Коронавирус ва илтиҳоби шуш инҳоро аз байни мо бурд

Ба иттилои расмӣ, дар 9 моҳ дар Тоҷикистон 90 кас аз коронавирус ҷон бохтаанд. Баъзе аз сокинону мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд. Радиои Озодӣ рӯйхати онҳоеро тартиб дод, ки бино бар тасдиқи пайвандон, табибон ва навиштаи расонаҳо аз бемории COVID-19 ва илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Агар дар бораи қурбониёни дигар маълумоте доред, лутфан, бо аксҳояшон ба мо фиристед, то рӯйхат пурра ва миқёси беморӣ ва талафот аз он дар Тоҷикистон рӯшан шавад. Имейли мо: Tajik@rferl.org; Телефонҳо: +992 980 151 010; +420 724 05 39 59

Бори охир 16-уми январи 2021 нав шуд

Дар рӯйхат номи 232 кас ҳаст


А

Абдуалӣ Тоиров

АБДУАЛӢ ТОИРОВ

73-сола · Мудири Лабораторияи электроникаи квантии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С.Умаров. Ӯро дар зодгоҳаш, деҳаи Симуганҷи ноҳияи Ваҳдат, дафн карданд. Мубталои илтиҳоби шуш будааст.
Абдувоҳид Ҷалилӣ

АБДУВОҲИД ҶАЛИЛӢ

42-сола · Роҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Конибодом моҳи сентябри 2020 даргузашт. Сабаби марги ӯро расман эълон накарданд. Сомонаи "Пресса.Тҷ" бо такя ба як манбааш навишт, ӯ бар асари бемории ҳамагир даргузашт.
Абдуқаҳҳор Буриев

АБДУҚАҲҲОР БУРИЕВ

65-сола · Устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Хуҷанд моҳи сентябри 2020 аз олам даргузашт. Манобеи "Sputnik Тоҷикистон" гуфтаанд, Бӯриев дар Бемористони клиникии вилоятии Суғд табобат мегирифт. Ӯ зодаи ноҳияи Деваштич буда, риштаи математика ва физикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинободи собиқ, ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст.
Абдуқаҳҳор Раҷабов

АБДУҚАҲҲОР РАҶАБОВ

62-сола · Мудири театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ҳунарманди театру синамо моҳи майи 2020 дар бемористон даргузашт. Яке аз ҳамкоронаш ба расонаҳо гуфтааст, ӯ дар шифохонаи касалиҳои сироятии Суғд бистарӣ буд ва пештар аз фишорбаландӣ ва боло рафтани қандаш шикоят дошт.
Абдулваҳҳоб Искандарзода

АБДУЛВАҲҲОБ ИСКАНДАРЗОДА

63-сола · Генерали бознишастаи тоҷик ва аз сардорони пешини Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи май даргузашт. Сабаби марги ӯро бемории СОVID-19 медонанд. Яке аз ҳамкорони Искандарзода ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бемории дил ҳам дошт ва табобат мегирифт." Вай дар Кӯлоб мезист.
Абдуллои Муҳаққиқ

АБДУЛЛОИ МУҲАҚҚИҚ

57-сола · Яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиноси умури дин моҳи октябри 2020 даргузашт. Яке аз наздиконаш ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ӯ бар асари бемории пневмония фавтид. Абдуллои Муҳаққиқ (Холбозор Шарипов) хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва чанд сол дар шуъбаҳои гуногуни ВКД кор карда, бознишаста шуда буд.
Абдулло Ҳайдаров

АБДУЛЛО ҲАЙДАРОВ

56-сола · Корманди идораи обу корез дар Душанбе. Моҳи май дар беморхонаи Роҳи Оҳан даргузашт. Аз беморхона рост ба қабристони Сари Осиё бурда гӯрондаанд. Нишонаҳои коронавирус ва нафастангӣ доштааст.
Абдулфайз Раҷабов

АБДУЛФАЙЗ РАҶАБОВ

47-сола · Ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар маҳбаси рақами 1-и шаҳри Душанбе даргузашт. Мақомот сабаби маргашро пневмония ё илтиҳоби шуш гуфтанд.
Абдумаҷид Мискинов

АБДУМАҶИД МИСКИНОВ

54-сола · Деҳқон, сокини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ. Моҳи июни 2020 дар шифохона даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш ва сардухтури ноҳияи Мастчоҳ Музаффархон Баҳодуров, ӯро аз беморхона рост ба қабристони деҳа бурда, дафн кардаанд. Пизишкон мегӯянд, бемории қанд ва чанд маризии музмини дигар дошт, аммо ҳамсояҳо ва наздикон мегӯянд, нишонаҳои коронавирус дошт.
Абдумаҷид Муъминов

АБДУМАҶИД МУЪМИНОВ

63-сола · Раиси деҳаи Кулмунда. Моҳи май дар беморхонаи "Истиқлол"-и Душанбе бо нишонаҳои коронавирус фавтидааст.
Абдумаҷид Раҷабов

АБДУМАҶИД РАҶАБОВ

Аз соли 1995 дар санбӯсахонаи "Автостантсия"-и Хуҷанд фаъолият дошт. Моҳи май дар бемористони вилоятии Суғд даргузашт. Аз беморхона бо мошини Ёрии таъҷилӣ рост ба қабристон бурда, дафн кардаанд. Ҷаноза ҳам дар он ҷо шудааст. Ташхиси расмӣ бемории ӯро пневмония нишон додааст.
Абдумуталиб Ғафуров

АБДУМУТАЛИБ ҒАФУРОВ

33-сола · Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Дар "Рембитехника" ба ҳайси устои таҷҳизоти рӯзгор кор мекард. Одамон бо либосҳои муҳофизатӣ гӯрондаанд. Пизишкон ба ӯ илтиҳоби шуш ташхис гузоштаанд, вале наздиконаш мегӯянд, эҳтимол ӯ ҳам гирифтори коронавирус шуда буд.
Абдураззоқ Раҳимов

АБДУРАЗЗОҚ РАҲИМОВ

67-сола · Пизишк буд ва моҳи май дар бемористони шаҳри Леваканд даргузашт. Илтиҳоби шуш будааст.
Абдураҳмон Маҳмадшоев

АБДУРАҲМОН МАҲМАДШОЕВ

66-сола · Бознишаста буд. Дар гузашта ҳамчун роҳбари "Маркази миллии ташхиси байторӣ"-и ҷумҳурӣ кор кардааст. Нишонаҳои коронавирусро доштааст.
Абдусалом Абдуқодиров

АБДУСАЛОМ АБДУҚОДИРОВ

71-сола · Профессор ва навоишиноси маъруф дар моҳи ноябр даргузашт. Яке аз наздиконаш ба расонаҳо гуфтааст, ӯ тақрибан ду ҳафта дар бемористони касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ буд ва баъди ҷавоб шудан аз он ҷо дар хонааш вафот кард. Доктори илмҳои филологӣ (1999) ва профессор (2015) буд.
Абдусалом Искандарзода

АБДУСАЛОМ ИСКАНДАРЗОДА

60-сола · Сардори пешини Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар минтақаи Кӯлоб дар беморхонаи Зарафшони Душанбе даргузашт. Яке аз ҳамкорони подполковник Искандарзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Восеъ бо чораҳои эҳтиётӣ ва селофанпеч дафн карданд. Илтиҳоби шуш ва нишонаҳои коронавирус доштааст.
Абдухолиқ Пириев

АБДУХОЛИҚ ПИРИЕВ

63-сола · Духтури кӯдакон дар беморхонаи ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён. Моҳи май дар бемористони ноҳия фавтидааст. Бо ҳузури пизишкон дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Абдуҳомид Самадов

АБДУҲОМИД САМАДОВ

79-сола · Шарқшинос ва мушовири адлияи консулгарии Афғонистон дар солҳои 1970-1984 моҳи ноябри соли 2020 даргузашт. Фархунда Самадова, яке аз пайвандони Абдуҳомид Самадов, дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, ки ӯ аз илтиҳоби дутарафи шуш фавтид. Дар бемористони "Советский 1" бистарӣ буд. Самадов дар Академияи илмҳо, Додгоҳи олӣ ва нашрияи "Тоҷикистон" низ кор кардааст.
Абдуҷаббор Шамсзода

АБДУҶАББОР ШАМСЗОДА

58-сола · Роҳбари пешини Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Моҳи июн дар бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Як манбаъ дар додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамкорон дар ҷаноза ширкат накардаанд. Пневмония ё илтиҳоби шуш будааст.
Абдуҷамил Шукуров

АБДУҶАМИЛ ШУКУРОВ

68-сола · Сардори собиқи раёсати зиндонҳои вилояти Суғд моҳи сентябри 2020 фавтид. Як манбаи наздик ба хонаводаи Шукуров ба расонаҳо гуфтааст, полковник дар Бемористони клиникии Суғд аз илтиҳоби шуш табобат мегирифт.
Абдушукур Расулов

АБДУШУКУР РАСУЛОВ

Сокини шаҳри Панҷакент. Аз эрозияи меъда бо хунравии шадид, гепатити музмини токсикӣ, пиелонефрити музмин, давраи хуруҷ, илтиҳоби шадиди қисми поёнии шушҳо табобат гирифта, моҳи августи 2020 фавтидааст.
Абубакр Зубайдов

АБУБАКР ЗУБАЙДОВ

62-сола · Олим ва мутриби шинохта, муҳаққиқи мусиқӣ, овозхон ва устоди собиқадори Донишкадаи санъати Тоҷикистон моҳи майи 2020 дар бемористони "Якум Советский"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи дӯстонаш, ҳунарманд бо бемории СOVID-19 мубориза бурда натавонист.
Абумутаалим Ҳомидов

АБУМУТААЛИМ ҲОМИДОВ

44-сола · Табиби осебшинос дар Қарияи Боло. Моҳи майи соли 2020 даргузашт. Яке аз ҳамкоронаш гуфт, селофанпеч карда, ба зодгоҳаш шаҳри Истаравшан бурданд. Ташхиси расмӣ нишон додааст, ки гирифтори СOVID-19 будааст.
Аваз Аъзамов

АВАЗ АЪЗАМОВ

50-сола · Овозхони тоҷик моҳи майи 2020 дар беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб даргузашт. Кормандон бо либосҳои муҳофизатӣ рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Сабаби расмии марги ӯро пневмонияи дутарафа гуфтаанд.
Аваз Ҳакимов

АВАЗ ҲАКИМОВ

57-сола · Раиси филиали "Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон" ва сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Турсунзода. Моҳи май дар бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе (Зарафшон) даргузашт. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ӯро зери чораҳои беҳдоштӣ дафн кардаанд. Илтиҳоби дутарафаи шуш будааст.
Адолат Бобоева

АДОЛАТ БОБОЕВА

Раиси иттифоқҳои касаба ва табиби бемористони рақами 1-и шаҳри Хуҷанд моҳи май дар беморхона фавтидааст. Илтиҳоби шуш будааст.
Азимҷон Шокаримов

АЗИМҶОН ШОКАРИМОВ

67-сола · Мудири шуъбаи хоҷагии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд моҳи октябри 2020 аз олам чашм пӯшид. Сомонаи "Пресса.Тҷ" навишт, ӯ бар асари бемории илтиҳоби шуш ҷон бохт. Як манбаи наздик ба хонаводаи ӯ гуфтааст, Шокаримов барои табобат ба бемористони сироятӣ дар Хуҷанд, ҷойе, ки гирифторони коронавирус ва илтиҳоби шушро табобат мекунанд, интиқол ёфта буд.
Айёмҷон Исроилов

АЙЁМҶОН ИСРОИЛОВ

60-сола · Посбони Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд. Фозилҷон Исроилов, бародари марҳум ба Радиои Озодӣ гуфт, Айёмҷон Исроилов рӯзи 10-уми ноябри 2020 аз бемории коронавирус фавтид.
Акаҷон Қурбонов

АКАҶОН ҚУРБОНОВ

36-сола · Дандонпизишк. Моҳи майи соли 2020 дар бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб фавтидааст. Аз беморхона рост ба қабристон бурда, дафн кардаанд. Пневмония ва нишонаҳои COVID-19 доштааст.
Акматбобо Маҳмуризоев

АКМАТБОБО МАҲМУРИЗОЕВ

59-сола · Узви созмони "Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон”, сармутахассиси Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Турсунзода буд. Дар беморхонаи сироятии шаҳри Турсунзода даргузашт. Ҷасадашро аз беморхонаи сироятии Турсунзода рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Гирифтори илтиҳоби шуш будааст.
Акрам Аслонов

АКРАМ АСЛОНОВ

59-сола · Сардори Хадамоти давлатии назорати соҳаи маориф дар вилояти Суғд буд. Ба таври маъмулӣ ва бидуни селофанпеч дафн намудаанд. Ташхис бемории ӯро пневмонияи дутарафа нишон додааст. Афроди наздик ба ӯ гуфтанд, ки дар хона муолиҷа мекард. Бемории қанд низ доштааст.
Акрам Набиев

АКРАМ НАБИЕВ

64-сола · Мудири пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ рӯзи 7-уми май аз "илтиҳоби шуш" даргузаштааст. Пайвандонаш гуфтанд, аз бемории дил ҳам азият мекашид ва ду ҳафта дар хона муолиҷа гирифта буд.
Алихон Раҳмонзода

АЛИХОН РАҲМОНЗОДА

62-сола · Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ки генерал-майор, сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи сентябр аз бемории коронавирус даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе дафн кардаанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД, ба хабаргузорӣ гуфтааст, “ӯ дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони “Якум Советский”) табобат мегирифт. Марги ӯ нобаҳангом буд."
Амирхон Миров

АМИРХОН МИРОВ

58-сола · Корманди бахши таъминоти иҷтимоии мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳри Кӯлоб. Маросими видоъро дар хона гузаронда, баъдан дафн намудаанд. Нишонаҳои илтиҳоби шуш доштааст.
Амриддин Зиёев

АМРИДДИН ЗИЁЕВ

46-сола · Моҳи май дар беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ даргузашт. Селофанпеч карда, дафн намудаанд.
Анварҷон Абдухолиқов

АНВАРҶОН АБДУХОЛИҚОВ

41-сола · Корманди Раёсати молияи ноҳияи Рӯдакӣ. Дар Вазорати молия ҳам кор кардааст. Ҷасадашро аз беморхона рост ба оромгоҳ бурда, бо ширкати андаки хешон дафн кардаанд. Расман бемории ӯро пневмония гуфтаанд. Ба қавли наздиконаш, бо таби баланд дар Душанбе бистарӣ буд.
Аҳрор Иброҳимов

АНВАР ХӮҶАМУРОДОВ

50-сола · Сардухтури бахши дандонпизишкии "Маркази тиббии рақами 1 ба номи Карим Аҳмедов" дар Душанбе рӯзи 14-уми ноябр даргузашт. Хабаргузории “Азия-Плюс” навишт, ки ӯ бо гумони бемории коронавирус фавтидааст. Ба иттилои як манбаи хабаргузорӣ, ӯ дар шифохонаи Зарафшони Душанбе бистарӣ буд.
Анорбек Рӯзиев

АНОРБЕК РӮЗИЕВ

62-сола · Омӯзгор дар ноҳияи Мастчоҳ 10-уми октябри 2020 аз коронавирус даргузашт.
Арбобмирзо Шамсиев

АРБОБМИРЗО ШАМСИЕВ

60-сола · Доктори илмҳои кишоварзӣ моҳи май дар беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Аз беморхона рост барои дафн ба қабристон бурдаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Аҳмад Оев

АҲМАД ОЕВ

Собиқ корманди шуъбаи 6-уми шаҳри Турсунзода. Моҳи майи 2020 дар беморхонаи шаҳри Турсунзода фавтидааст. Нишонаҳои коронавирус доштааст.
Аҳрор Иброҳимов

АҲРОР ИБРОҲИМОВ

54-сола · Яке аз афсарони баландрутбаи собиқи тоҷик бар асари сирояти коронавируси нав ҷон додааст. Дӯсташ Маҳмадносир Шодиев ба Радиои Озодӣ гуфт, Аҳрор Иброҳимов дар шифохонаи вилоятӣ дар Хуҷанд зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд ва рӯзи 5-уми ноябр ба худ наомада ҷон дод. Яке аз табибони шифохонаи Хуҷанд гуфт, дар воқеъ, Аҳрор Иброҳимов бар асари сирояти СОVID-19 вафот кардааст.
Ашӯр Хизиралиев

АШӮР ХИЗИРАЛИЕВ

Корманди МБТИ 11-и шаҳри Кӯлоб. Аз бемористон рост ба қабристон бурда, дафн кардаанд. Ба гуфтаи наздикон, аз пневмония даргузаштааст

Б

Бахтиёр Сироҷиддинов

БАХТИЁР СИРОҶИДДИНОВ

Яке аз табибони шаҳри Панҷакент 22-юми июл дар пайи бемории COVID-19 даргузаштааст. Дар бораи фавти ӯ хабарнигор Хуршед Фозилов дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода буд. Баъзе аз корбарон навиштаанд, дар як муддати кӯтоҳ чаҳор узви оилаи Сироҷиддиновҳо аз дунё гузаштаанд.
Баҳриддин Камолиддинов

БАҲРИДДИН КАМОЛИДДИНОВ

85-сола · Устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз забоншиносони шинохтаи кишвар моҳи майи 2020 даргузашт. Ҷасади Камолиддиновро аз беморхонаи воқеъ дар назди идораи "Роҳи Оҳан"-и Душанбе мустақим ба қабристони "Сари Осиё" бурдаанд. Пайвандонаш гуфтанд, табибон сабаби марги донишманди шинохтаро аз "бронхопневмонияи дутарафа" ва "норасоии шадиди дилу рагҳо ва роҳҳои нафас" номидаанд.
Беҳрӯз Қурбонов

БЕҲРӮЗ ҚУРБОНОВ

43-сола · Устоди забони англисӣ дар Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар. Дар бемористони вилоятии Хатлон даргузаштааст. Бо ҳузури пизишкон ба хок супурдаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Биҳанифахон Ахунова

БИҲАНИФАХОН АХУНОВА

Корманди Маркази саломатии рақами 3 дар Хуҷанд рӯзи 8-уми май дар шифохонаи вилоятии Суғд бо нишонаи илтиҳоби дутарафаи шуш фавтидааст.
Бобохон Аюбов

БОБОХОН АЮБОВ

70-сола · Моҳи майи имсол дар шифохонаи “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе даргузашт. Ҷасади Бобохон Аюбовро кормандони хадамоти беҳдоштӣ ба қабристон бурдаанд. Бародараш Сафар Аюбзодаи Маҳзун дар Фейсбук навишт, ӯ аз бемории илтиҳоби дутарафаи шуш (ё худ коронавирус) даргузаштааст.
Бобоҷон Салимов

БОБОҶОН САЛИМОВ

69-сола · Амаки Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон, моҳи майи 2020 дар бемористони "Якум Советский"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дафн кардаанд.

В

Ватаншоҳ Раҷабов

ВАТАНШОҲ РАҶАБОВ

50-сола · Табиби Бемористони Ёрии таъҷилӣ дар Душанбе дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Илтиҳоби шуш доштааст. Бо риояи чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн кардаанд.
Вилоят Тоҷибоева

ВИЛОЯТ ТОҶИБОЕВА

51-сола · Муовини мудири мактаби 3-и шаҳри Хуҷанд дар беморхонаи вилоятии Суғд (шаҳри Хуҷанд) даргузашт. Маросими ҷанозааш бо ширкати ками одамон баргузор шудааст. Дар оромгоҳи Хуҷанд ба хок супурданд. Ташхиси расмӣ бемории пневмония нишон додааст.

Г

Гадо Гадоев

ГАДО ГАДОЕВ

58-сола · Мудири дорухонаи рақами 11 дар Қарияи Болои Душанбе дар бемористони "Якум Советский" даргузашт. Аз беморхона ба оромгоҳи "Сари Осиё" бурда, селофанпеч дафн кардаанд. Нишонаҳои бемории COVID-19-ро доштааст.
Гулбону Сангова

ГУЛБОНУ САНГОВА

47-сола · Ҳамшираи тиббии беморхонаи касалиҳои пӯст, воқеъ дар маҳаллаи Яккачинори Душанбе буд. Моҳи май дар беморхонаи "Якум Советский"-и Душанбе даргузашт. Ҷасадро дар Кӯлоб дафн кардаанд. Ба бовари наздикон аз бемории коронавирус даргузаштааст.
Гулназар Келдӣ

ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ

75-сола · Муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистон моҳи сентябри 2020 даргузашт. Ӯро бо гумони мубтало шудан ба бемории коронавируси нав дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бистарӣ карда буданд. Барандаи ҷоизаи Ҷавонон ё комсомол ва мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ буд. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси Намояндагон ва солҳои охир муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.
Гулнора Камолиддинова

ГУЛНОРА КАМОЛИДДИНОВА

52-сола · Духтари Баҳриддин Камолиддинов, донишманди шинохтаи тоҷик. То охири соли гузашта дар "Акссесбонк" ба ҳайси муҳосиб кор мекард. Пайвандони Гулнора Камолиддинова гуфтанд, ҷасади ӯро кормандони хадамоти беҳдоштӣ аз беморхонаи Қарияи Боло ба манзилаш, воқеъ дар наздикии бозори "Султони Кабир" бурда, ба хона надаровардаанд. Ба гуфтаи пайвандон, табибон ташхиси Гулнора Камолиддиноваро пневмония ё илтиҳоби шуш гуфтаанд.
Гулнора Сатторова

ГУЛНОРА САТТОРОВА

Сокини шаҳри Хуҷанд моҳи майи 2020 дар беморхонаи рақами 1-и маркази вилояти Суғд фавтидааст. Ҷасадро аввал дар сардхонаи беморхона нигоҳ дошта, баъд селофанпеч кардаву гӯрондаанд. Нишонаҳои коронавирус доштааст.
Гулсара Хуҷасаидова

ГУЛСАРА ХУҶАСАИДОВА

57-сола · Муаллимаи физика дар шаҳри Душанбе моҳи июн дар бемористони "Якум Советский" даргузашт. Ҷасади ӯро танҳо барои 10-15 дақиқа ба назди манзилаш воқеъ дар наздикиҳои маҳаллаи маъруф ба "Танка" бурда, баъдан дар оромгоҳи маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе ба хок супурдаанд. Илтиҳоби шуш будааст.

Ғ

Ғаффор Воҳидов

ҒАФФОР ВОҲИДОВ

Табиб, устоди кафедраи "Беҳдошти муҳити зист" дар Донишгоҳи тиббӣ. Моҳи май фавтид ва дар Душанбе дафн карда шуд. Ба гуфтаи яке аз ҳамкоронаш, аз илтиҳоби шуш муолиҷа гирифта, аз беморхона рухсат шуда буд ва дар хонааш фавтид.
Ғуломиддин Сайфиддинов

ҒУЛОМИДДИН САЙФИДДИНОВ

79-сола · Яке аз мутахассисон ва муҳандисони соҳаи энергетика. Моҳи май даргузашт. Ба гуфтаи наздикон бемории дил дошт, аммо пеш аз марг дар беморхонаи "Якум Советский", ҷое, ки беморони коронавирус муолиҷа мегиранд, бистарӣ буд.

Д

Давлат Холназаров

ДАВЛАТ ХОЛНАЗАРОВ

74-сола · Табиб аз деҳаи Тани Ёл ва корманди беморхонаи Кӯлоб моҳи майи 2020 дар Душанбе фавтид. Нишонаҳои коронавирус ва илтиҳоби шуш доштааст.
Дилором Нурматова

ДИЛОРОМ НУРМАТОВА

Мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, ки ин сокини ҷамоати Навкати ноҳияи Спитамен аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааст.
Дилшод Исломов

ДИЛШОД ИСЛОМОВ

46-сола · Ноиби аввали сардори Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Сабаби даргузашти полковник Исломзода бемории сироятии коронавирус арзёбӣ мешавад.
Додарой Бердиева

ДОДАРОЙ БЕРДИЕВА

Табибон гуфтанд, ин сокини шаҳри Панҷакент моҳи августи 2020 бо ташхиси илтиҳоби шадиди қисми поёнии шушҳо, саратони сина, фарбеҳии дараҷаи 2-3 ва фишорбаландӣ фавтид.
Дӯстмурод Бобоев

ДӮСТМУРОД БОБОЕВ

60-сола · Устоди кафедраи "Телевизион ва радио"-и факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2020 даргузашт. Баъзе аз ҳамкоронаш сабаби марги ӯро бемории COVID-19 номиданд, вале пайвандонаш гуфтанд, ӯ бар асари бемории илтиҳоби шуш фавтид. Дӯстмурод Бобоев дар мавзӯи "Филмҳои ҳуҷҷатӣ дар публитсистика" рисолаи доктории худро навишта, дар садади ҳимояи он буд.
Дӯстмуҳаммад Дӯстматов

ДӮСТМУҲАММАД ДӮСТМАТОВ

62-сола · Шикастабаданди бемористони рақами 1-и шаҳри Хуҷанд буд. Моҳи апрел баъд аз чанд рӯзи будан дар бемористони вилоятии Суғд (Хуҷанд) фавтидааст. Ӯро як бародар ва ду ҳамкораш селофанпеч карда, гӯрондаанд. Расман - аз фишорбаландӣ, вале ҳамкоронаш мегӯянд, ӯ ва ҳамсарашро бо нишонаҳои бемории COVID-19 бистарӣ карда будаанд.

Ё

Ёдгор Исломов

ЁДГОР ИСЛОМОВ

Сокини деҳаи Шафтолубоғ, ҷамоати Фархор, бознишаста, омӯзгори собиқ. Моҳи майи 2020 даргузашт. Бо риояи чораҳои беҳдоштӣ гӯрондаанд. Сабаби маргаш илтиҳоби шуш гуфта мешавад.

З

Закия Муллоҷонова

ЗАКИЯ МУЛЛОҶОНОВА

87-сола · Номзади илми суханшиносӣ рӯзи 8-уми декабри соли 2020 даргузашт. Писараш, коршиноси шинохта Парвиз Муллоҷонов, дар шабакаи Фейсбук марги ӯро ба бемории коронавируси нав пайванд дод. Закия Муллоҷонова муаллифи даҳҳо маводи илмист, ки аксари онҳо ба таҳқиқи осори Садриддин Айнӣ бахшида шудаанд. Ӯ ҳамсари Масъуд Муллоҷонов, рӯзноманигору адиби тоҷик ва яке аз поягузорони маҷаллаи адабии "Помир" буд. Муллоҷонов соли 2015 даргузаштааст.
Замира Валиева

ЗАМИРА ВАЛИЕВА

Ҳамсари Шариф Хоҷаев, тоҷири бозори "Корвон", ки рӯзи якуми май фавтида буд. Дар беморхонаи "Якум Советский"-и Душанбе даргузашт. Ҷасадро дар ноҳияи Фархор бо риояи чораҳои эҳтиётӣ гӯр кардаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Замираи Муҳаммадсафар

ЗАМИРАИ МУҲАМАДСАФАР

15-сола · Хонандаи синфи 8-ум (ноҳияи Ёвон), ки дар бахши адабиёти кӯдакон дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" (Хатлон) сазовори ҷойи сеюм шуда буд, аз илтиҳоби шуш даргузаштааст. Наздиконаш ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, ӯ чанд рӯз аз бемории илтиҳоби шуш азият кашида, 16-уми ноябр аз олам чашм пӯшид.
Зарина Неъматова

ЗАРИНА НЕЪМАТОВА

44-сола · Табиби физиотерапевт, мудири шуъбаи асабшиносии беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапияи Хуҷанд рӯзи 10-уми октябри 2020 аз илтиҳоби шуш даргузашт. Дӯстони Зарина Неъматова ба "Азия-Плюс" гуфтаанд, "нафастангӣ азобаш дод ва ба дар беморхонаи сироятии Хуҷанд бистарӣ буд." Онҳо гуфтаанд, "ба сабаби он ки бемории диққи нафас дошт, натавонист бо бемории илтиҳоби шуш мубориза барад."
Зариф Ҷӯраев

ЗАРИФ ҶӮРАЕВ

47-сола · Мудири намояндагии бонки давлатии “Амонатбонк” дар шаҳри Бӯстон моҳи ноябри 2020 фавтид. Манобеъ аз “Амонатбонк” дар вилояти Суғд ба сомонаи “Спутник” гуфтаанд, Ҷӯраев дар бемористони марказии шаҳри Бӯстон аз бемории илтиҳоби шуш табобат мегирифт.
Зикриё Рӯзиев

ЗИКРИЁ РӮЗИЕВ

Дар беморхонаи касалиҳои сироятии Кӯлоб кор мекард. Моҳи майи 2020 дар хонааш фавтидааст. Нишонаҳои коронавирусро доштааст.
Зоирҷон Асомуддинов

ЗОИРҶОН АСОМУДДИНОВ

52-сола · Пизишки Маркази дилшиносии ҷумҳурӣ, ҷонишини мудири Маркази муоинаи профилактикаи тиббии шаҳри Душанбе буд. Моҳи май даргузашт. Нишонаҳои коронавирус доштааст.
Зоирҷон Қурбонов

ЗОИРҶОН ҚУРБОНОВ

36-сола · Раиси пешини намояндагии "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Шаҳринав. Дар бораи марги ӯ рӯзноманигори тоҷик Саидэҳсони Ҷалолиён дар Фейсбук хабар дод. Баъзе аз расонаҳо иллати марги Зоирҷон Қурбоновро худкушӣ навиштанд. Манобеи нашрияи “Фараж” бо такя ба наздикони Зоирҷон хабар додаанд, ки собиқ раиси филиали ин бонк дар ноҳияи Шаҳринав аз коронавирус ҷон бохт. Ба қавли наздикон, “Зоирҷон Қурбонзода ба бемории коронавирус гирифтор шуда буд ва баъдан ба шушҳояш таъсир гузошт".
Зубайдулло Тағоев

ЗУБАЙДУЛЛО ТАҒОЕВ

43-сола · Сардори шуъбаи бақайдгирии нозироти андоз дар Панҷакент 17-уми август даргузашт. Ба гуфтаи пизишкон, ӯ аз илтиҳоби шадиди қисми поёнии шушҳо, алоими шадиди варами респиратории дистесӣ ва диабети қанд фавтидааст. Наздикони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин беморӣ фавтидани Тағоевро тасдиқ кардаанд.
Зубдагул Усмонова

ЗУБДАГУЛ УСМОНОВА

64-сола · Нафақахӯр буд. Қаблан дар корхонаи Гулистони шаҳри Душанбе ҳамчун дӯзанда кор кардааст. Зери чораҳои эҳтиётӣ дафн шудааст. Сабаби маргашро бемории коронавирус гуфтаанд.
Зумрат Вафоева

ЗУМРАТ ВАФОЕВА

60-сола · Дар Донишкадаи забонҳо муҳосиб буд. Моҳи майи соли 2020 даргузашт. Ҳамкоронаш мегӯянд, илтиҳоби шуш буд.

И

Икром Болтабоев

ИКРОМ БОЛТАБОЕВ

Мудири яке аз шуъбаҳои "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо" моҳи октябр даргузашт. "Азия-Плюс" навишт, ӯ моҳи сентябр ба коронавирус мубтало шуда буд. Ӯро яке аз ҷарроҳони муваффақ ном мебурданд.
Илҳом Сарабеков

ИЛҲОМ САРАБЕКОВ

44-сола · Паҳлавон ва қаҳрамони Осиё дар гуштии самбо дар бемористони "Истиқлол”-и шаҳри Душанбе даргузашт. Ҷанозаи Сарабековро аз мошини "Ёрии таъҷилӣ” нафароварда, намози ҷанозаро барпо карданд ва сипас бо ҳамон мошин барои дафн бурдаанд. Табибон сабаби марги ӯро илтиҳоби шуш (пневмония) номидаанд.
Илҳом Шерматов

ИЛҲОМ ШЕРМАТОВ

50-сола · Нозири пешини Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд. Бознишаста буд ва деҳқонӣ мекард. Ба гуфтаи ҳамсояҳояш, ҷасади Шерматовро ба наздиконаш надодаанд. Ӯро одамоне, ки либоси махсуси муҳофизатӣ ба тан доштанд, ба хок супурдаанд. Аз илтиҳоби шуш ва таби баланд фавтидааст.
Илҳом Эшонов

ИЛҲОМ ЭШОНОВ

54-сола · Табиби осебшиноси тоҷик моҳи октябр дар бемористони "Истиқлол”-и шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Илҳом Эшонов ба иллати коронавирус вафот кард. Ӯ дар дармонгоҳи "Мадади Акбар” кор мекард.
Имматшоҳ Сайфуллоев

ИММАТШОҲ САЙФУЛЛОЕВ

68-сола · Ассистенти кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, табиби беморхонаи Қарияи Болои Душанбе моҳи май дар бемористон даргузашт. Маросими видоъ зери чораҳои эҳтиётӣ баргузор шудааст. Илтиҳоби шуш буда, дарди ҷигар ҳам доштааст.
Ирфонуддин Шамсуддинов

ИРФОНУДДИН ШАМСУДДИНОВ

Имом-хатиби пешини масҷиди ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бохтар. Маросими ҷаноза бе ширкати сокинон ва зери чораҳои эҳтиётӣ дар шаҳри Бохтар баргузор шудааст. Нишонаҳои коронавирус ва илтиҳоби шуш доштааст.
Искандар Камолов

ИСКАНДАР КАМОЛОВ

52-сола · Дар бемористони "Якум Советский" даргузашт. Аз беморхона рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш доштааст.
Исломҷон Рустамов

ИСЛОМҶОН РУСТАМОВ

Муассиси ҶДММ "ГАЗОЙЛ" дар шаҳри Хуҷанд. Моҳи май аз Тоҷикистон бо ҳавопаймо барои муолиҷа ба Русия фиристоданд ва дар он ҷо фавтидааст. Нишонаҳои коронавирус доштааст.
Исматулло Ибодуллоев

ИСМАТУЛЛО ИБОДУЛЛОЕВ

60-сола · Мудири шуъбаи андрологии бемористони физиотерапевтии вилояти Суғд дар моҳи ноябр даргузашт. Яке аз пайвандони ӯ ба "Азия-Плюс" гуфтааст, ду ҳафта дар хонааш бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ буд. Исматулло Ибодуллоев дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 1983 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2004 то соли 2010 мудири шуъбаи ҷарроҳии Маркази табобатию солимгардонии “Нур” буд.
Исмоил Астанақулов

ИСМОИЛ АСТАНАҚУЛОВ

68-сола · Сарпарастор дар беморхонаи ноҳияи Фархор буд. Иллати маргашро илтиҳоби шуш гуфтаанд.
Исмоил Шафиев

ИСМОИЛ ШАФИЕВ

74-сола · Шаҳрдори пешини Леваканд моҳи ноябр фавтид. Ба гуфтаи онҳое, ки дар маросими видоъ будаанд, ҷасадро зери чораҳои беҳдоштӣ дафн кардаанд. Як манбаи наздик ба хонаводаи Шафиев ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ӯ рӯзҳои охир дар бемористон бистарӣ буд, вале нагуфтааст, кӣ аз чӣ маризӣ ранҷ мекашид.
Исҳоқ Гулҳусейнов

ИСҲОҚ ГУЛҲУСЕЙНОВ

Муовини раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон моҳи май дар беморхона фавтид. Бо ҳузури пизишкон ва чораҳои эҳтиётӣ дафн карда шудааст. Илтиҳоби шуш доштааст.

К

Камолиддин Икромов

КАМОЛИДДИН ИКРОМОВ

62-сола · Пизишки кӯдакон ва сардухтури дармонгоҳи кӯдакон дар Кӯлоб моҳи май фавтид. Ба иттилои ҳамкасбон, ӯ дар хонааш бемор шуда, дар ҳамон ҷо даргуазштааст. Илтиҳоби шуш будааст.
Камолиддин Мирзомаддинов

КАМОЛИДДИН МИРЗОМАДДИНОВ

57-сола · Духтури калони оилавии Маркази саломатии рақами 3-и шаҳри Хуҷанд моҳи сентябр даргузашт. Наздиконаш сабаби марги ӯро бемории коронавирус гуфтаанд.
Карим Каримов

КАРИМ КАРИМОВ

47-сола · Додситони Файзобод моҳи май дар шифохонаи марказии ноҳия даргузаштааст. Бо ҳузури ками ҳамкорону пайвандон дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш буд.
Каримхон Қурбонов

КАРИМХОН ҚУРБОНОВ

62-сола · Академик, доктори илми тиб, собиқ мудири Донишгоҳи тиббӣ ва муовини раиси Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" моҳи август даргузашт. Яке аз пайвандонаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, Каримхон Қурбонов як ҳафта дар шифохонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдакона дар Душанбе бистарӣ буд. Бемориашро бронхопневмония ё илтиҳоби дутарафаи шуш ташхис мондаанд.
Кароматулло Ҳакимов

КАРОМАТУЛЛО ҲАКИМОВ

25-сола · Муовини сардори Хадамоти амнияти парвозҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе моҳи май дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Бохтар фавтид. Зери чораҳои эҳтиётӣ дафн карданд. Нишонаҳои бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус доштааст.

Қ

Қайси Азиз

ҚАЙСИ АЗИЗ

62-cола · Овозхон ва тоҷир аз хонаводаи маъруфи Азизовҳо моҳи ноябр даргузашт. Бародараш Абубакри Азиз ба расонаҳо гуфтааст, ӯ се моҳ пеш ба бемории коронавирус гирифтор шуда, шифо ёфта буд. Қайси Азиз яке аз муассисони гуруҳҳои ҳунарии "Анис” ва "Мунис” буд.
Қорӣ Баҳриддин

ҚОРӢ БАҲРИДДИН

Яке аз олимони дин аз деҳаи Ҷорубсойи Ҳисор, собиқ имомхатиби масҷиди марказии Ҳисор. Моҳи май дар бемористон фавтидааст. Пневмония будааст.
Қурбоналӣ Ҳасанов

ҚУРБОНАЛӢ ҲАСАНОВ

68-сола · Генерал-майор, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи октябр дар Душанбе даргузашт. Як манбаи хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, “ӯ ба гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш дар Маркази табобатии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони “Якум Советский”) бистарӣ шуда буд”.
Қурбоналӣ Ҳасанов

ҚУРБОНАЛӢ ҲАСАНОВ

64-cола · Пизишки Маркази бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ дар Душанбе моҳи август даргузашт. Баҳром Салимов дар Фейсбук сабаби марги ӯро "илтиҳоби шуш" навиштааст.
Қутбиддин Қодиров

ҚУТБИДДИН ҚОДИРОВ

49-сола · Муовини сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Хатлон моҳи май дар бемористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даргузашт. Афроди наздик ба ӯ гумон доранд, ки Қодиров бар асари бемории ҳамагир ҷон бохтааст, чун бо ҳарорати баланду нафастангӣ ба бемористон бурда шуд. Амриддин Солиев, сардухтури бемористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Қутбиддин Қодиров бемории қанд низ дошт. "Сабаби маргашро бронхити музмин мондем", - гуфт ӯ. Ҷасади подполковник Қодировро зери чораҳои сахти эҳтиётӣ дафн карданд

Л

Латофат Давлатова

ЛАТОФАТ ДАВЛАТОВА

Овозхони тоҷик рӯзи 1-уми ноябр аз олам чашм пӯшид. Ҷаъфари Ҷалол, ҳунарманди тоҷик хабар дод, ки Латофат Давлатова дар бемористони бемориҳои сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, аз бемории коронавирус ҷон бохтааст.
Лола Бобоева

ЛОЛА БОБОЕВА

44-сола · Омӯзгори литсейи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд буд. Моҳи май дар бемористони вилоятии Суғд (шаҳри Хуҷанд) даргузашт. Маросими ҷанозааш ғайримаъмулӣ гузаштааст, аз беморхона рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Нишонаҳои бемории COVID-19-ро доштааст.

М

Мавлуда Рофиева

МАВЛУДА РОФИЕВА

56-сола · Хабарнигори шинохта дар оғози моҳи октябри имсол дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Ӯ пештар бо нишонаҳои "илтиҳоби шуш" дар шифохонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда буд. Пайвандону дӯстонаш гуфтанд, ки қаблан натиҷаи ташхиси ӯ аз COVID-19 манфӣ буд, вале месул(р)фид ва ҳарорати баланд дошт. Мавлуда Рофиева хабарнигори “Азия-Плюс” буд ва ҳамчун намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд низ кор кардааст.
Матлуба Алиева

МАТЛУБА АЛИЕВА

52-сола · Омӯзгори мактаби рақами 19-и шаҳри Хуҷанд моҳи май дар шифохона даргузашт. Маросими ҷанозааш маъмулӣ набудааст, дар оромгоҳе дар Хуҷанд ба хок супурдаанд. Наздикон мегӯянд, аз бемории COVID-19 фавтидааст.
Маҳмад Саидов

МАҲМАД САИДОВ

68-сола · Сокини шаҳри Кӯлоб. Моҳи май дар бемористони Ҷерқалъа даргузаштааст. Ҷасади Саидовро кормандони тиб аз беморхона рост ба оромгоҳ бурда, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Маҳмадсаид Расулов

МАҲМАДСАИД РАСУЛОВ

72-сола · Моҳи август дар беморхонаи “Якум Советский” даргузашт. Солҳои зиёд дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаи муовини вазири ҳифзи муҳити зист ва солҳои зиёд дар Хадамоти гумрук кор кардааст. Зери чораҳои беҳдоштӣ дафн кардаанд.
Маҳмуд Матарамов

МАҲМУД МАТАРАМОВ

64-сола · Ба қавли наздиконаш, корманди амнияти дохилии Бунёди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон буд. Ӯро 29-уми апрел бо ҳарорати баланд дар шифохонаи “Истиқлол” бистарӣ кардаанд. Ду рӯз зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ будааст. Рӯзи 1-уми майи дар шифохона даргузашт ва зери чораҳои беҳдоштӣ дафн карданд.
Маҳмудҷон Дадобоев

МАҲМУДҶОН ДАДОБОЕВ

51-сола · Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик рӯзи 29-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Сабаби расмии марги ӯро эълон накарданд, вале дӯстону наздиконаш иллати фавти ӯро ба бемории ҳамагир рабт доданд. Муъминҷон Дадобоев, бародари Маҳмудҷон Дадобоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш “бо таби баланд ва нишонаҳои коронавирус дар Бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардида буд”. Маҳмудҷон Дадобоев аз охири солҳои 90-ум то 2003 мудири ширкати телевизион ва радиои Симои мустақили якум ва як муддат сардабири нашрияи "Суғд" буд.
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад

МАҲМУДИ АШӮРМУҲАММАД

66-сола · Рӯзноманигори тоҷик, ки дар бемористони шаҳри Конибодом бистарӣ буд, рӯзи 24-уми октябр даргузашт. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯро бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш” бистарӣ карда буданд. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад дар нашрияи “Садои Конибодом” фаъолият дошт. Яке аз муаллифони “Қомуси Конибодом” буд. Дар оғози солҳои 2000-ум ба тақсиму фурӯши нашрияҳои давраии Тоҷикистон дар Конибодом машғул буд ва дар паҳн кардани матбуоти мустақиле ба мисли “Нерӯи сухан” ва “Рӯзи нав” низ саҳм дошт.
Меҳрия Сайдалиева

МЕҲРИЯ САЙДАЛИЕВА

53-сола · Сокини шаҳри Душанбе моҳи май даргузашт. Бо риояи қоидаҳои бехатарӣ дафн кардаанд. Ҳамсараш мегӯяд, Меҳрия Сайдалиева, аз короновирус тест насупурда буд, аммо ба гуфаи ӯ нишонаҳои бемории COVID-19-ро дошт.
Миллопар Бандишоев

МИЛЛОПАР БАНДИШОЕВ

61-сола · Генерали тоҷик, ки солҳои охир ба ҳайси муовини додситони вилояти Хатлон кор мекард, моҳи октябр даргузашт. Ӯ қаблан муовини раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия ва муовини сардори Раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳим дар Додситонии кулли Тоҷикистон буд. Наздиконаш ба расонаҳо гуфтаанд, табибон бемории ӯро “илтиҳоби шуш” ташхис дода буданд.
Мирзобек Каримов

МИРЗОБЕК КАРИМОВ

Собиқ сардори БДА-и шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ва муовини пешини раиси пулиси андози Тоҷикистон моҳи июл аз олам чашм пӯшид. Сабаби расмии марги полковник Мирзобек Каримов дақиқ нест, вале сомонаи “Ахбор” навишт, ба гуфтаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, аввал писару духтари ӯ ва сипас худашу ҳамсараш гирифтори бемории монанд ба илтиҳоби шуш шудаанд. Писару духтар ва ҳамсари Мирзобек Каримов шифо ёфтанд, вале ӯ фавтид. Сафарбек Авазов, раиси деҳаи Гулободи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гуфтааст, Каримов дар Маркази тиббии шаҳрии рақами 2 ба номи Комил Тоҷиеви Душанбе бистарӣ буд. Касалии қанд низ доштааст.
Мирзошо Муродзода

МИРЗОШО МУРОДЗОДА

50-сола · Муовини сардори бахши кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд моҳи сентябр дар бемористони "Якум Советский”-и шаҳри Душанбе аз бемории коронавирус фавтидааст. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯро шаш рӯз пеш аз марг ба бемористон бурда буданд.
Моҳбибӣ Дӯстова

МОҲБИБӢ ДӮСТОВА

63-сола · Сокини шаҳри Панҷакент моҳи аавгуст бо ташхиси бемории ишемикии дил, стенокардияи дараҷаи 3, бемории фишорбаландии дараҷаи 3, хафви 4, илтиҳоби шадиди қисми поёнии шушҳо даргузаштааст.
Мунира Ҳакимова

МУНИРА ҲАКИМОВА

63-сола · Наттоқи машҳури телевизиони Тоҷикистон моҳи май дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (беморхонаи машҳур бо номи Якум Советский) даргузашт. Духтари Мунира Ҳакимова мегӯяд, маросими видоъ бо ӯ дар назди хона баргузор шудааст. Табибон сабаби марги Мунира Ҳакимоваро илтиҳоби дутарафаи шуш гуфтаанд.
Мурод Азимов

МУРОД АЗИМОВ

51-сола · Варзишгари собиқ ва муҳофиз моҳи май дар бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Ҷасадро аз бемористон рост ба қабристон бурда, дафн кардаанд.
Муродалӣ Раҷабов

МУРОДАЛӢ РАҶАБОВ

70-сола · Духтур дар КАТС аз илтиҳоби шуш даргузаштааст.
Муртазо Шукуров

МУРТАЗО ШУКУРОВ

54-сола · Асабшинос ва аълочии Вазорати тандурустии Тоҷикистон моҳи майи соли 2020 даргузашт. Дар бемористони касалиҳои сироятии "Зарафшон"-и шаҳри Душанбе муолиҷа мегирифт. Сино Шукуров, писари Муртазо Шукуров, гуфт, пизишкон расман сабаби марги ӯро "бронхопневмония" навиштаанд.
Муфаззали Аҷамрод

МУФАЗЗАЛИ АҶАМРОД

67-сола · Журналист Одили Нозир дар Фейсбук аз қавли пайвандони ӯ навишт, ки шоири тоҷик аз "бемории монанд ба коронавирус” фавтидааст. Муфаззали Аҷамрод соли 1975 шуъбаи арабии риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои зиёд дар кишварҳои арабӣ ҳамчун тарҷумон фаъолият дошт.
Муҳайё Музаффарова

МУҲАЙЁ МУЗАФФАРОВА

80-сола · Пеш дар Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон кор кардааст. Дар бемористони вилоятии Суғд (шаҳри Хуҷанд) даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ӯро фарзандон ба хок супурданд. Дар шабакаи Фейсбук навиштанд, ки аз коронавирус даргузаштааст.
Муҳаммадқул Ҳазратқулов

МУҲАММАДҚУЛ ҲАЗРАТҚУЛОВ

76-сола · Сарходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон моҳи ноябр дар Душанбе даргузашт. Ҳамкоронаш ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, Ҳазратқулов чанд вақти ахир аз бемории илтиҳоби шуш ранҷ мебурд. Хатмкардаи шуъбаи форсии факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 1991 дар мавзӯи “Фалсафаи ишроқи Шаҳобуддин Сӯҳравардӣ” рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.
Муҳаммадисо Абдуллоев

МУҲАММАДИСО АБДУЛЛОЕВ

64-сола · Журналист аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон моҳи май дар бемористони ноҳия даргузашт. Ҷасадро ба хонааш набурдаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Муҳиддин Сангинов

МУҲИДДИН САНГИНОВ

63-сола · Иҷрокунандаи вазифаи мудири Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ аз бемории "илтиҳоби шуш” даргузашт. Ӯ моҳи майи имсол, дар пайи фавти мудири собиқи театр Абдуқаҳҳор Раҷабов роҳбарии театрро ба дӯш гирифта буд.
Мушкиннисо Собирова

МУШКИННИСО СОБИРОВА

Момодоя буд ва моҳи май даргузашт. Аз беморхона бурда ба шакли ғайримаъмулӣ дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Мӯсо Асозода

МӮСО АСОЗОДА

Сиёсатмадор ва яке аз фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон моҳи май дар бемористони Қарияи Боло даргузашт. Аз беморхона рост ба оромгоҳ бурдаанд. Нишонаҳои коронавирус ва илтиҳоби дутарафаи шуш доштааст.
Муъмин Раҳимзода

МУЪМИН РАҲИМЗОДА

36-сола · Подполковники милиса ва сардори шуъбаи мубориза ба зидди ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Панҷакент моҳи май фавтид. Беҳзод Муҳаммадӣ, корбари Фейсбук, навиштааст, ки ӯ дар зодгоҳаш, шаҳри Конибодом, ба бемории ҳамагир тоб наовард. Аз ӯ чаҳор фарзанд мондааст.
Муъмин Юсупов

МУЪМИН ЮСУПОВ

65-сола · Нафақахӯр буд. Пештар дар мактаби рақами 5 дар ҷамоати Ватани Фархор кор кардааст. Моҳи май дар беморхонаи марказии ноҳияи Фархор даргузаштааст. Зери чораҳои эҳтиётӣ дафн кардаанд. Нишонаҳои бемории COVID-19 ва норасоии шадиди роҳҳои нафас доштааст.

Н

Набиҷон Отаев

НАБИҶОН ОТАЕВ

Духтури оилавӣ дар маркази тандурустии "Меҳргон” (ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд) буд. Маъмурони интизомӣ ба иштироки мардуми зиёд дар маросими ҷанозаи ӯ иҷоза надоданд. Ҳангоми дафн танҳо наздикони Отаев ширкат кардаанд. Ҳамкоронаш даргузашти ӯро ба илтиҳоби шуш ё пневомония рабт доданд.
Назар Наимов

НАЗАР НАИМОВ

58-сола · Сокини деҳаи Аловиддин, ҷамоати деҳоти Фархор. Муаллим буд. Аз илтиҳоби шуш даргузаштааст.
Назаралӣ Алиев

НАЗАРАЛӢ АЛИЕВ

58-сола · Корманди Иттифоқҳои касабаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон моҳи ноябр даргузашт. Кормандони Иттифоқҳои касабаи ноҳия гуфтанд, ҷасадашро аз беморхона рост ба қабристон бурда, зери чораҳои беҳдоштӣ гӯрондаанд.
Назокат Ёрматова

НАЗОКАТ ЁРМАТОВА

63-сола · Назокат Ёрматова, омӯзгори собиқадор ва муовини пешини шаҳрдори Хуҷанд, моҳи сентябр даргузашт. Мақомот сабаби фавти ӯро расман шарҳ надодаанд. Sputnik Тоҷикистон бо такя ба манбааш навишт, ки ӯ дар Бемористони клиникии Суғд аз “илтиҳоби шуш” табобат мегирифт.
Наим Ҷебачиев

НАИМ ҶЕБАЧИЕВ

52-сола · Ба муҳоҷирати корӣ рафта меомад. Моҳи май дар беморхонаи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ даргузашт. Аз беморхона селофанпеч карда, духтурони Ёрии таъҷилӣ ба оромгоҳ бурдаанд. Маросими ҷаноза дар қабристон бо ширкати 15 нафар баргузор шудааст. Бо бемории сил бистарӣ шуд ва нишонаҳои коронавирус доштааст.
Наимҷон Авезов

НАИМҶОН АВЕЗОВ

37-сола · Корманди ширкати “Файзи Расул” моҳи август дар бемористони вилоятии Суғд даргузаштааст. Фарҳодҷон Исмоилов, яке аз дӯстонаш, дар Фейсбук навиштааст, ӯ ба иллати “илтиҳоби шуш” аз олам чашм пӯшид.
Наргис Ҷӯраева

НАРГИС ҶӮРАЕВА

41-сола · Ҳуқуқшинос ва мудири шӯъбаи ЗАГС дар шаҳри Гулистон буд. Дар бемористон даргузашт. Нишонаҳои коронавирус доштааст.
Насим Абдуллоев

НАСИМ АБДУЛЛОЕВ

39-сола · Корманди бонки "Эсхата" дар шаҳри Бӯстон. Ҷасади ӯро кормандони Ёрии таъҷилӣ бо либосҳои муҳофизатӣ дафн кардаанд. Ба гуфтаи наздикону дӯстон, бар асари COVID-19 фавтидааст.
Нодира Бухоризода

НОДИРА БУХОРИЗОДА

35-сола · Хоҳари журналисти шинохтаи тоҷик Нигора Бухоризода моҳи август аз олам чашм пӯшид. Нодира Бухоризода чанде пеш аз Олмон, ки дар онҷо таҳсил мекард, ба Душанбе омада буд ва ҳамагӣ ду моҳ пеш аз марг фарзандашро ба дунё оварда буд. Шоираи тоҷик Аниса Собирӣ ва журналисти рус Аркадий Дубнов хабар доданд, ки Нодира Бухоризода қурбонии коронавирус шудааст.
Нодира Одинаева

НОДИРА ОДИНАЕВА

46-сола · Мудири мактаби рақами 58-и ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини директори гимназияи рақами 74-и шаҳри Душанбе буд. Моҳи май дар беморхонаи "Истиқлол"-и Душанбе фавтид. Аз нафастангии шадид ранҷ мебурд.
Носир Умаров

НОСИР УМАРОВ

Корманди ширкати "Барқи тоҷик" ва бародари сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон Мансурҷон Умаров моҳи май дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯро дар Душанбе дафн карданд. Мақомот сабаби марги Носир Умаровро расман шарҳ надодаанд. Аммо ӯ дар беморхонаи Зарафшон, ҷое, ки гирифторони бемории ҳамагир муолиҷа мегиранд, бистарӣ шуда буд.
Нуралӣ Саломов

НУРАЛӢ САЛОМОВ

57-сола · Масъули пешини ташкилоти ибтидоии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ моҳи сентябр дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ аз коронавирус фавтидааст. Ӯ дар бемористони "Якум Советский”-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ба коронавирус гирифтор шуда, чанд рӯзи аввал дар хона табобат гирифт, вале баъди бад шудани аҳволаш ба бемористони "Якум Советский” рафт. Ӯ соли 2015 дар Олмон паноҳанда шуда, вале соли 2019 баргашта буд.
Нуралӣ Холмуродов

НУРАЛӢ ХОЛМУРОДОВ

66-сола · Духтур дар ФТЕК-и шаҳри Душанбе моҳи май дар бемористон фавтидааст. Илтиҳоби шуш будааст.
Нуриннисо Марофиева

НУРИННИСО МАРОФИЕВА

73-сола · Муаллими кимиё ва биология дар мактаби рақами 5-и Хуҷанд буд. Дар беморхонаи шаҳри Бӯстон (Чкалов) даргузашт. Ҷасади ӯро маъмурони наҷот (кормандони Идораи ҳолатҳои фавқулода) селофанпеч дафн кардаанд. Наздиконаш мегӯянд, нишонаҳои коронавирус дошт.
Нуриддин Маҳмудов

НУРИДДИН МАҲМУДОВ

64-сола · Бародари раиси пешини шаҳри Душанбе ва собиқ раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳи май дар беморхонаи касалиҳои сироятии Душанбе (Зарафшон) даргузашт. Дар Душанбе зери чораҳои беҳдоштӣ дафн шудааст. Нишонаҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус доштааст.
Нурмурод Хӯҷаназаров

НУРМУРОД ХӮҶАНАЗАРОВ

Корманди МБТИ-и шаҳри Кӯлоб моҳи июн даргузашт. Аз бемористон рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Илтиҳоби дутарафаи шуш будааст.
Оишамоҳ Алимова

ОИШАМОҲ АЛИМОВА

Корманди бемористони вилоятии Хатлон (шаҳри Бохтар) моҳи апрели имсол даргузашт. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар хабари расмӣ яке аз сабабҳои марги ӯро "сили иртишоҳи қисми мобайнии ҳарду шушҳо" ва "бемории қалб" навишт.

Р

Равшан Акрамов

РАВШАН АКРАМОВ

55-сола · Анестезиолог ва реаниматолог дар Муассисаи давлатии маркази шахрии Ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе буд. Моҳи май дар беморхонаи "Якум Советский" даргузашт. Ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ бо роҳбаладии духтурон дафн кардаанд. Пневмонияи шадиди дутарафа будааст.
Раҷабалӣ Почоқулов

РАҶАБАЛӢ ПОЧОҚУЛОВ

Сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён моҳи май даргузашт. Аз бемористон мустақим ба қабристон бурда, дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Раҷабалӣ Холмуъминов

РАҶАБАЛӢ ХОЛМУЪМИНОВ

53-сола · Сартабиби бемористони ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён моҳи май дар бемористон фавтид. Илтиҳоби шуш будааст.
Раҷабалӣ Эмомов

РАҶАБАЛӢ ЭМОМОВ

49-сола · Маъмури пешини милиса дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар моҳи ноябр даргузашт. Ҳамкорону дӯстонаш гуфтанд, ба коронавирус мубтало шуда буд.
Раҳматулло Мирзоолимов

РАҲМАТУЛЛО МИРЗООЛИМОВ

69-сола · Сардухтури пойгоҳи санитарӣ-эпидемиологӣ дар Панҷакент. Моҳи май дар беморхонаи касалиҳои сироятии Панҷакент даргузаштааст. Ҷасадашро аз беморхона рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Нишонаҳои коронавирус доштааст.
Раҳматулло Талбов

РАҲМАТУЛЛО ТАЛБОВ

Табиби маъруф моҳи сентябр Кӯлоб фавтид. Ҳамсуҳбатони сомонаи "Ахбор” гуфтаанд, Раҳматулло Талбов дар хона аз бемории илтиҳоби шуш муолиҷа мегирифт. Як манбаи сомона гуфтааст, ки дар асл иллати марги Талбов коронавирус будааст. Мақомот инро расман тасдиқ ё рад накардаанд.
РАҲМОНАЛӢ ТАБАРОВ

РАҲМОНАЛӢ ТАБАРОВ

61-сола · Аз ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб дар нерӯгоҳи Роғун ба ҳайси ронандаи КАМАЗ кор мекардааст. Моҳи май дар беморхонаи Ҷарқалъа фавтидааст. Маросими видоъ дар хонааш баргузор шудааст. Бемории шуш доштааст.
Рашодхон Бақоев

РАШОДХОН БАҚОЕВ

69-сола · Ҷарроҳи нейрохирурги беморхонаи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд буд. Дилшод Бақоев, писари Рашодхон Бақоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, падарашро аз беморхона рост ба қабристони "Гунбази қошуқ" бурда, дафн карданд. Илтиҳоби шуш будааст.
Раънохон Солеҳова

РАЪНОХОН СОЛЕҲОВА

Ронандаи таксӣ буд. Моҳи майи 2020 дар беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Хоҳараш гуфт, хостем ӯро бишӯем, гуфтанд, инҳо шахиданд, танҳо маҳс мекашем. Ҷасадро то пеши хона бурдем бо мошин. Дари мошинро ба рӯи наздикон як бор кушоданду пӯшиданд. Пизишкон иллати маргашро пневмония гуфтаанд, хоҳараш мегӯяд, нишонаҳои коронавирусро дошт.
Розия Абдуллоева

РОЗИЯ АБДУЛЛОЕВА

Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон моҳи май дар беморхонаи Қарияи Болои Душанбе даргузашт. Бо риояи чораҳои беҳдоштӣ дафн карда шудааст.
Роҳат Дадобоева

РОҲАТ ДАДОБОЕВА

67-сола · Пизишки занон буд ва солҳои ахир дар дармонгоҳи Донишкадаи омӯзгории Душанбе кор мекард. Моҳи май дар беморхонаи "Истиқлол"-и Душанбе даргузашт. Аз беморхона рост ба оромгоҳи "Сари Осиё" бурда, дафн кардаанд. Пизишкон ба наздиконаш сабаби марги ӯро илтиҳоби шуш гуфтаанд.
Рустам Аминов

РУСТАМ АМИНОВ

34-сола · Сокини ноҳияи Ёвон моҳи май дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе фавтидааст, ҷое, ки беморони илтиҳоби шуш ва гирифторони коронавирусро табобат мекарданд.
РУПИЯ ТӮРАЕВА

РУПИЯ ТӮРАЕВА

63-сола · Хонашин буд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ 20 рӯз дар беморхонаи "Якум Советский" бистарӣ буд. Дар ин беморхона асосан гирифторони бемории илтиҳоби шуш ё пневмония бистарӣ ҳастанд. Табибон сабаби марги Рупия Тӯраеваро илтиҳоби шуш гуфтаанд.
Рӯзимади Тоҳир

РӮЗИМАДИ ТОҲИР

63-сола · Омӯзгор ва рӯзноманигор моҳи май дар бемористони Восеъ даргузашт. Аз беморхона рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд, мисли дигар гирифторони бемории ҳамагир. Пневмония будааст.
Рӯҳулло Ҳакимзода

РӮҲУЛЛО ҲАКИМЗОДА

51-сола · Раиси собиқи бонки давлатии "Амонатбонк” моҳи май дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Бохтар даргузашт. Зери чораҳои эҳтиётӣ дафн кардаанд. Масъулони бемористони марказии Хатлон сабаби расмии фавти ӯро илтиҳоби шуш ё пневмония гуфтанд. Табибон мегӯянд, ӯ бемории қанд ҳам дошт.

С

Садриддин Раҳимов

САДРИДДИН РАҲИМОВ

55-сола · Мудири шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Бемористони клиникии Суғд дар моҳи октябр аз дунё даргузашт. Яке аз шахсони наздик ба хонаводаи ӯ гуфтааст, Раҳимов як моҳ пеш аз бемории коронавирус шифо ёфта буд, вале баъдан дар пайи сактаи мағзӣ (инсулт) фавтид. Садриддин Раҳимовро аз ҷумлаи пизишконе медонанд, ки аз замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Бемористони клиникии Суғд гирифторонро табобат мекард.
Садриддин Файзиев

САДРИДДИН ФАЙЗИЕВ

57-сола · Сардухтури беморхонаи ноҳияи Деваштич моҳи май даргузашт. Ӯро ба монанди гумонбарон ва беморони COVID-19 аз шифохона бо мошини Ёрии таъҷилӣ бурда гӯрондаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Саёҳат Ҳамроқулова

САЁҲАТ ҲАМРОҚУЛОВА

59-сола · Номзади илми тиб буд ва дар таваллудхонаи Маркази саломатии рақами 1, машҳур бо номи Беморхонаи маҳаллаи "Якум Советский" кор мекард. Пизишкон сабаби марги ӯро пневмония ва бемории дил гуфтаанд.
Саид Атоев

САИД АТОЕВ

Собиқ роҳбари шабакаҳои нирӯи барқи минтақаи Кӯлоб ва собиқ раҳбари шабакаҳои нирӯи барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ моҳи сентябр даргузашт. Сомонаи “Ахбор” навишт, ки ӯ дар хона аз бемории "илтиҳоби шуш” табобат мегирифт.
Саиданвар Камолов

САИДАНВАР КАМОЛОВ

70-сола · Генерал, раиси пешини Кумитаи амният ва муфаттиши ҳодисаҳои февралӣ дар КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ, моҳи май даргузашт. Ба қавли наберааш Беҳрӯз, аз бемории "бронхит" ранҷ мекашид ва дар шифохонаи "Якум Советский"-и пойтахт муолиҷа мегирифт. Баъзе аз манобеъ гуфтанд, ки Камолов муддати дароз аз илтиҳоби шуш ё пневмония табобат мешуд. Мақомот сабаби расмии марги ӯро ошкор накарданд.
Саидмаҳмад Гадоев

САИДМАҲМАД ГАДОЕВ

69-сола · Духтури кӯдакон ва табиби оилавӣ аз деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ моҳи май даргузашт. Нишонаҳои коронавирус ё илтиҳоби шуш доштааст.
Саидмухтор Беков

САИДМУХТОР БЕКОВ

63-сола · Полковник моҳи май дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. “Азия-Плюс” навишт, Беков аз бемории ҳамагир дар шифохона табобат мегирифт.
Саидҷони Субҳон

САИДҶОНИ СУБҲОН

57-сола · Муовини директор оид ба корҳои маъмурият ва хоҷагӣ дар Пажуҳишгоҳи мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон. Моҳи май дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт. Ҳамкорон дар ҷаноза ширкат накарданд, аммо мегӯянд, ӯро бо риояи чораҳои беҳдоштӣ дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Саймузаффар Раҳимов

САЙМУЗАФФАР РАҲИМОВ

60-сола · Муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик дар деҳаи Бешкаппаи Кӯлоб буд. Моҳи май дар бемористони Зарқалъаи Кӯлоб даргузашт. Аз бемористон рост ба қабристони деҳа бурда, гӯрондаанд. Барои ба хонааш бурдан иҷозат надодаанд. Илтиҳоби шуш доштааст.
Сайфиддин Ғаффоров

САЙФИДДИН ҒАФФОРОВ

63-сола · Сокини деҳаи Чаманзори ноҳияи Ёвон моҳи майи имсол дар бемористон даргузашт. Пизишкон шабона ба қабристон бурдаанд. Ба чанд нафари наздик иҷозат додаанд, ки бо либоси муҳофизатӣ дар маросими дафн ширкат кунанд. Қанд ва нишонаҳои коронавирус доштааст.
Саломат Абдуллоева

САЛОМАТ АБДУЛЛОЕВА

Мудири факултаи забонҳои Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар моҳи октябр даргузашт. Раёсати донишгоҳ дар нашрияи расмии худ сабаби марги ӯро бемории коронавирус гуфтаанд.
Санавбар Аллаева

САНАВБАР АЛЛАЕВА

60-сола · Адиби тоҷик моҳи май дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт. Ба гуфтаи наздикон, аз бемории ҳамагир фавтидааст.
Саодат Ҳайдарҷон

САОДАТ ҲАЙДАРҶОН

Хонашин, сокини шаҳри Турсунзода. Аз беморхона мустақим ба оромгоҳ бурда дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Сафар Аюбзодаи Маҳзун

САФАР АЮБЗОДАИ МАҲЗУН

64-сола · Шоир ва рӯзноманигори тоҷик шоми 21-уми ноябр дар Маркази тиббии рақами 1 дар Душанбе (бемористони "Якум Советский") даргузашт. Иллати расмии марги ӯро эълон накардаанд, аммо дӯстонаш мегӯянд, ӯ аз бемории ҳамагир муолиҷа мегирифт. Худи шоир дар Фейсбук навишта буд, ки дар бемористони "Якум Советский" зери дастгоҳи нафасдиҳӣ аст. Сафар Аюбзодаи Маҳзун узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд. Моҳи май бародари 70-солааш Бобохон Аюбов аз илтиҳоби дутарафаи шуш даргузашта буд.
Саъбагул Бӯриева

САЪБАГУЛ БӮРИЕВА (САОДАТ ҚАҲҲОРОВА)

73-сола · Модари овозхони тоҷик Саъдӣ Бӯризод моҳи май дар бемористони "Якум Советский" даргузашт. Ба гуфтаи наздикон, табибон ҷасадро барои гӯручӯб надода ва гуфтаанд, мақомоти санитарӣ бо риояи ҳама меъёрҳои диниву беҳдоштӣ дафн мекунанд.
Сироҷиддин Бобозода

СИРОҶИДДИН БОБОЗОДА

55-сола · Номзади илмҳои филологӣ ва муовини мудири Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд моҳи октябр даргузашт. Сомонаи “Ахбор” навишт, ӯ дар Бемористони клиникии вилоятии Суғд, ки барои гирифторони коронавирус махсус гардонида шудааст, аз бемории "илтиҳоби шуш” табобат мегирифт.
Сироҷиддин Мирзохонов

СИРОҶИДДИН МИРЗОХОНОВ

43-сола · Мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи май дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт. Бо ширкати ками одамон дар Душанбе ба хок супурдаанд. Ба гуфтаи наздикон аз бемории зуком азият мекашид
Собирҷон Давлатов

СОБИРҶОН ДАВЛАТОВ

49-сола · Корманди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рӯзи 13-уми сентябр дар беморхонаи "Якум Советский” вафот кард. Сомонаи "Ахбор" навишт, ки ӯ аз бемории коронавирус даргузашт ва барои видоъ бо турбати ӯ ҳамагӣ бист дақиқа вақт додаанд. Майор Давлатов беш аз 20 сол дар БДА кор кардааст.
Содиқ Бобоев

СОДИҚ БОБОЕВ

58-сола · Табиб ва ҷарроҳи Бемористони клиникии шаҳри Хуҷанд моҳи август аз олам даргузашт. Бино ба иттилои сомонаи "Спутник", Бобоев аз бемории "илтиҳоби шуш" дар Бемористони клиникии Суғд бистарӣ будааст.
Султон Тӯраев

СУЛТОН ТӮРАЕВ

69-сола · Яке аз тоҷирони машҳури Истаравшан ва бародари Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, моҳи сентябр аз олам чашм пӯшид. Яке аз наздиконаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, Султон Тӯраев дар шифохонаи шаҳри Истаравшан бо ташхиси "илтиҳоби шуш” муолиҷа мегирифт. Султон Тӯраев корпоратсияи "Хуросон"-ро роҳбарӣ мекард.

Т

Тағой Саидов

ТАҒОЙ САИДОВ

58-сола · Омӯзгори забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон моҳи май даргузашт. Ба гуфтаи ҳамкорон, аз сабаби ин ки дар хона табобат гирифта, фавтидааст, дар доираи хонавода ҷаноза ва дафн шудааст. Ташхиси расмӣ: Пневмония ва нишонаҳои коронавирус. Аз дарди меъда ҳам ранҷ мебурдааст.
Тоҷиддин Салимов

ТОҶИДДИН САЛИМОВ

51-сола · Вирусолог, профессор оид ба илмҳои байторӣ дар бемористони Қарияи Боло даргузашт. Нишонаҳои коронавирус доштааст.
Тӯтиннисо Рустамқулова

ТӮТИННИСО РУСТАМҚУЛОВА

52-сола · Духтури озмоишгари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд дар моҳи ноябр фавтид. Як корманди Идораи беҳдоштӣ дар Хуҷанд ба "Спутник" гуфтааст, Рустамқуловаро бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар Бемористони сироятии Суғд бистарӣ карда буданд.
Тӯҳфаҷон Набиева

ТӮҲФАҶОН НАБИЕВА

60-сола · Муовини мудири Гимназияи рақами 1-и Хуҷанд моҳи май дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо нишонаҳои бемории коронавирус даргузашт. Ҷасади ӯро аз беморхона бо мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд.

У

Умар Назаров

УМАР НАЗАРОВ

50-сола · Раиси маҳаллаи Кирови ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён дар беморхонаи Қарияи Болои Бохтар даргузашт. Ҷасади ӯро селофанпеч карда гӯрондаанд.
Умед Сафоев

УМЕД САФОЕВ

Табиби минтақавии маҳаллаи Мирзобек дар Душанбе ҳангоми табобат дар бемористони “Истиқлол” даргузаштааст. Сомонаи “Ахбор” навишт, ки ӯ аз бемории коронавирус вафот кард. Умед Сафоев, хоҳарзодаи полковник Мирзобек Каримов буд.
Умедҷон Шафоатов

УМЕДҶОН ШАФОАТОВ

32-сола · Моҳи май дар бемористони Қарияи Боло даргузашт. Бо мошини Ёрии таъҷилӣ ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Ба гуфтаи наздикон, аз бемории пневмония фавтидааст.

Ф

Фазлиддин Шарипов

ФАЗЛИДДИН ШАРИПОВ

60-сола · Профессор, муассис ва раҳбари Маркази микрохирургияи чашм буд. Пайвандонаш гуфтаанд, моҳи сентябр бар асари коронавирус даргузашт.
Файзуллохоҷа Ғаниев

ФАЙЗУЛЛОХОҶА ҒАНИЕВ

72-сола · Нафақахӯр, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон. Моҳи май фавтид. Ба шакли маъмулӣ дафн кардаанд. Табибон иллати марги Ғаниевро илтиҳоби шуш гуфтаанд.
Фатто Солиев

ФАТТО СОЛИЕВ

57-сола · Дар шифохонаи "Якум Советский" дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ҷасади Солиевро кормандони тиб дафн кардаанд. Ӯро пневмония ташхис гузоштаанд.
Фирӯза Раҷабова

ФИРӮЗА РАҶАБОВА

60-сола · Табиби Беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ моҳи май даргузашт. Нишонаҳои коронавирус ва нафастангӣ доштааст.
Фирӯза Соқиева

ФИРӮЗА СОҚИЕВА

58-сола · Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 12-уми май аз "илтиҳоби шуш" даргузашт. Дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ будааст. Ба иттилои онҳо, аз бемории қанд низ ранҷ мебурд. Дар оромгоҳи Қазоқон дафн кардаанд.
Фотима Олимова

ФОТИМА ОЛИМОВА

Мудири мактаби рақами 3-и ноҳияи Спитамен, ба гуфтаи ҳамкасбонаш, моҳи сентябр аз коронавирус фавтидааст.
Фотима Раҳимова

ФОТИМА РАҲИМОВА

29-сола · Сокини ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ моҳи май дар бемористон даргузаштааст. Ӯро зери чораҳои шадиди беҳдоштӣ дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш доштааст.
Фурқат Мансуров

ФУРҚАТ МАНСУРОВ

47-сола · Сардухтури Диспансери бемориҳои саратон (онкология)-и вилояти Суғд моҳи сентябр аз олам даргузашт. Дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд сабаби марги ӯро нагуфтанд. Хабаргузории “Азия-Плюс” навишт, ки “Мансуров ҳафтае пеш аз марг аз беморхонаи вилоятӣ, ки дар он ҷо аз коронавирус муолиҷа мегирифт, ҷавоб шуда буд.”

Х

Хайриддин Тӯраев

ХАЙРИДДИН ТӮРАЕВ

54-сола · Сардори пешини Хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва мушовири раиси Кумитаи дини Тоҷикистон моҳи август даргузашт. Яке аз пайвандони Хайриддин Тӯраев ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, дар пайи боло рафтани ҳарорати бадан ва беҳолӣ ӯро ба Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (беморхонаи "Якум Советский") бурда буданд. Вай афзудааст, “бархе мегӯянд, аз илтиҳоби шуш ва бархеи дигар мегӯянд, аз вируси корона даргузашт”. Полковники амнияти Тоҷикистон дар деҳаи Шуркӯли ноҳияи Фархор ва дар оилаи рӯҳонии маъруф ба дунё омадааст.
Хайрулло Раҳматуллоев

ХАЙРУЛЛО РАҲМАТУЛЛОЕВ

Корманди Маркази беҳдоштӣ (СЭС)-и Хуҷанд буд. Ба гуфтаи баъзе аз ҳамкоронаш, моҳи сентябр аз илтиҳоби шуш фавтидааст.
Холмуъмин Эмомов

ХОЛМУЪМИН ЭМОМОВ

54-сола · Дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ба гуфтаи наздиконаш, 16-уми октябр аз “илтиҳоби шуш” даргузаштааст. Ҳамкорон ба нақл аз фарзандонаш гуфтаанд, ӯ аз бемории дил азият мекашид, аммо бори ахир вақте ба духтур муроҷиат кард, бемориашро пневмония ташхис додаанд.
Хосият Суярқулова

ХОСИЯТ СУЯРҚУЛОВА

60-сола · Ҳамшираи шафқат буд ва дар мавзеи карантин дар беморхонаи ноҳияи Зафаробод кор мекард. Ҷасадашро аз беморхона рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Сабаби маргашро илтиҳоби шуш гуфтаанд.
Хосият Ҳайдарова

ХОСИЯТ ҲАЙДАРОВА

Сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон 24-уми август баъд аз ду ҳафтаи беморӣ дар хона даргузашт. Ба гуфтаи фарзандон, пизишкон бемории ӯро илтиҳоби шуш ташхис додаанд.
Хумор Раҳимҷонова

ХУМОР РАҲИМҶОНОВА

67-сола · Моҳи май дар беморхонаи "Истиқлол" даргузашт. Ба нақли духтараш, Шоираи Раҳимҷон, модарашро аз беморхона ба хона оварда, чанд дақиқа монданд, вале аз мошин нафароварданд. Гирифтори бемории ҳамагир будааст.
Хуршед Каримов

ХУРШЕД КАРИМОВ

60-сола · Муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар литсейи рақами 1-и шаҳри Душанбе буд. Яке аз хешовандонаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро ба онҳо надоданд ва дар кафани таршуда бо маҳлули хлор дафн карданд. Яке аз омӯзгорони литсей ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Хуршед Каримов ду ҳафта пеш аз фавт бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуда буд.

