, ба иллати коҳиши иқтисодӣ, болоравии нархи маводи сӯхт ва кам шудани талабот ба билетҳо ва бастаҳои сайёҳӣ, даҳҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон бозорро тарк карданд.

Дар пасманзари ин буҳрон, пойгоҳи "Airbnb" таъсис ёфт. Бозори онлайн барои гирифтани манзили иҷора барои давраи кӯтоҳ, ки баъдан ба пойгоҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Хизматрасониҳо ва пойгоҳҳое, ки имкониятҳои рушди сайёҳии ғайримуташаккилро тавсеа медиҳанд, маъруфият пайдо карданд ва соҳаро иваз кардан гирифтанд.

Ҳанӯз хеле барвақтар аз ҳамагирӣ, хидматрасониҳое чун Skyscanner (барои брон кардани билетҳои ҳавопаймоӣ), Booking.com (барои брон кардани меҳмонхонаҳо), Airbnb, ба гардишгарон иҷоза медод, ки мустақилона сафарҳоро барномарезӣ кунанд ва бештари мардум ба ҷойи бастаҳои сайёҳӣ ба сафарҳои инфиродӣ бартарӣ медоданд.

Ҳоло, ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, кишварҳое, ки ба рушди туризм таваҷҷӯҳи бештар доштанд, талош доранд, ки бо рақамисозӣ кардан, эҷоди пойгоҳҳои рақамӣ ва роҳҳалҳои экологӣ, ин бахшро дубора барқарор кунанд. Ва ҳар ки зерсохтҳои ҷолибтаре эҷод мекунад, ҳамон метавонад пас аз ба эътидол омадани вазъ, даромади бештар дошта бошад.

Дар Тоҷикистон чӣ кор мекунанд

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ояндадор будани пойгоҳҳо электрониро эътироф мекунанд, аммо онҳо мегӯянд, ки ҳатто қабл аз пандемия, ин кишвар бо далели мушкилоти интернет ва бонкдории электронӣ дар миёни кишварҳои ҳамсояаш дар минтақа, қафо монда буд. Ба гуфтаи онҳо, дар бораи нармафзорҳои электронӣ замоне суҳбат кардан имконпазир хоҳад буд, ки дар кишвар интернети арзон ва дастрас мавҷуд бошад ва мардуми манотиқи дурдасте, ки барои сайёҳон ҷолибанд, аз он истифода карда битавонанд.

Радиои Озодӣ талош кард, дар мавриди ояндаи бахши сайёҳӣ назари Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистонро дошта бошад, вале ба зангҳо посух дарёфт накард.

Аммо ҳанӯз дар оғози сол раиси кумита Тоҷиддин Ҷӯразода дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ният доранд, гардишгарии дохилиро рушд бидиҳанд ва бо ин ҳадаф бозсозии қалъаҳои Ямчун дар ВМКБ, Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, мақбараи "Хоҷа-Машҳад" ва "Чилучорчашма" дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлонро рӯйи даст гирифтаанд.

Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки барои иҷро кардани тарҳҳои рушди деҳаҳо ва сайёҳӣ бурсияҳои 30 миллиондолларӣ аз Бонки ҷаҳонӣ ва 10 миллиондолларӣ аз Бонки Осиёии Рушд ҷалб карда шудаанд.

Вале оё вазъи иқтисодии кишвар имкон медиҳад, ки гардишгарии дохили рушд кунад, суол боқӣ мемонад.

Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ баргашти сайёҳии ҷаҳонро ба сатҳи пеш аз пандемия то соли 2023 пешгӯйӣ намекунад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG