Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Иззат Амон ба як даъвогар 10 ҳазор рубл пардохтаанд


Акси Иззат Амон ва писараш Муҳаммадюсуф Холов
Акси Иззат Амон ва писараш Муҳаммадюсуф Холов

Наздикони Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки феълан дар Душанбе дар боздошт қарор дорад, ба яке аз даъвогарон 10 ҳазор рубл пардохтаанд.

Иззат Амон, ки рӯзи 25-уми март дар Русия ғайб зад ва дар Душанбе пайдо шуд, ба “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург” гумонбар аст. 11 нафар даъво кардаанд, ки ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз онҳо қарздор аст.

Муфатиши парвандаи Иззат Амон имрӯз, 29-уми июн ӯро бо даъвогарон рӯ ба рӯ мекунад.

Аз Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рузи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъалаи қарздор будан ё набуданро дар ин суҳбат баррасӣ мекунанд.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон рӯзи 29- уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта маблағи яке аз даъвогаронро пардохтааст.

Ӯ гуфт, даъвогари аслӣ ду моҳ пеш бар асари бемории курруда даргузаштааст ва тағояш ба ҷойи ӯ ҳузур дошт.

“Падарам аз ӯ 5 ҳазор рубл қарздор будааст, вале вақте ба тағои даъвогар суҳбат кардем, як одами солхӯрда буд ва 10 ҳазор рубл пардохтем. Дар вақти пардохтани маблағ ду нафари бетараф ва муфаттиши парванда Сипеҳр Сафаров ҳузур дошт.”,--гуфт ӯ.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 25-уми май муҳлати тафтиши парвандаи Иззат Амонро барои ду моҳи дигар дароз кард.

Пайвандонаш гуфта буданд, онҳое, ки аз падараш ба мақомот шикоят кардаанд, пештар ҳафт нафар буданд, вале ҳоло шумораи онҳо зиёд шудааст.

Пештар наздикони Иззат Амон аз кори Эраҷ Қувватов, муфаттиши қаблии парванда шикоят карда буданд. Ҳоло ба ҷойи ӯ, Сипеҳр Сафаров, муфаттиши дигари ВКД тафтиши парвандаро бар дӯш гирифтааст.

Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Русия буд ва ба муҳоҷирон машварати ҳуқуқӣ медод. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд. Бисёриҳо парвандаи ӯро сиёсӣ ва як навъ фишор ба дигарандешон меноманд.

XS
SM
MD
LG