Ҳ

Ҳабибулло Зоҳиров

ҲАБИБУЛЛО ЗОҲИРОВ

67-сола · Корманди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон моҳи октябр фавтид. Писараш гуфт, ӯ гирифтори илтиҳоби шуш буд ва ҷасадашро зери чораҳои беҳдоштӣ дафн кардаанд.
Ҳабибулло Раҷабов

ҲАБИБУЛЛО РАҶАБОВ

56-сола · Духтур дар маркази пӯсту зуҳравии вилояти Хатлон. Моҳи май дар беморхона фавтидааст. Ҳабибулло Раҷабовро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гӯрондаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Ҳабибулло Шодиев

ҲАБИБУЛЛО ШОДИЕВ

60-сола · Сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Моҳи апрел даргузашт. Озмоиши тиббӣ собит кардааст, ки ӯ аз илтиҳоби шуш фавтидааст.
Ҳайдар Акрамов

ҲАЙДАР АКРАМОВ

31-сола · Тоҷир аз шаҳраки Регар моҳи апрели 2020 дар беморхонаи шаҳри Турсунзода даргузашт. Масъулони беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки ҷасади Акрам Ҳайдаровро зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн карданд. Мақомот сабаби марги Акрамовро пневмония ё илтиҳоби дутарафаи шуш гуфтанд. Масъулини Беморхонаи шаҳри Турсунзода гуфтанд, ин ҷавон гирифтори бемории сил низ буд.
Ҳамдам Юлдошев

ҲАМДАМ ЮЛДОШЕВ

37-сола · Моҳи май дар бемористони марказии ноҳияи Ашт фавтидааст. Бо иштироки ками одамон дафн кардаанд. Бо таби баланд бистарӣ карда шуда буд.
Ҳамидулло Маҳмадшозода

ҲАМИДУЛЛО МАҲМАДШОЗОДА

50-сола · Раиси ноҳияи Тоҷикобод моҳи май даргузашт. Мақомот расман сабаби маргашро эълон накарданд. Афроди огоҳ мегӯянд, ӯ бемор буд ва дар хона муолиҷа мегирифт. Нишонаҳои коронавирус доштааст. Сокинони деҳаи Нушори Поёни ноҳияи Тоҷикобод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ба мардум фаҳмонданд, ки ба маросими дафн наоянд. Ба маросим танҳо хешовандони наздики раисро иҷозат додаанд".
Ҳасан Муродиён

ҲАСАН МУРОДИЁН

62-сола · Доктори илмҳои филологӣ ва профессори Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар 8-уми ноябр дар беморхонаи сироятии Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи пайвандон, “илтиҳоби шуши дутарафа” дошт. Муаллифи 35 китоби дарсӣ ва таҳқиқотӣ ва узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон буд.
Ҳоким Абдулов

ҲОКИМ АБДУЛОВ

Донишманди физикаю математика аввали моҳи майи имсол фавтид ва ӯро зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн карданд. Дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи физика ва математика кор мекард. Дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт. Ҷасадро селофонпеч карда, дафн намудаанд. Аввал гуфтаанд, илтиҳоби дутарафаи шуш аст, дертар гуфтаанд, нишонаҳои коронавирусро дорад.
Ҳокимҷон Қулдошев

ҲОКИМҶОН ҚУЛДОШЕВ

61-сола · Раиси маҳаллаи Тӯрдиеви ноҳияи Рӯдакӣ буд. Селофанпеч карда, дар оромгоҳе дар ноҳияи Рӯдакӣ дафн кардаанд. Шамолхӯрии роҳҳои нафас, нафастангӣ ва бемории қалб доштааст.
Ҳотам Муртазоев

ҲОТАМ МУРТАЗОЕВ

78-сола · Устоди факултаи физика ва техникаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд буд. Яке аз пайвандонаш ба расонаҳо гуфтааст, чанде пеш аз чанги бемории монанд ба коронавирус халос шуд, аммо рӯзи 8-уми ноябр даргузашт.
Ҳоҷимуҳаммад Тошев

ҲОҶИМУҲАММАД ТОШЕВ

60-сола · Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд моҳи апрел даргузашт. Маросими дафнаш бо ҳузури сокинон сурат гирифт. Баъдан хабар пахш шуд, ки баъзе аз иштирокдорони видоъ бо ӯ ҳам бемор шудаанд. Раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, натиҷаи ташхиси коронавируси Тошев "манфӣ баромад", вале дар бадани ӯ пневмония (илтиҳоби шуш) ошкор шуд.
Ҳусейн Мирзоев

ҲУСЕЙН МИРЗОЕВ

49-сола · Пизишки кӯдакон дар беморхонаи шаҳри Бохтар даргузашт. Илтиҳоби шуш доштааст.

Ҷ

Ҷалолиддин Абдуҷабборзода

ҶАЛОЛИДДИН АБДУҶАББОРЗОДА

38-сола · Сардори шуъбаи назорати милиса дар додситонии шаҳри Душанбе моҳи апрел дар бемористони “Истиқлол” даргузашт. Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки дар ҷаноза ширкат доштааст, гуфт: “Аз эҳтиёт касе рӯйи тобутро накушод. Тобутро бо мошини Ёрии таъҷилӣ ба гӯристон бурданд.” Ташхис нишон додааст, ки ӯ “илтиҳоби дутарафаи шуш, зукоми А ва фарбеҳии дараҷаи 3” дорад.
Ҷаббор Ғуломов

ҶАББОР ҒУЛОМОВ (ҲОҶӢ ҶАББОР)

55-сола · Молики силсилаи доруфурӯшиҳо дар Кӯлоб ва қудои рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо моҳи май дар бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб даргузашт. Наздикони Ҷаббор Ғуломов гумон доранд, ӯ бар асари бемории ҳамагир фавтидааст, мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ӯ нишонаҳои илтиҳоби шуш дошт.
Ҷумъагул Давлатова

ҶУМЪАГУЛ ДАВЛАТОВА

55-сола · Сокини ноҳияи Вахш дар шифохона даргузашт. Ҷасадро аз беорхона рост ба қабристон бурда, гӯрондаанд. Дар маросими дафн чанд нафар аз хешовандон иштирок доштаанд. Илтиҳоби шуш, сул(р)фа ва таби баланд доштааст.
Ҷӯрабек Мусофиров

ҶӮРАБЕК МУСОФИРОВ

53-сола · Молики яке аз калонтарин нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душабе (ДОК) моҳи май даргузашт. Дар қабристони кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе бо мошини Ёрии таъҷилӣ бурда, гӯрондаанд.
Ҷумъабой Марофиев

ҶУМЪАБОЙ МАРОФИЕВ

42-сола · Мудири як фурӯшгоҳ дар маҳаллаи "Шелкомбинат"-и шаҳри Хуҷанд буд. Моҳи май даргузашт. Ҷасади ӯро зери чораҳои беҳдоштӣ ба хок супурдаанд.
Ҷӯрабек Назрӣ (Назриев)

ҶӮРАБЕК НАЗРӢ (НАЗРИЕВ)

74-сола · Донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик, раиси Пажуҳишгоҳи мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон моҳи май дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш будааст. Ӯ ва чанд узви хонаводааш чанд рӯз дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бистарӣ буданд. Наздиконаш гуфтанд, Ҷӯрабек Назрӣ солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурд.
Ҷӯрақул Раҷаббоев

ҶӮРАҚУЛ РАҶАББОЕВ

69-сола · Профессор, ҷарроҳи бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе дар шифохонаи "Якум Советский" фавтид. Аз беморхона селофанпеч карда, ба оромгоҳ бурдаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
 Ҷунайдулло Ҳайдарзода

ҶУНАЙДУЛЛО ҲАЙДАРЗОДА

55-сола · Додситони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд моҳи ноябр фавтид. Яке аз наздиконаш ба сомонаи “Спутник” гуфтааст, ки пас аз шиддат гирифтани маризии қанд ӯро дар шифохонаи бемориҳои сироятии Душанбе бистарӣ карданд. Вай гуфтааст, “бо ӯ суҳбат доштам, мегуфт, ҳарорати баданш поин омада, вазъаш беҳбуд ёфтааст, аммо дубора вазъаш вазнин шуда, фавтид.”

Ш

Шамсиддин Ҷалолов

ШАМСИДДИН ҶАЛОЛОВ

52-сола · Муовини раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон моҳи август дар беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Ҷасади Ҷалоловро ба назди бинои истиқоматӣ оварда, аз мошин нафароварданд ва ба ҳамсару наздиконаш танҳо иҷозат доданд, ки аз 2 метр дурӣ рӯйи ӯро бубинанд. Баъди ин Ҷалоловро бо ҳамон мошин ба қабристони "Сари Осиё" бурдаанд. Мақомот сабаби марги Шамсиддин Ҷалоловро илтиҳоби дутарафаи шуш ё пневмония гуфтаанд.
Шамсулло Абдуллозода

ШАМСУЛЛО АБДУЛЛОЗОДА

47-cола · Муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон моҳи октябр фавтид. Дар Раёсати корҳои дохилии Хатлон гуфтаанд, ӯ бемории қанд дошт, аммо як манбаи “Азия-Плюс” хабар додааст, ки “ӯ чанде пеш ба бемории илтиҳоби шуш низ гирифтор шудааст”.
Шарифбек Тешаев

ШАРИФБЕК ТЕШАЕВ

66-сола · Мудири Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим моҳи май даргузашт. Ташхиси расмӣ нишон додааст, ки ӯ бемори илтиҳоби шуш буд.
Шарифҷон Хоҷаев

ШАРИФҶОН ХОҶАЕВ

59-сола · Тоҷири бозори "Корвон"-и Душанбе дар беморхонаи "Якум Советский" даргузаштааст. Ҷасадро дар ноҳияи Фархор пизишкон дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш доштааст.
Шералӣ Мирзоев

ШЕРАЛӢ МИРЗОЕВ

52-сола · Сардори пешини шуъбаи амнияти Раёсати умури дохилӣ дар ВМКБ. Моҳи июн дар бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб фавтидааст. Нишонаҳои коронавирус доштааст, аммо санҷиши коронавируси ӯ манфӣ баромадааст.
Шералӣ Султонов

ШЕРАЛӢ СУЛТОНОВ

Мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдакон дар бемористони Қарияи Боло рӯзи 21-уми майи 2020 аз дунё чашм пӯшид. Яке аз пайвандонаш дар номае ба Радиои Озодӣ сабаби марги ӯро бемороии коронавирус донист.
Шералӣ Ҷӯрақулов

ШЕРАЛӢ ҶӮРАҚУЛОВ

51-сола · Табиби маркази саломатии шаҳрии рақами 12 буд. Моҳи май дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе даргузашт. Аз беморхона рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш доштааст.
Шерхон Туфалангов

ШЕРХОН ТУФАЛАНГОВ

56-сола · Табиби кӯдакон дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон. Моҳи май дар бемористони вилоятии Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов даргузашт. Кормандони Ёрии таъҷилӣ ӯро бо либосҳои муҳофизатии тиббӣ дафн кардаанд. Илтиҳоби шуш будааст.
Шодӣ Одинаев

ШОДӢ ОДИНАЕВ

55-сола · Корманди Идораи замин дар Душанбе рӯзи 2-юми август ва пас аз чанд рӯзи беморӣ даргузашт. Ӯро зери чораҳои шадиди беҳдоштӣ ба зодгоҳаш, ноҳияи Данғара, бурда, дафн кардаанд. Ҷасадро ба наздиконаш надодаанд.
Шодмон Раҷабов

ШОДМОН РАҶАБОВ

62-сола · Молики ошхонае дар назди нақби Шаҳристон буд, ки барои мусофирон кабобҳои танӯрӣ омода мекард. Дар беморхонаи сили Деҳмой (ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов) даргузашт. 14-уми апрел ҷасади ӯро табибон селофанпеч карда гӯронидаанд. Сабаби расмии маргашро "аз бемории сил" номиданд. Аммо чанд расона ва мардум ба далели наовардани майит ба маросими видоъ, марги "Шодмони Танӯркабоб"-ро ба бемории COVID-19 пайванд доданд.

Э

Эркин Сироҷиддинов

ЭРКИН СИРОҶИДДИНОВ

60-сола · Муовини мудири гимназияи “Ҳилол” буд ва моҳи май дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе даргузаштааст.
Эҳсонуллохон Кароматуллоев

ЭҲСОНУЛЛОХОН КАРОМАТУЛЛОЕВ

Корманди масъули ширкати "Оби зулол" дар осоишгоҳи "Авис Сити"-и шаҳри Истаравшан даргузаштааст. Нишонаҳои коронавирус доштааст.
Эшони Шамсиддин

ЭШОНИ ШАМСИДДИН

Сокини ноҳияи Ваҳдат, ҷамоати Милкон. Дар беморхона даргузаштааст. Аз беморхона рост ба оромгоҳ бурда, дафн кардаанд. Пневмония будааст ва нишонаҳои коронавирус доштааст.
А Б В Г Ғ Д Е Ё Ж З И Ӣ Й К Қ Л М Н О П Р С Т У Ӯ Ф Х Ҳ Ч Ҷ Ш Ъ Э Ю Я