Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Истанбул дар давраи пандемия

Пандемияи коронавирус ба кори Фурудгоҳи байналмилалии Истанбул, ки макони муҳими транзитӣ ба шумор меравад, таъсири худро расондааст.

Фурудгоҳи нави Истанбул, ки дар охири соли 2018 ба истифода дода шуд, майдони ҳавоии бузургтарин дар ҷаҳон аст. Аз онҷо ба беш аз сад шаҳри хориҷӣ ва даҳҳо фурудгоҳи дохилии Туркия парвози ҳавопаймоҳо сурат мегирад.
Дар сомонаи расмии он навиштаанд, ки то соли 2025 ният доранд шумори мусофиронро то 200 миллион нафар расонанд. Вале пандемияи коронавирус, зоҳиран, ба кори ин фурудгоҳ ҳам то андозае таъсир кардааст.
Толору маконҳои зиёди қабули мусофирон дар ин фурудгоҳ ҳамоно холӣ ё камодам мемонанд, чун бисёре аз кишварҳо то ҳол равуои пурраву бемамониатро бо кишварҳои хориҷӣ барқарор накардаанд.
Фурудгоҳи мазкурро ҳукумати Туркия махсус барои хидмат ба мусофирон ихтисос додааст. Ду фурудгоҳи азими дигар – Отатурк ва Сабеҳа Кокчен – бештар барои интиқоли бор истифода мешаванд.
Фурудгоҳи нави Истанбул макони асосии транзитӣ ба тамоми шаҳру манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ба шумор меравад. Аз ин фурудгоҳ ҳафтае ду бор ҳавопаймоҳои ширкати Turkish Airlines ва “Сомон Эйр” мусофиронро ба Душанбе интиқол медиҳанд. Ҳолу ҳавои фурудгоҳро дар аҳди пандемия дар аксҳои зер бинед:

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG